Тоҷикӣ | Русский | English  

Ворид гардидани номинатсияҳои «Навруз» ва «Оши палав» ба мероси фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО

Аз 28 ноябр то 2 декабри соли 2016 дар шаҳри Адис Абеба, Ҳабашистон (Эфиопия) ҷаласаи ёздаҳуми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО бо иштироки намояндагони кишварҳои узв баргузор гардид. Зимни ҷаласаи мазкур номинатсияҳои мероси ғайримоддии фарҳангии кишварҳои узв баррасӣ гардида, намунаи беҳтарини онҳо ҷиҳати ворид намудан ба феҳрист аз ҷониби Кумитаи мазкур расман эълон гардиданд. Дар кори ин ҷаласа Котиби масъули Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО иштирок дошт.

Қобили қайд аст, ки дар баробари 11 кишвари ҷашнгирандаи «Наврӯз» (Афғонистон, Эрон, Туркия, Озарбойҷон, Ҳиндустон, Покистон, Ироқ, Туркманистон, Ӯзбекистон, Қазоқистон, Қирғизистон) пешниҳоди Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷашни «Наврӯз», ҷиҳати дохил намудани он ба феҳристи фарҳангии ғайримоддии ЮНЕСКО пазируфта шуд.

Ҳамчунин пешниҳоди дуюми кишвар «Оши палав» (бахши таомҳо ва анъанаҳои миллӣ) аз рӯи 5 шарту талаботе, ки дар Конвенсия оид ба ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО қайд шудааст, қабул гардид.

Дар бораи ворид намудани ин номинатсияҳо ба феҳристи мероси фарҳангии ғайримоддии башарият Раиси Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО ҷаноби Енас Деста расман элон намуд.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj