Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Судон

16 октябри соли 2017 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар ҳошияи иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон бо Вазири давлатӣ оид ба корҳои хориҷии Судон Ҳомид Муҳаммад Аннур Мумтоз мулоқот намуд.

Дар рафти суҳбат ҷонибҳо масъалаҳои мубрами рушди муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистон ва Судон, аз ҷумла ҳамкориҳои бисёрҷонибаи ду кишвар дар чаҳорчӯби созмонҳои байналмилаливу минтақавиро мавриди табодули назар қарор доданд.

Мулоқот, ки дар фазои дӯстию ҳамдигарфаҳмӣ сурат гирифт, ва ҷнибҳо густариши минбаъдаи муносибатҳои мутақобилан судманди Тоҷикистону Судонро дар ҳамаи самтҳои муфид арзёбӣ намуданд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj