Тоҷикӣ | Русский | English  

Офатҳои табиӣ дар Тоҷикистон

МАЪЛУМОТНОМА


оиди ҳолатҳои  фавқулоддае, ки аз 28-уми январ то 5-уми феврали соли ҷорӣ дар қаламрави шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ  ба амал омадаанд
    
Бар асари вазъи номусоиди обу ҳаво ва боридани барфи зиёд дар қаламрави шаҳру ноҳияҳо ва минтақаҳои кӯҳии ҷумҳурӣ  331 ҳолати тармафароӣ ба қайд гирифта шудааст, аз ҷумла 200 ҳолат дар ноҳияҳои Рушон, Шуғнон, Ишкошим ва Рошқалъаи ВМКБ, 61 ҳолат дар ноҳияҳои лахш, Сангвор, Тоҷикобод, Рашт, Нуробод ва ш. Роғун, инчунин 70 ҳолати тармафароӣ дар ноҳияи Варзоб ба қайд гирифта шуд.
Дар минтақаи Варзоб то рузи 5-уми феврал шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд-Чанок пурра аз тарма тоза карда шуд, аммо рузи 9-ум дар км. 85-ум боз як тарма фаромад, ки он алакай тоза карда мешавад.
Қисми зиёди тармаҳо дар минтақаи ВМКБ тоза карда шудаанд, аммо дар километри 71-уми шоҳроҳи Хоруг-Мурғоб дар масофаи 8-10 километр тарма фаромадааст, ки то ҳол тозакунии он давом дорад.
Бар асари офатҳои табии 13 нафар шаҳрвандан ба ҳалокат расиданд, аз ҷумла 8 нафар дар ноҳияи Варзоб, 3 нафар дар ВМКБ ва 2 нафар дар минтақаи Рашт ба ҳалокат расиданд. Дар ноҳияи Варзоб то ҳол як нафар бедарак гардидааст.

Рузи 29-30 январи соли 2017 ноҳияи Варзоб

рӯзи 29 январи соли 2017 бар асари боришоти барфи тар аз меъёр зиёд дар шоҳроҳи Душанбе – Хуҷанд аз км 52 то 74 мавзеъи Уштур зиёда аз 55 ҳолати тармафуроӣ ба қайд гирифта шуд.

Барои бартараф намудани ҳолатҳои баамаломада 36 адад техникаҳои муҳандисии ширкати АЙРЕС (ширкати нигоҳдории бехатарии роҳҳои Душанбе- Чанок),  12 адад техникаҳои Кумита  ва 25 нафар ҳайати шахсии Кумита сафарбар  карда шуданд.

Зиёда аз 200 нафар шаҳрвандон аз ҷойҳои хавфнок ба ҷойи бехавф кучонида шуданд.

Аз ҷониби наҷотдиҳандагони Маркази наҷотдиҳии Кумита, Дастаи махсуси наҷотдиҳии Ситоди вилояти Суғд ва афсарони Ситоди минтақаи Ҳисор дар вақти бурдани корҳои кофтуковӣ-ҷустуҷӯӣ дар километри 70-уми шоҳроҳи Душанбе –Хуҷанд 5-ҷасад аз зери тарма пайдо намуданд,  аз ҷумла:

1. Носирова Фариза Шуҳратовна соли таваллудаш 1998, истиқоматкунандаи вилояти Суғд, маҳаллаи 8-ум
2. Юсупов Давлатмурод Мансурович соли таваллудаш 1958, истиқоматкунандаи шаҳри Душанбе ноҳияи Сино -2

3. Зарипов Зафар соли таваллудаш 1982, истиқоматкунандаи вилояти Суғд,  шаҳри Панҷакент кӯчаи Навоӣ.
4. Бустонов Шуҳрат (соли таваллудаш номаълум) истиқоматкунандаи вилояти Суғд, шаҳри Исфара

5. Инчунин ҷасади пайдогардидаи марди тахминан 35-40 сола шахсияташ номаълум буда, айни замон аз тарафи кормандони Маркази наҷотдиҳии Кумита, барои пайдо намудани наздикон ва шахсияташ ба  беморхонаи Марказии шаҳри Душанбе нуқтаи муваққатан нигоҳдории фавтидагон (МОРГ)  супорида шуд.


Рузи 31 январи соли 2017 ВМКБ, н.Дарвоз

Дар км 378 шоҳроҳи Душанбе- Хоруғ рӯзи 30.01.2017 фаромадани сангреза ба кайд гирифта шуда, айни замон тоза карда шудаст.

 -Хоруғ-Дарвоз, дар  километри 575 мавзеъи Чошкандез, ҷамоати деҳоти М. Ширинҷонови ноҳияи Шуғнон то километри 561-и мавзеъи Пастхуфи ҷамоати деҳоти Пастхуф фаромадани  тарма ба қайд гирифта шуд, км 575 аз тарафи МДНРА-и ноҳияи Шугнон кушода шуда, км  561 маҳкам мебошад.

 -Хоруғ-Мурғоб, дар километрҳои 623, 626 ва 638 мавзеъи Барсеми деҳаи Сучон роҳи мазкур дар натиҷаи фаромадани тарма роҳ банд гардида, айни замон дар ин самт барои тоза намудани роҳ 2-адад техникаи боркунак сафарбар шудааст.Километрҳои 623, 626 тоза карда шуданд.

 -Хоруғ-Ишкошим дар километри 9-уми мавзеъи Ниводаки шаҳри Хоруғ то километри 46-уми мавзеъи Систи ҷамоати деҳоти А. Замирови ноҳияи Ишкошим фаромадани тарма ба қайд гирифта шуда, роҳ махкам мебошад. Дар ин самт аз тарафи шаҳри Хоруғ 3-адад техникаи боркунак ва аз тарафи ноҳияи Ишкошим 4-адад техника кор карда истодаанд.

 - Хоруғ-Роштқалъа километрҳои 7, 11 ва 12 бар асари фаромадани тарма роҳи мазкур банд гардида, дар километри 12-ум аз самти ноҳияи Роштқалъа  2-адад автогрейдер кор карда истодаанд.

- Рушон бар асари фаромадани  тарма рӯзи 30.01.2016 дар км 489 шоҳроҳи Душанбе Хоруғ  мавзеъи  Қалод махкам мебошад.

Вилояти Хатлон, н. Балҷувон

Соати 21:11 дақиқа дар ҷамоати деҳоти Сафар Амиршоев деҳаи Бохтар ярч фаромада, паҳноияш 50-100 м буда, дарозии он 150-160 м-ро дар бар мегирад. Вобаста ба ин,  дар ҳолати тоза нагардидани маҷрои Чашма дар оянда ба амал омадани кӯли сунъӣ аз эҳтимол дур нест.

         ВМКБ.
         Аз он ҷумла:   
        Душанбе -Хоруғ:

  Мувофиқи маълумоти дастрасгардида ба ҳолати соати  06.00 дақиқаи рӯзи 31.01.2017 аз Ситоди ВМКБ:
  Дар  км 561  ҷамоати  деҳоти  Пастхуфи  мавзеи  Пастхуф  1 адад  техникаи  боркунак ва  1адад  трактори  тамғаи Т-130  сафарбар карда шуда, ҳаракат  барои  автомашинаҳои  сабукрав  яктарафа  кушода  шуда,  корҳои  бартарафсози  идома  дорад.

 -Хоруғ-Ишкошим километри 9-уми мавзеъи Ниводаки шаҳри Хоруғ то километри 46-уми мавзеъи Систи ҷамоати деҳоти А. Замирови ноҳияи Ишкошим роҳ махкам буда, дар ин самт аз тарафи шаҳри Хоруғ 3-адад техникаи боркунак ва аз тарафи ноҳияи Ишкошим 4-адад техника кор карда истодаанд.


           Вилояти  Суғд,  ноҳияи  Айнӣ.

Рӯзи  31.01.2017,  тақрибан  соати  02:00 дақиқа  дар  км 156-157  шоҳроҳи Душанбе-Хуҷанд  фаромадани  тарма  ба  қайд  гирифта  шуд, ки  шоҳроҳ  мувақатан  маҳкам  гардид. Хисорот  ва  талафоти  ҷонӣ  ба  қайд  гирифта  нашудааст. Аз  тарафи  Ширкати  АЭРС  техникаҳо  барои  бартараф намудани  ҳолати  ба  амаломада  сафарбар  гардида,  корҳои  барқароркуни  идома  дорад.


Минтақаи  Рашт, ноҳия  Тоҷикобод.

Рӯзи  30.01.2017, соати  09:15  дақиқа, дар  ҷамоати  деҳоти Лангари  Шоҳ  деҳаи  Лангари  Шоҳ, шаҳрванд  Мухторов Абдулло соли  тавалуддаш 2012, зери  барфтудаи  аз  болои  боми  хонаашон  афтида  монда,  ба  ҳалокат  мерасад.


Минтақаи  Ҳисор, ноҳияи  Варзоб.

Рӯзи  31.01.2017  ҳаракат  дар шоҳроҳи Душанбе  Хуҷанд  аз  км 46  то  км  73  мавзеи  Майхура  мувақатан  маҳкам  буда, корҳои  бартарафсози  дар  шоҳроҳ  идома  дорад.
                                          
  Вазъи обу ҳаво;
1.Шаҳри Душанбе –абрноки  бебориш;
2.Вилояти  Суғд -   абрноки  бебориш,шабона н.Деваштич боришоти         
    барф;
3. ВилоятиХатлон –ҳавои  соф;
4. В.М.К.Б –абрноки  бебориш,н. Ванҷ боришоти  барф;
5. Мин.Кулоб–абрноки бебориш;
6. Мин.Ҳисор-абрнок, бориш;  
7. Мин.Рашт –абрноки  бебориш;

Вазъияти роҳҳо  ва  ағбаҳо:
Шоҳроҳи Хоруғ - Мурғоб, Душанбе - Хоруғ, Душанбе - Хуҷанд, мувақатан  маҳкам. Душанбе - Ҷиргатол, ағбаҳои Анзоб, Шаршар, Чормағзак, Фахробод, кушода.

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи
граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj