Тоҷикӣ | Русский | English  

Мусоҳибаҳои Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо хабарнигорони рӯзномаҳои ҷамъиятию сиёсии Кувайт

Дар ҳошия сафари расмии худ ба Давлати Кувайт Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо хабарнигорони рӯзномаҳои бонуфузи ҷамъиятию сиёсии “Ан-Наҳор”, “ал-Қабас” ва “ал-Ватан”-и ин кишвар дар атрофи масоили густариши ҳамкориҳои дуҷониба, самтҳои афзалиятноки сармоягузориҳои Кувайт ба иқтисоди Тоҷикистон ва инчунин мавқеи кишвари мо нисбати ҳалли қазияҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ ва пешгирии чолишҳои амниятӣ мусоҳибаҳо анҷом дод.

Қобили зикр аст, ки ҷараёни боздиди Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз Давлати Кувайт дар васоити ахбори оммаи арабӣ ва англизабони ин кишвар ба таври густурда инъикос ёфт.  

Барои дарёфти тафсилоти бештар ба забони арабӣ ба сомонаҳои зерин нигаред:

Рӯзномаи “ал-Ватан”

Рӯзномаи “ан-Наҳор”

Рӯзномаи “ал-Қабас”

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj