Тоҷикӣ | Русский | English  

Низомномаи қоидаву шартҳои ягонаи гузоштани апостил дар ҳуҷҷатҳои расмии содираи мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон

Бо қарори
Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон
аз «17» ноябри  соли 2015,
№ 699 тасдиқ шудааст


Низомномаи
қоидаву шартҳои ягонаи гузоштани апостил дар
ҳуҷҷатҳои расмии содираи мақомоти давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон 

1. МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ

1. Низомномаи мазкур қоидаву шартҳои ягонаи гузоштани апостил дар ҳуҷҷатҳои расмии содираи мақомоти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Низомнома) бо мақсади татбиқи Конвенсияи бекоркунандаи талаботи таъйиди ҳуҷҷатҳои расмии хориҷӣ, ки дар шаҳри Гаага 5 октябри соли 1961 ба имзо расидааст, (минбаъд – Конвенсия) таҳия гардидааст. Низомномаи мазкур тартиб ва шартҳои гузоштани апостилро аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатие, ки дорои ҳуқуқи гузоштани апостил дар ҳуҷҷатҳои расмии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баимзорасида мебошанд, муайян менамояд.

2. Мақсад аз расмиёти гузоштани апостил таъмини кафолати ҳақиқӣ будан ва дуруст ба расмият дароварда шудани ҳуҷҷатҳои апостил гузошташаванда мебошад, ки барои пешкаш намудан дар қаламрави кишварҳои иштирокчии Ковенсия пешбинӣ гардидаанд.

3. Мафҳумҳои асосие, ки дар Низомномаи мазкур истифода мешаванд:

апостил – апостил, ки дар шакли чопӣ дода шуда, бо муҳр ва имзои шахси мансабдори мақомоти ваколатдор ва бо рамзи низоми феҳристи ягонаи баҳисобгирии апостил тасдиқ карда  шудааст.

апостилгузорӣ –тасдиқи асли будани имзо, мӯҳр ё штампи нусхаи аслии ҳуҷҷат бо роҳи гузоштани апостил. Гузоштани апостил тавассути  чопи он бо муҳр ва имзои шахси мансабдори мақомоти ваколатдор бо гузоштани рамзи низоми феҳристи ягонаи баҳисобгирии апостил сурат мегирад.

мақомоти ваколатдори давлатӣ – мақомоти давлатие, ки дорои ҳуқуқи гузоштани апостил мебошанд;

ҳуҷҷати расмӣ – ҳуҷҷате (нусхаи асл ё нусхаи нотариалӣ тасдиқшудае), ки аз ҷониби мақом, ташкилот, шахси мансабдор дар доираи ваколаташ таҳия гардида, мувофиқи тартиби муқарраргардида ба расмият дароварда шудааст;

феҳристи намунаи имзоҳо, нақши штампу мӯҳрҳо – махзани электронӣ ё коғазии  намунаи имзоҳо, нақши штампу мӯҳрҳои мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳое, ки ҳуҷҷатҳои расмии мавриди апостилгузориро таҳия менамоянд;

феҳристи ягонаи баҳисобгирии апостил – феҳристи электронии баҳисобгирии апостилҳо, ки пешбурди он ба зиммаи Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст.

4. Ҳуҷҷатҳои расмие, ки дар қаламрави давлатҳои иштирокчии Конвенсия тартиб дода, ба онҳо апостил гузошта шудааст, мувофиқи шартҳои муқаррарнамудаи Ковенсия дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон бе расмикунонии иловагӣ эътироф карда мешаванд.

5. Ҳуҷҷатҳое, ки барои пешниҳод дар қаламрави давлати иштирокчии Конвенсия набуда ё дар қаламрави давлатии иштирокчии Конвенсия, вале барои ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он зид баромада пешбинӣ гардидаанд, мувофиқи тартиби муқарраргардида расмиёти оддии расмикунонии консулиро мегузаранд.    

6. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба апостилгузорӣ дар фаъолияти худ Конвенсия, қонунгузории амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Низомномаи мазкурро дастури амал медиҳанд.

7. Барои апостилгузорӣ мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон боҷу хироҷи давлатӣ ситонида мешавад.  

2. ҲУҶҶАТҲОЕ, КИ БА ОНҲО АПОСТИЛ ГУЗОШТА МЕШАВАД

8. Ба ҳуҷҷатҳои расмие апостил гузошта мешавад, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба имзо расида, дар қаламрави давлати дигари иштирокдори Конвенсия мавриди истифода қарор мегиранд.

9. Ба нусхаи асли ҳуҷҷатҳое, ки аз тарафи мақомоти Ҷумҳурии Шӯравии Сотсиалистии Тоҷикистон ва собиқ ҷумҳуриҳои Иттиҳоди Ҷумҳуриҳои Шӯравии Сотсиалистӣ дода шудаанд, дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон апостил гузошта намешавад. Гузоштани апостил танҳои дар нусхаи чунин ҳуҷҷатҳои, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ба тариқи нотариалӣ тасдиқ шудааст, гузошта мешавад.

10. Апостил дар ҳуҷҷатҳои зерин гузошта намешавад:

а) ҳуҷҷатҳои имзонамудаи намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон;
б) ҳуҷҷатҳое, ки ба амалиёти тиҷоратӣ ё гумрукӣ муносибати бевосита доранд;
в) дар ҳуҷҷатҳое, ки набояд ба хориҷа бароварда ё интиқол дода шаванд (билети ҳарбӣ, шаҳодатномаи муайянкунандаи шахсӣ, шиноснома).

11. Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузоштани апостил дар ҳуҷҷатҳои расмии зерин масъул мебошад:

а) Ҳуҷҷатҳои расмии содираи мақомоти сабти асноди ҳолати шаҳрвандӣ;
б) Ҳуҷҷатҳои расмии содираи нотариусҳои давлатӣ;
в) Ҳуҷҷатҳои расмии содираи мақомоти судӣ ва мақомоти истеҳсолоти иҷро;
г) Ҳуҷҷатҳои расмии содираи мақомоти прокуратура.

12. Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гузоштани апостил дар ҳуҷҷатҳои дигар, ба истиснои ҳуҷҷатҳое, ки дар банди 11 Низомномаи мазкур нишон дода шудааст, масъул мебошад.

3. МӮҲЛАТИ АПОСТИЛГУЗОРӢ

13. Ҳуҷҷатҳои барои апостилгузорӣ пешниҳодгардида дар давоми 5 рӯзи корӣ аз рӯзи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо ба аризадиҳанда дода мешаванд. Ҳуҷҷатҳое, ки барои гузоштани апостил бо тартиби фаври пешниҳод шудаанд, дар давоми аз 1 то 5 рӯзи корӣ дода мешавад.     

14. Дар ҳолати зарурати талаб кардани намунаи имзо ва тасдиқ намудани ваколати ҳуқуқи имзои шахси мансабдоре, ки ҳуҷҷати расмии барои апостилгузорӣ пешниҳодшударо имзо кардааст, ва/ё талаб кардани намунаи нақши мӯҳр ва/ё штамп, мӯҳлати апостилгузорӣ набояд аз 30 рӯзи корӣ зиёд бошад.

15. Дар ҳолати ба миён омадани шубҳа нисбати ҳақиқӣ будани имзо, мӯҳр ё штамп, мақоми ваколатдори апостилгузорӣ ҳуқуқ дорад, ки санҷиши иловагии ҳуҷҷатро ба амал барорад.

16. Мақоми давлатие, ки ба он барои гузаронидани санҷиши мутобиқати имзо ва вазифаи шахси имзонамудаи ҳуҷҷат, ҳақиқӣ будани мӯҳр ва/ё штампи ба ҳуҷҷат гузошташуда дархост фиристода шудааст, бояд дар давоми 5 рӯзи корӣ ба  мақоми дархосткунанда ҷавоби пурра диҳад.

4. ТАРТИБ ВА ШАРТҲОИ ГУЗОШТАНИ АПОСТИЛ

17. Иҷрои вазифаи апостилгузорӣ расмиёти зеринро дар бар мегирад:

- қабул ва ба қайд гирифтани ҳуҷҷатҳо;
- санҷиши мутобиқати имзои шахси мансабдор ва/ё нақши мӯҳр ва штампи мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ташкилот дар ҳуҷҷати расмӣ бо намунаҳои дар Феҳристи имзоҳо, нақши штампу мӯҳрҳо мавҷудбуда;
-гузоштани рақам мутобиқи Феҳристи ягонаи баҳисобгирии апостил дар сурати бомуваффақ баррасӣ шудани ариза;
-ворид намудани қайди дахлдор ба Феҳристи ягонаи баҳисобгирии апостил;
-гузоштани апостил ё рад кардани гузоштани апостил (ҳангоми  мавҷуд будани асос барои рад кардани гузоштани апостил);
- додани ҳуҷҷатҳо.

18. Барои гузоштани апостил пешниҳод карда мешаванд:

- ариза дар бораи гузоштани апостил (Замимаи № 2 ба Низомномаи мазкур); Ариза дар бораи гузоштани апостил метавонад бо ваколатнома пешниҳод гардад.
- ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсият (нишон дода мешавад);
- ҳуҷҷати расмии барои апостилгузорӣ пешбинишуда;
-нусхаи гувоҳиномаи рақами мушаххаси андозсупоранда;
-шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ-барои аризадиҳандагони шахси ҳуқуқӣ;  
- ҳуҷҷатҳои тасдиқкунандаи пардохти боҷу хироҷи давлатӣ.

Барои гузоштани апостил дар ҳуҷҷатҳои расмӣ, аризадиҳанда метавонад аризаро дар шакли электрони ба сомонаи www.apostille.tj, бо минбаъд пешниҳод намудани нусхаи аслии ҳуҷҷатҳо, ки дар банди мазкур пешбини шудааст, пешниҳод намояд. Қарор дар бораи гузоштани апостил танҳопас аз гирифтани нусхаи аслии ҳуҷҷатҳо қабул карда мешавад.

Намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷи кишвар қабули ариза ва ҳуҷҷатҳоро, ки дар банди мазкур пешбинӣ шудааст, анҷом медиҳанд, маълумот дар бораи қабули аризаро ба Феҳристи ягонаи баҳисобгирии апостил ворид менамоянд, ҳуҷҷатҳои  расмиро бо тартиби электрони нусхабардори намуда, ба мақомоти ваколатдори давлатӣ ирсол менамоянд.

19. Талабот нисбати ҳуҷҷатҳои аз тарафи дархосткунандагон пешниҳодшаванда:

- ариза дар бораи гузоштани апостил дар як нусхаи асл пешниҳод карда мешавад;
- ҳуҷҷати расмии барои апостилгузорӣ пешбинишуда дар ду нусха – ҳуҷҷати асл ва нусхаи он пешниҳод карда шуда, ҳуҷҷати асл бо апостили гузошташуда ба аризадиҳанда дода мешавад;
- матни ҳуҷҷати барои апостилгузорӣ пешниҳодшуда, имзои шахси мансабдор ва нақши мӯҳр бояд возеҳ бошанд;
- агар матн дорои ислоҳҳо ва (ё) навиштаҷоти иловагӣ бошад, онҳо бояд аз ҷониби шахси имзонамудаи ҳуҷҷат эзоҳ дода шаванд. Навиштаҷот ва (ё) ислоҳҳои зикргардида бояд тавре ифода шуда бошанд, ки ҳамаи калимаҳои хато навишташуда ва сипас ислоҳгардида ва хат кашидашударо дар шакли аввала хондан мумкин бошад.

20. Санаи пешниҳоди ҳуҷҷатҳо санаи гузоштани рақами бақайдгирӣ ба ҳисоб меравад.

21. Мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба гузоштани апостил ҳангоми баррасии ҳуҷҷатҳо мутобиқати имзои шахси мансабдор ё нақши мӯҳр ва штампи мақомот дар ҳуҷҷати расмӣ ба намунаҳои мавҷудбуда, доштани ваколати шахси зикргардидаро барои ҳуқуқи гузоштани имзо ба ҳуҷҷати расмии барои апостилгузорӣ пешниҳодшуда месанҷад.

22. Дар ҷараёни санҷиши визуалии мутобиқати имзои шахси мансабдор ва/ё нақши мӯҳр ва штамп дар ҳуҷҷати расмӣ бо намунаҳои мавҷудбуда мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба гузоштани апостил мавҷуд набудани тозакунӣ, навиштаҷоти иловагӣ ва ислоҳҳои эзоҳнагардидаро месанҷад.

23. Мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба гузоштани апостил бояд намунаи имзоҳои шахсони расмӣ ва нақши мӯҳру штампҳои мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳоеро ҳуҷҷатҳои расмии мавриди апостилгузориро пешниҳод менамоянд, дошта бошанд. Бо ин мақсад мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба гузоштани апостил ҳар шаш моҳ намунаи имзоҳо ва нақши штампу мӯҳрҳои мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳои дахлдорро дархост менамоянд. Мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳо бояд дар бораи ҳар тағйирот дар намунаи имзоҳо ва нақши штампу мӯҳрҳои зикргардида дар давоми 3 рӯз аз лаҳзаи тағйирёбӣ ба мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба гузоштани апостил хабар дода шавад.

24. Дар сурати дар мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба гузоштани апостил набудани намунаи имзоҳо ва/ё нақши мӯҳр ё штамп, мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба гузоштани апостил барои гирифтани намунаи имзо, нақши мӯҳр ё штамп ва тасдиқ намудани ваколати шахси мансабдори имзонамудаи ҳуҷҷати расмии барои апостилгузории пешниҳодшуда дархости расмӣ тартиб медиҳад.

25. Мақоми ваколатдори давлатӣ од ба гузоштани апостил ҳангоми гирифтани намунаҳои нақши мӯҳр ва штамп, имзои тасдиқкунандаи ваколати шахси мансабдори имзонамудаи ҳуҷҷати барои гузоштани апостил пешниҳодшуда намунаи имзоҳо ва нақши мӯҳр ё штампро ба Феҳристи намунаи имзоҳо, нақши штамп ва мӯҳрҳо ворид месозад.

26. Аз рӯи натиҷаҳои санҷиши гузаронидашуда мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба гузоштани апостил қарорҳои зерин қабул мекунад:

- дар бораи гузоштани апостил;
- дар бораи рад кардани гузоштани апостил.

27. Ҳангоми қабули қарор дар бораи гузоштани апостил мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба гузоштани апостил апостил содир менамояд.

28. Пур кардани сатрҳо дар «Апостил» бо забони давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат мегирад.

29. «Апостил» бояд мутобиқи замимаи 1 ба Низомномаи мазкур иҷро карда шавад.

30. Гузоштани апостил бо усули нусхабардорӣ ё усули дигари аз чопи «Апостил» фарқкунанда роҳ дода намешавад. Ворид намудани тағйирот (ислоҳҳо, тозакуниҳо) дар Апостили чопшуда роҳ дода намешавад.

Нусхабардорӣ ва ё тасдиқи апостил иҷозат дода намешавад.

31. Агар дар давлати таъинот пешниҳоди тарҷумаи ҳуҷҷати расмӣ ва/ё штампи апостил зарур бошад, дархосткунанда тарҷумаи аз ҷониби нотариуси давлатӣ тасдиқшударо пешниҳод менамояд. Дар ин ҳолат расмиёти дукаратаи гузоштани апостил истифода мегардад.

32. Мақоми ваколадори давлатӣ оид ба апостилгузорӣ Апостилро ба тариқи зерин пур мекунад:

Дар сатри 2 «Апостил» насаби шахси мансабдори тасдиқнамудаи ҳуҷҷати расмие, ки барои гузоштани апостил пешниҳод гардидааст, нишон дода мешавад.

Агар дар ҳуҷҷати расмӣ имзо ва насаби шахси мансабдор пешбинӣ нагардида бошад, вале дар айни замон ҳуҷҷат аз номи мақоми давлатӣ, мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ё ташкилотҳо содир шуда бошад, пас дар сатри 2 «Апостил» навиштаҷоти «имзо пешбинӣ нагардидааст» ва дар сатри 4 номи расмии мақоме, ки ҳуҷҷати мазкур аз он содир шудааст, зикр карда мешавад.

Агар ҳуҷҷати расмии барои апостилгузорӣ пешниҳодшуда аз ҷониби шахси мансабдор имзо гардида, дорои ҳамаи реквизтҳои зарурӣ бошад ва боиси шакҳу шубҳа набошад, вале насаби шахси мансабдори имзонамудаи он хонда нашавад ва муқаррар намудани он ғайриимкон бошад, пас дар сатри 2 «Апостил» пас аз калимаҳои «имзо шуд» ба ҷои насаб навитаҷоти «аз ҷониби шахси мансабдор» ва дар сатри 3 вазифаи ин шахс зикр карда мешавад.

Ҳангоми гузоштани апостил дар нусхаи ҳуҷҷати бо тартиби нотариалӣ тасдиқшуда, дар сатри 1 «Апостил», пас аз калимаҳои «Ҳуҷҷати расмии мазкур» калимаҳои «нусхаи нотариалӣ» ва дар сатрҳои 2, 3 ва 4 мутобиқан насаби нотариус, вазифа ва номи идораи нотариалӣ нишон дода мешаванд.

Дар сатри 3 «Апостил» вазифаи шахси имзонамудаи ҳуҷҷат зикр карда мешавад. Агар ҳуҷҷати расмӣ аз ҷониби якчанд нафар имзо шуда бошад, пас мавқеи вазифавии шахси асосӣ аз рӯи вазифа (масалан, раисикунанда дар ҳайати суд) ишора карда мешавад.

Дар сатри 4 «Апостил» номи расмии мақоме зикр карда мешавад, ки ҳуҷҷатро дода аст.

Дар сатри 5 «Апостил» шаҳре, ки дар он апостил гузошта шудааст, зикр карда мешавад.

Дар сатри 6 «Апостил» санаи гузоштани апостил бо рақам ишора карда мешавад.

Дар сатри 7 «Апостил» номи мақоми ваколатдори давлатӣ (масалан, Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ё Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон) нишон дода мешавад.

Дар сатри 8 «Апостил» рақаме, ки ба рақами тартибии дахлдор дар Феҳристи ягонаи баҳисобгирии апостил мутобиқ аст, нишон дода мешавад.

Дар сатри 9 «Апостил» мӯҳри нишондори мақоми ваколатдори давлатӣ гузошта мешавад.

Дар сатри 10 «Апостил» имзо гузошта шуда, насаби шахсе, ки апостил гузошта аст, нишон дода мешавад.

5. ПЕШБУРДИ ФЕҲРИСТИ ЯГОНАИ БАҲИСОБГИРИИ АПОСТИЛ

33. Гузоштани апостил дар Феҳристи ягонаи баҳисобгирии апостил ба қайд гирифта мешавад. Бо дархости дидхоҳ шахси манфиатдор мақомоти ваколатдори давлатӣ оид ба гузоштани апостил вазифадоранд, ки мутобиқати маълумоти апостилро бо маълумоти  Феҳристи ягонаи баҳисобгирии апостил санҷанд. Феҳристи ягонаи баҳисобгирии апостил шабонарӯз дастрас буда ва дилхоҳ шахс метавонад апостили додашударо дар сомонаи зерин www.apostille.tj тафтиш намояд.

34. Пас аз имзо ва гузоштани мӯҳри нишондор мақоми ваколатдори давлатӣ оид ба гузоштани апостил ба Феҳристи ягонаи баҳисобгирии апостил навиштаҷот ворид намуда, дар он инҳоро зикр менамоянд:

- рақами тартибии қайд (сатри 8 нақши штампи «Апостил»);
- санаи гузоштани апостил (сатри 8 нақши штампи «Апостил»);
- номи ҳуҷҷати расмие, ки ба он апостил дода мешавад, реквизитҳои он (рақам, силсила, маҳал ва санаи дода шудан);
- насаб ва вазифаи шахси имзонамудаи ҳуҷҷати расмӣ (мутобиқан сатрҳои 2 ва 3 «Апостил»);
- насаб, ном, номи падар ва вазифаи шахсе, ки апостил гузоштааст (сатри 10 «Апостил»);
- насаб, ном, номи падари аризадиҳанда бо нишон додани маълумоти ҳуҷҷати тасдиқкунандаи шахсияти аризадиҳанда;
- кишваре, ки апостил пешниҳод мегардад (мутобиқи ариза ишора карда мешавад);
- реквизитҳои ҳуҷҷат дар бораи хироҷи давлатӣ барои гузоштани апостил;
- нишона  дар бораи гирифтани ҳуҷҷат.

35. Тартиби пешбурди Феҳристи ягонаи баҳисобгирии апостил бо Дастуруламал оид ба пешбурди Феҳристи ягонаи баҳисобгирии апостил, ки аз ҷониби Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ шудааст, муайян карда мешавад.

36. Маълумоти Феҳристи ягонаи баҳисобгирии апостил доимӣ нигоҳ дошта мешавад.

6. РАД КАРДАНИ АПОСТИЛГУЗОРИИ ҲУҶҶАТ

37. Апостилгузории ҳуҷҷатҳо рад карда мешавад, агар:

а)  ҳуҷҷатҳо таҳти амали банди 10 Низомномаи мазкур қарор гиранд;
б) ҳуҷҷат барои пешниҳод дар қаламрави давлате пешбинӣ шуда бошад, ки иштирокчии Конвенсия намебошад ё барои ҳамроҳшавии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Конвенсия зид баромада бошад;
в) ҳуҷҷат ба талаботи банди 19 Низомномаи мазкур мутобиқ набошад;
г) бастаи нопурраи ҳуҷҷатҳои дар банди 18 Низомномаи мазкур пешбинигардида пешниҳод шуда бошад;
д) имзои шахси мансабдор ва/ё нақши мӯҳр ё штампи мақомоти ҳокимияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ташкилотҳо дар ҳуҷҷати расмӣ ба намунаҳои дар мақоми ваколатдори давлатӣ мавҷудбуда мутобиқат накунанд.

38. Радкунӣ дар гузоштани апостил бояд дар шакли хаттӣ пешниҳод карда шавад.

39. Шикоятҳо аз болои радкунии мақоми ваколатдори давлатӣ барои гузоштани апостил мувофиқи тартиби муқаррарнамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон баррасӣ карда мешаванд.

 

Замимаи 1 ба  Низомномаи
қоидаву шартҳои ягонаи гузоштани апостил дар
ҳуҷҷатҳои расмии содираи мақомоти давлатии
Ҷумҳурии Тоҷикистон

Намунаи апостил

APOSTILLE

(Convention de la Haye du 5 octobre 1961)

 

1. Давлат: Ҷумҳурии Тоҷикистон

Pays, country

Ҳуҷҷати расми мазкур,

Le present acte public. This public document

 

2. _____________________________________________ имзо шуда буд a ete signe

par, has been signed by

3. ________________________________________________ дар сифати

agissant en qualite de, acting in the capacity of

4.__________________________________________________________

 

_________________________________ бо имзо\ ва муҳр тасдиқшуда

est revetu du sceau/timbre de, bears the seal/stamp of

 

Тасдиқ карда шуд, Atteste, Certified

 

5. дар ____________________ 6. _________________ (сана)

a, at le, the

7.аз ҷониби ки_______________________________________________

 

__________________________________________________________

рақам par, by

8. Sous N ___________________

 

9. Муҳр                                                                                        10. Имзо _________________

Sceau/timbre, Seal/stamp                                                                  Signature

 

Эзоҳ:

Пуркардани Апостил танҳо бо забони давлатии ҶумҳурииТоҷикистон роҳ дода мешавад.
Сарлавҳаи «Апостил» бояд матни забони фаронсавӣ дошта бошад.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj