Тоҷикӣ | Русский | English  

Барқияи табрикии Президенти Украинаба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон

Президенти Украина Пётр Порошенко ба Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон барқияи табрикӣ ирсол намуд, ки дар он, аз ҷумла, омадааст:

«Муҳтарам Эмомалӣ Шарифович!

Табрикоти самимии маро ба муносибати 25-умин солгарди барпо гардидани муносибатҳои дипломатӣ миёни Украина ва Ҷумҳурии Тоҷикистон бипазиред.

Ба роҳи дар тӯли чоряк аср тайшудаи Украина ва Тоҷикистон назар афканда, бо қаноатмандӣ мехоҳам зикр намоям, ки миёни кишварҳои мо доир ба аксари масъалаҳои сиёсати хориҷӣ ҳамеша ҳамдигарфаҳмӣ вуҷуд дошт ва ҳамкории дуҷониба дар асоси анъанаҳои чандинасраи дӯстона ва эҳтиром фаъолона рушд мекард.

Украина омода аст, ки минбаъд низ барои густариши самараноки муносибатҳои байнидавлатӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ дар асоси принсипҳои шарикии мутақобила ва эътирофи манфиатҳои миллии ҳар ду кишвар кӯшишҳои зарурӣ ба харҷ диҳад.

Бо истифода аз фурсат, ба Шумо, муҳтарам Эмомалӣ Шарифович, саломатии бардавом ва дар фаъолияти давлатиатон муваффақият, ба мардуми дӯсти Тоҷикистон шукуфоӣ ва ризоият таманно дорам».

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj