Тоҷикӣ | Русский | English  

Конфронси илмӣ-амалии “Омӯзиш ва ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик”

Бо ибтикори Шуъбаи Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО  дар ҳамкорӣ бо Киностудияи “Тоҷикфилм” ва фонди Кристенсен Конфронси илмӣ-амалии “Омӯзиш ва ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддии халқи тоҷик” 3 апрели соли 2017 дар бинои Китобхонаи миллии Тоҷикистон баргузор гардид.

Фонди Кристенсен фонди амрикоии хусусие мебошад, ки соли 1957 таъсис гардида, яке аз ҳадафҳои он дастгирии лоиҳаҳо дар соҳаи ҳифзи гуногунии инъикоси фарҳангӣ мебошад.

Дар чорабинӣ намояндагони Вазорати фарҳанг, Пажӯҳишгоҳи илмӣ-тадқиқотии фарҳанг ва иттилоот, Консерваторияи миллии Тоҷикистон, коршиносони мероси фарҳангии ғайримоддӣ, ҳунармандон, навозандагону сарояндагони гурӯғлӣ, нақш, мадҳия, фалак аз ВМКБ, Кӯлоб, Исфара, Истаравшан ва воситаи ахбори омма ширкат варзиданд.

Дар рафти кори конфронс муаррифии филми “Мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик” ва китоби “Намунаҳои мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик” баргузор гардид.

Ҳамчунин дар рафти конфронс намоиши ҳунарҳои миллии халқи тоҷик манзури ҳозирин гардонида шуд.
Дар фарҷоми чорабинӣ нишасти матбуотӣ оид ба ҷамъбасти лоиҳаи “Ҳифзи мероси фарҳанги ғайримоддии халқи тоҷик” доир гардида, ба иштирокчиён китоб ва фиттаи филми муаррифгардида тақдим карда шуд.

Шуъбаи Комиссияи миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj