Тоҷикӣ | Русский | English  

Нишасти дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон

Душанбе, 15-16 октябри соли 2017



Муқаррароти идорӣ


Нишасти дуюми Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Озарбойҷон дар Душанбе 16 октябри соли 2017 баргузор мегардад.

Нишасти масъулони аршади ҳайатҳои ширкаткунандаи Форум рӯзи 15 октябри соли 2017 баргузор мешавад.

Маҳалли баргузории нишаст “Кохи Сомон” воқеъ дар Меҳмонхонаи давлатӣ мебошад. Иқомати ҳайати ширкаткунанда дар Меҳмонхонаи давлатӣ таъмин карда мешавад.

Ҷониби Тоҷикистон хароҷоти роҳбарони ҳар як ҳайати дар сатҳи вазирон бо формати 1+1 (Вазир ва як шахси ҳамроҳ)-ро дар давраи 15-16 октябри соли 2017 ба уҳда мегирад.

Мувофиқи шакли меҳмондорӣ кишвари мизбон барои ҳайатҳои дар сатҳи вазирон дар вақти омадан ва рафтан дар Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе тавассути толори “VIP” имконоти заруриро фароҳам сохта, бо як нақлиёт барои роҳбари ҳайат ва як нақлиёт барои ҳайати ҳамроҳ таъмин менамояд.

Барои ҳайатҳои дар сатҳи поёнтар ҷониби Тоҷикистон меҳмондориро дар шакли 1 (танҳо роҳбари ҳайат) фароҳам месозад. Кишвари мизбон  дар вақти омадан ва рафтан дар Фурӯдгоҳи байналмилалии Душанбе барои гузаштан тавассути толори “VIP” имконоти заруриро фароҳам сохта, иқомат дар Меҳмонхонаи давлатӣ ва як воситаи нақлиёт барои роҳбари ҳайат дода мешавад.

Хароҷоти аъзоёни боқимондаи ҳайатҳо аз ҷониби худи ҳайатҳо пардохт карда мешавад.

Шакли меҳмондории ҳайатҳо аз Дафтархонаи Иттиҳоди Давлатҳои Арабӣ дар давраи 10-16 октябри соли 2017 1+9 мебошад.

Шахси тамос: Акрам Абдуллоев

Шумораи тел.: +992 777 003776, (+992) 372219931

Омадан  ва  рафтани ҳайатҳо

Аз тамоми  кишварҳои ширкаткунанда ва Дабирхонаи  Иттиҳоди Давлатҳои Арабӣ  хоҳиш карда мешавад, ки дар робита ба таърихи омадан ва парвози ҳайатҳои худ, новобаста аз парвози инфиродӣ ё тиҷоратӣ будан, Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистонро на дертар аз 7 октябри соли 2017 хабардор намояд. Барои парвозҳои хусусӣ, ҳайатҳо (сафоратхонаҳо) барои иҷозат гирифтани сафар бояд тавассути почтаи электронии protocol@mfa.tj бо Раёсати ташрифоти давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамос шаванд.

Ҳар як роҳбари ҳайат ва ҳайати ҳамроҳро дар Фурудгоҳи байналмилалии шаҳри Душанбе корманди масъули Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқбол  мегирад.

Полис ва  эскорби  мотосиклҳо  танҳо  барои  ҳайат дар  сатҳи вазирон   таъмин карда  мешавад.

Тадбирҳои  амниятии зарурӣ дар  ҷараёни  ҷаласа  тавассути  кишвари  мизбон андешида  хоҳанд  шуд.

Ба ҳеҷ як сарбози амниятӣ ҳузур  дар толори ҷаласа, маҳалли нишасти матбуотӣ  ва маҳалҳо барои хӯроки нисфирӯзӣ иҷозат дода намешавад.

Рӯйхати сарбозҳои амниятии ҳамроҳикунанда  бо ҳайатҳои расмӣ ва маълумотҳои зарурӣ оид ба намудҳо, калибрҳо ва силсиларақами силоҳ, миқдори тирҳо, намудҳо ва мавҷи воситаи алоқа бояд дар анкетаҳо дарҷ гардад ва на дертар аз 7 октябри соли 2017 тариқи почтаи электронии protocol@mfa.tj ба Раёсати ташрифоти давлатии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристода шавад.  

Шахси тамос: Акрам Абдуллоев

Шумораи тел.: +992 777 003776,   (+992) 2219931

Анкетаи лозимӣ дар қисмати  “Ташрифоти давлатӣ”-и сайти www.mfa.tj ҷой дода шудааст.


Нишасти масъулони аршади ҳайатҳо

Нишасти масъулони аршади ҳайатҳои ширкаткунандаи Форум соати 10:00-и рӯзи якшанбе, 15 октябри соли 2017 дар “Кохи Сомон” баргузор хоҳад шуд.

Хӯроки нисфирӯзӣ ба шахсони воломақоми Нишасти масъулони аршади ҳайатҳои ширкаткунандаи Форум дода мешавад.


Нишасти вазирони корҳои хориҷӣ

Нишасти расмӣ соати 10:00 дар “Кохи сомон”, толори асосии конфронс шурӯъ мешавад. Ҷониби Тоҷикистон рӯзи 16 –уми октябри соли 2017 ба шарафи сарони ҳайат мизбони  меҳмонон  хоҳад шуд.

Пас аз хӯроки нисфирӯзӣ маросими баимзорасонии ҳуҷҷатҳои расмӣ дар толори нишасти матбуотӣ баргузор хоҳад шуд.

Тарҷумаи синхронӣ дар рафти иҷлосия ва нишасти матбуотӣ ба забонҳои тоҷикӣ, русӣ ва англисӣ ва ё баръакс сурат  мегирад.


Вохӯриҳои дуҷониба

Дар “Кохи  Сомон” панҷ ҳуҷра  барои  нишастҳои  дуҷониба ва  қабули  ҳайатҳо пешбинӣ шудааст.

Ҳуҷраҳо барои вохӯрии дуҷониба ба ҳайатҳо дар асоси усули “хидмат ба ҳайати пештар омада” таъмин мешавад.

Барои ҳамоҳангсозии  банд  кардани ҳуҷра (booking), корҳои  ташкилии зарурӣ ва муайян намудани вақти  вохӯриҳои дуҷониба, ҳайатҳои муҳтарам бояд бо шахси масъули Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар тамос шаванд.

Шахси тамос: Акрам Абдуллоев

Шумораи тел.: +992 777 003776,  (+992) 372219931


Акредитатсияи матбуотӣ

Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон бақайдгирии  намояндагони ВАО-и ватанию хориҷиро барои пӯшиши иттилоотии  иҷлосияи дуюми Форуми иқтисод  ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки 15-16 октиябри соли 2017 дар шаҳри Душанбе баргузор мегардад, оғоз намуд.

Намояндагони ВАО, ки майли иштирок дар пӯшиши иттилоотии  Иҷлосияи мазкурро доранд, бояд ба Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (тел. +992)37 221-43-69, E-mail: informdepartment@mfa.tj) муроҷиат ва ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намоянд:

1. Номаи расмии ВАО бо дарҷи ному насаб ва вазифаи хабарнигор;

2. Сурат – андозаи 3,5х4, 300 мегапиксел, jpeg

3. Суроғаи почтаи электронӣ;.

4. Шарҳи ҳоли хабарнигор;

5. Нусхаи шиноснома;

Бояд қайд намуд, ки баъд аз  бақайдгирӣ ба намояндагони ВАО бо мақсади ворид шудан ва анҷоми фаъолият дар ҷойҳои баргузории  Иҷлосия мазкур бейҷҳои номии дорои акс  супорида мешаванд.

Муроҷиати намояндагони ВАО ҷиҳати бақайдгирӣ то соати 16:00 5-уми  октябри соли 2017 қабул карда мешавад.

Ёрии моддӣ

Ҳайати Дафтархона бо компютер, принтер ва таҷҳизоти нусхабардор таъмин карда мешавад. Ҳайати муҳтарам бояд ба инобат гирад, ки компютер танҳо бо барномаи “Виндовз” ба забони англисӣ ва русӣ муҷаҳҳаз мешавад.
Талаботҳои махсуси хурокворӣ вобаста ба хоҳишҳои  сарони ҳайат бояд ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон то 1-уми октябр соли 2017 фиристода шаванд.

Ҷиҳати иҷрои барномаи мазкур, омодагӣ ва анҷом додани ташрифоти зарурӣ, таъмини амният ва тадорукот аз ҳайатҳо хоҳиш карда мешавад, ки маълумоти зеринро на дертар аз 20-уми сентябри соли 2017 ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристанд:

• Рӯйхати ҳайат (ҳайати расмӣ, гурӯҳи ҳамроҳ, рӯзноманигорон, амният);

• Акси аъзоёни ҳайат дар шакли “JPEG format” (акси ранга ва бо пасманзараи сафед ва “300 dpi resolution”);

• Анкета барои иҷозати вуруд, ҳамли силоҳ ва воситаҳои алоқаи бесим (walkie-talkie) барои кормандони амниятии ҳайатҳо;

• Рӯз ва вақти омадан/парвози сарони ҳайатҳо (барномаи парвоз ва сафар).  

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj