Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Намояндаи доимии Тоҷикистон бо Мудири кулли ЮНЕСКО

15 апрели соли 2015 дар ш.Париж дар қароргоҳи Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) вохӯрии Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО, Сафир Рустамҷон Солиев бо Мудири кулли ЮНЕСКО хонум Ирина Бокова баргузор гардид.

Зимни сӯҳбат ҷонибҳо масъалаҳои ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо ЮНЕСКО дар соҳаҳои илм, маориф ва фарҳанг, инчунин татбиқи як қатор лоҳаҳои ҳамкории дуҷонибаро муҳокима намуданд.

Намояндаи доимии Тоҷикистон дар назди ЮНЕСКО Р. Солиев ба Мудири кулли Созмон И.Бокова оид ба рафти омодагиҳо ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015, ки 9-11 июни соли 2015 дар Душанбе баргузор мегардад, иттилоъ дод. Дар ин робита, хонум Ирина Бокова ташаббусҳои Ҷумҳурии Тоҷикистонро ҷиҳати ҳалли масоили марбут ба об дар сатҳи минтақавию байналмилалӣ баланд арзёбӣ карда, иштироки ҳайати баландпояи ЮНЕСКО-ро дар кори Конфронс тасдиқ намуд.

Сафир Рустамҷон Солиев, бо намоиши аксҳои ҷолиб, ба Мудири кул Ирина Бокова дар бораи маҷмааи давлатии фарҳангию фароғатии “Кохи Наврӯз” дар ш.Душанбе нақл кард. Арзишу зебогии фарҳангию меъмории ин иншоот махсус қайд гардид.

Дар чаҳорчӯби мулоқот ба Мудири кулли ЮНЕСКО доир ба номинатсияҳои “Санъати чакандӯзӣ дар Тоҷикистон”, “Фарҳанги оши палов” ва “Фалак”, ки ба баррасии Созмон ҷиҳати шомил кардан ба Феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии башарият пешниҳод шудаанд, маълумоти муфассал манзур гардид.

Ҳамчунин, Сафири Тоҷикистон Р.Солиев бо намояндаи воломақоми ЮНЕСКО масоили дастгирии номинатсияҳои “100-солагии Ғаффор Валаматзода” ва “1150-солагии Закариёи Розӣ”-ро бо мақсади воридсозӣ ба феҳристи ҷашнвораҳое, ки аз ҷониби Созмон дар солҳои 2016-2017 таҷлил мегарданд, муҳокима намуд.  

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj