Тоҷикӣ | Русский | English  

Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон

Иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон санаи 15-16-уми октябри соли 2017 дар ш. Душанбе баргузор мегардад.

Бори нахуст пешниҳод дар бораи таъсиси Форуми иқтисодии кишварҳои арабӣ ва Осиёи Марказӣ дар қарори иҷлоси 130-и Шӯрои Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ, ки 8 сентябри соли 2008 баргузор гардида буд, омадааст. Қарори мазкур бо ибтикори Подшоҳии Арабистони Саудӣ қабул шуда, дар он аҳамияти фаъол намудани Ёддоштҳои тафоҳум, ки байни Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ имзо шуда буданд, таъкид гардидааст.

Иҷлоси якуми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар Риёз, Арабистони Саудӣ 14 майи соли 2014 таҳти шиори “Дурнамои сармоягузорӣ ва табодули тиҷорӣ” дар сатҳи вазирони корҳои хориҷӣ, дороӣ ва иқтисод баргузор шуд. Дар он иҷлос Эъломияи Риёз ба сифати санади поёнӣ қабул гардида, Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ба имзо расид.

Аҳдофи Форум, мувофиқи Моддаи якуми Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ байни Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ, густариши муносибатҳо ва таҳкими ҳамкорӣ байни кишварҳои узви Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ, кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон дар соҳаҳои гуногуни мавриди эҳтимоми муштарак мебошад, ки ба ҳифзи амнияту суботи минтақавӣ ва байналмилалӣ мусоидат мекунад. Тарафҳои Ёддошт ба манзури таъмини амну субот дар минтақаи арабӣ ва кишварҳои Осиёи Марказиву Озарбойҷон масъалаҳои ҷорӣ ва ояндаро аз тариқи ройзанӣ, ҳамкорӣ ва ҳамоҳангсозӣ ҳал мекунанд. Гузашта аз ин, таъмини рафоҳи иҷтимоӣ ва иқтисодии халқҳои онҳо аз тариқи густариши тиҷорат, табодули тиҷорӣ, сармоягузорӣ ва таъсиси корхонаҳои муштарак ҳадафи дигари Форум эълон шудааст. Сиёсат, иқтисод, иҷтимоиёту фарҳанг, мувофиқи Моддаи дувуми Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ, соҳаҳои ҳамкорӣ эълон шудаанд.

Дар Риёз ҳайати Тоҷикистон пешниҳод кард, ки иҷлоси навбатии Форуми мазкур   дар Душанбе баргузор гардад.

8 июни соли 2017 Дабирхонаи Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ, бо таваҷҷуҳ ба изҳори омодагии кишвари мо ба мизбонии иҷлоси дувуми Форум дар Душанбе, пешниҳод кард, ки ҳамоиши мазкур 16 октябри 2017 баргузор гардад. Қарор аст, ки дар остонаи иҷлоси вазирон, 15 октябр иҷлоси кумитаи тадорукотии масъулони аршад барпо шавад.

Дар чаҳорчӯби Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон раванди дигар, ки ба соҳибкориву сармоягузорӣ тааллуқ дорад, низ пешбинӣ шудааст. 29 апрели 2014 дар Риёз, Арабистони Саудӣ нишасти соҳибкорону сармоягузорони араб ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор шуд. Нишасти мазкур дар санади поёнии худ - Эъломия (банди 8) қарор кард, ки иҷлоси якуми Конфронси соҳибкорону сармоягузорони араб ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон декабри 2015 дар Байрут, Лубнон ва иҷлоси дувуми он дар соли 2017 дар Душанбе, Тоҷикистон баргузор гардад. Вале сипас Иттиҳоди утоқҳои бозаргонӣ, саноат ва кишоварзии кишварҳои арабӣ дархост намуд, ки баргузории иҷлоси якуми Конфронс ба таъхир гузошта шавад. Дар нишасти Риёз кишвари моро Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон намояндагӣ кард.

Феврали 2017 Салтанати Умон изҳори рағбат намуд, ки иҷлоси якуми Конфронси соҳибкорону сармоягузорони араб бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷонро декабри 2017 (ба ҷои Лубнон) мизбонӣ кунад. Шӯрои вазирони Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ дар иҷлоси навбатии 147-и худ, ки 7 марти 2017 дар Қоҳира баргузор гардид, аз пешниҳоди Умон дар мавриди мизбонии иҷлоси якуми Конфронси мазкур истиқбол намуд. 26 апрели 2017 дар Масқат, Умон нахустин нишасти тадорукотӣ роҷеъ ба баргузории иҷлоси якуми Конфронси соҳибкорону сармоягузорони араб бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон баргузор гардид. Ширкаткунандагони ҷаласаи тадорукотӣ ба тавофуқ расиданд, ки мавзӯи нахустини иҷлоси Конфронси соҳибкорон дар Масқат “Ба сӯи густариши ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷорӣ” бошад.

Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ дар чаҳорчӯби татбиқи Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ, ки байни Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ ва кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар Риёз 13 майи 2014 ба имзо расида буд, барои коршиносони кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон давраҳои кӯтоҳмуддати бозомӯзӣ пешниҳод мекунад. Дар ин росто дар назар аст, ки Вазорати гардишгарии Подшоҳии Марокаш ноябри 2017 дар шаҳрҳои Работ ва Фос давраи кӯтоҳмуддат дар соҳаи гардишгариро танзим кунад. Ин гуна давраҳои бозомӯзӣ дар мавзӯи нақши қонунгузорӣ дар пешрафти бахши хонасозӣ ва сохтмон низ дар ояндаи наздик пешбинӣ шудаанд.

13 сентябри соли 2015 Шӯрои Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ дар иҷлоси 144-уми худ дар Қоҳира қарор (№ 7955) қабул мекунад, ки мувофиқи он бо аккредитатсияи сафири Тоҷикистон дар Миср ба сифати Намояндаи доимии кишвари мо дар Иттиҳодияи Давлатҳои Арабӣ изҳори мувофиқат мекунад. 

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj