Тоҷикӣ | Русский | English  

Ҷаласаи Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО

28 июли соли 2016 дар Вазорати корҳои хориҷӣ ҷаласаи навбатии Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО баргузор гардид.

Дар кори он нишаст аъзоёни Раёсати Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО, Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа муҳтарам Абдуҷаббор Раҳмонзода, Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Музаффар Ҳусейнзода ва кормандони масъули Комиссияи миллӣ иштирок намуданд.

Дар рафти ҷаласа, ки таҳти сарварии Вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО муҳтарам Шамсиддин Орумбекзода доир гардид, фаъолияти Комиссияи миллӣ арзёбӣ гашта, нақшаву вазифаҳои он ниҳод дар татбиқи ҳадафҳои авлавиятноки сиёсати Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ ва мушаххас шуданд.

Иштирокдорони ҷаласа махсусан қайд карданд, ки дар даврони истиқлолияти давлатӣ бо саъю талошҳои пайвастаи Асосгузори сулҳу Ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон раванди эҳёи арзишҳои таърихию фарҳангӣ, расму оинҳо, суннатҳои миллӣ роҳандозӣ шуда, муаррифии шоистаи мероси беназири таърихию фарҳангӣ ва илмиву адабии миллати куҳанбунёди тоҷик  ба ҷомеаи ҷаҳонӣ оғоз гардид.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj