Тоҷикӣ | Русский | English  

Тоҷикистон ва Созмони Ҳамкории Шанхай

Дар таъсис ёфтани Созмони ҳамкории Шанхай (минбаъд- СҲШ) пеш аз ҳама фаъолияти «Панҷгонаи Шанхай», ки дар асоси Созишномаҳо байни Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия, Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Халқии Хитой дар бораи таҳкими чораҳои боварӣ дар соҳаи ҳарбӣ дар минтақаи сарҳад аз соли 1996 ва дар бораи ихтисори муштараки қувваҳои мусаллаҳ дар минтақаи сарҳад аз соли 1997 ташкил шуда буд, таҳкурсии асосӣ гузоштааст.

15 июни соли 2001 дар Шанхай вохӯрии Сарони давлатҳо баргузор шуд ва дар он изҳороти муштарак дар бораи қабули Ҷумҳурии Ӯзбекистон ба «Панҷгонаи Шанхай» қабул гардида, Эъломия дар бораи таъсис додани СҲШ ба имзо расид.

СҲШ, ки қаламрави бузург ва доираи васеи ҳамкориҳои минтақавиро дар бар мегирад, шакли нави ҳамкории давлатҳои аз нуқтаи назари сохти сиёсӣ, иқтидори иқтисодӣ ва фарҳангӣ гуногун ба шумор меравад. Масоҳати умумии давлатҳои аъзои СҲШ тахминан 30 млн. 189 ҳазор км. мураббаъ ва ҷамъи аҳолии онҳо зиёда аз 1,5 млрд. нафар ё ¼ аҳолии умумии курраи заминро ташкил медиҳанд.

СҲШ - Созмони байниҳукуматии байналхалқии доимамалкунанда ба ҳисоб меравад. Тибқи ҳуҷҷати асосии оинномавии Созмон – Хартияи СҲШ, ки 7 июни соли 2002 қабул шудааст, мақсаду вазифаҳои асосии СҲШ инҳоанд:

- таҳкими боварии мутақобила, дӯстӣ ва ҳамҷавории нек миёни давлатҳои аъзо;

- рушди ҳамкориҳои бисёрҷанба бо мақсади нигаҳдорӣ ва таҳкими сулҳ, амният ва суббот дар минтақа, мусоидат ба таъсиси тартиботи нави байналхалқии демократӣ, одилона ва сиёсию-иқтисодии босамар;

- муборизаи муштарак бар зидди терроризм, сепаратизм (ҷудоихоҳӣ) ва экстремизм бо ҳама гуна зуҳуроти онҳо, мубориза ба муқобили гардиши ғайриқонунии маводи нашъадор ва аслиҳа, дигар намуди фаъолияти ҷиноятии трансмиллӣ, инчунин муҳоҷиратӣ ғайриқонунӣ;

- ҳавасмандгардонии ҳамкориҳои босамари минтақавӣ дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ-тиҷоратӣ, мудофиа, ҳифзи ҳуқуқ, ҳифзи муҳити зист, фарҳанг, илмӣ-техникӣ, маориф, энергетика, нақлиёт, молиявӣ-қарзӣ ва дигар соҳаҳое, ки манфиати умумиро ифода менамоянд;

- мусоидат ба болоравии ҳамаҷониба ва бомувозинати иқтисодиёт, рушди иҷтимоӣ ва фарҳангӣ тавассути амалҳои муштарак дар асоси шарикии баробарҳуқуқ бо мақсади баланд бардоштани сатҳ ва беҳбудии шароити зисти халқҳои давлатҳои аъзо;

- ҳамоҳанг намудани мавқеъҳо дар ҳамгироӣ ба иқтисодиёти ҷаҳонӣ;

- мусоидат ба таъмини ҳуқуқҳо ва озодиҳои асосии инсон мувофиқи уҳдадориҳои байналхалқии давлатҳои аъзо ва қонунгузории миллии онҳо;

- нигаҳдорӣ ва рушди муносибатҳо бо дигар давлатҳо ва созмонҳои байналхалқӣ;

- ҳамкорӣ дар пешгирӣ намудани низоъҳои байналхалқӣ ва ҳалли мусолиҳаомези онҳо;

- дарёфти муштараки ҳалли мушкилиҳое, ки дар асри XXI ба миён меоянд.

Барои иҷрои мақсаду вазифаҳои болозикр дар чорчӯбаи Созмон мақомоти зерин амал менамоянд:

- Шӯрои сарони давлатҳо;

- Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон);

- Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ;

- Машварати роҳбарони вазорат ва/ё идораҳо;

- Шӯрои ҳамоҳангсозони миллӣ;

- Сохтори минтақавии зиддитеррористӣ;

- Котибот.

Шӯрои сарони давлатҳо (минбаъд - ШСД) мақоми олӣ дар СҲШ барои қабули қарорҳо ва дастурҳо оид ба масъалаҳои муҳими дохилию хориҷии Созмон ба ҳисоб меравад. Ҷаласаҳои Шӯрои сарони ҳукуматҳо (сарвазирон) (минбаъд - ШСҲ) барои муҳокимаи стратегияи ҳамкориҳои бисёрҷониба ва самтҳои афзалиятнок дар чорчӯбаи СҲШ, ҳалли масъалаҳои принсипиалӣ ва рӯзмараи ҳамкориҳои иқтисодӣ ва дигар намуди ҳамкориҳо, инчунин барои тасдиқи буҷети солонаи Созмон баргузор мешаванд. Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ (минбаъд - ШВКХ) барои баррасӣ ва маъқул донистани лоиҳаи рӯзнома ва дигар ҳуҷҷатҳои ҷаласаи ШСД, пешкаш намудани пешниҳодот ба ШСД ва ШСҲ дар бораи такмил ва рушди ҳамкориҳои самтҳои гуногун дар чорчӯбаи СҲШ, инчунин беҳтаргардонии фаъолияти мақомоти СҲШ, аз ҷумла масъалаҳои бастани ҳуҷҷатҳои бисёрҷонибаи шартномавии дахлдор дар чорчӯбаи Созмон, баромад намудан бо изҳорот аз номи давлатҳои аъзо оид ба масъалаҳои байналхалқӣ, баррасии фаъолияти ҷории СҲШ, таъмини идоракунии умумӣ ва иҷрои қарорҳои мақомоти СҲШ ва баррасии дигар масъалаҳои дохилию ҳамкориҳои байналхалқии Созмон амал менамояд. Машварати роҳбарони вазорат ва/ё идораҳо вохӯрии роҳбарони парлумонҳо, котибони шӯроҳои амният, судҳои олӣ ва арбитражӣ, прокуратураҳои генералӣ ва роҳбарони вазорату идораҳои соҳавиро, ки барои баррасӣ ва ҳалли масъалаҳои дахлдор доир мегарданд, дар бар мегирад. Шӯрои ҳамоҳангсозони миллӣ механизми идора ва ҳамоҳанг намудани фаъолияти ҷории Созмон ба ҳисоб рафта, инчунин барои омода намудани ҷаласаҳои ШСД, ШСҲ ва ШВКХ фаъолият менамояд. Котиботи СҲШ ва Кумитаи иҷроияи Сохтори минтақавии зиддитеррористии (минбаъд - СМЗТ) СҲШ мақомот (сохторҳо)-и доимоамалкунандаи Созмон буда, аз моҳи январи соли 2004 фаъолияти худро шуруъ намудаанд. Котиботи СҲШ дар шаҳри Пекин ва Кумитаи иҷроияи СМЗТ дар шаҳри Тошканд қарор доранд. Котиби генералии СҲШ ва Директори Кумитаи иҷроияи СМЗТ аз ҷониби сарони давлатҳои аъзо аз ҳисоби шаҳрвандон - шахсони муътабари давлатҳои аъзо мувофиқи алифбои русӣ ба муҳлати се сол таъйин мегарданд, ки шахси мансабдори байналхалқӣ ба ҳисоб мераванд. Айни замон Котиби генералии СҲШ шаҳрванди Федератсияи Россия Дмитрий Мезентсев ва Директори Кумитаи иҷроияи СМЗТ шаҳрванди Ҷумҳурии Халқии Хитой Чжан Синфэн мебошанд.

Давлатҳои нозири СҲШ – Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Муғулистон ва Ҷумҳурии Исломии Покистон, давлатҳои шарики мусоҳибавии СҲШ – Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Туркия ва Шри-Ланка мебошанд. Забонҳои расмӣ ва кории СҲШ – русӣ ва хитоӣ ба ҳисоб мераванд.

Айни замонраванди ташаккулёбии СҲШ ва заминаи шартномавӣ-ҳуқуқии он идома дошта, мақомоти СҲШ ҳамасола фаъолият мекунанд. Дар чорчӯбаи СҲШ ҳамчунин Иттиҳоди байнибонкии СҲШ ва Шӯрои соҳибкорони СҲШ таъсис дода шудааст. Котиботи Шӯрои соҳибкорон дар шаҳри Москва қарор дорад.

Ҷаласаи гузаштаи ШСД СҲШ 13 сентябри соли 2013 дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон баргузор шуда, ҷаласаи навбатии ин мақоми олии Созмон соли 2014 дар шаҳри Душанбе доир мегардад. Ин маънои онро дорад, ки аз моҳи сентябри соли 2013 то баргузории ҷаласаи ШСД СҲШ дар шаҳри Душанбе Ҷумҳурии Тоҷикистон раисиро дар СҲШ ба зимма дорад. Ҷумҳурии Тоҷикистон соли раисии худро дар ин Созмони бонуфуз ва батадриҷ рушдёбанда зери шиори – «Ҳамкорӣ, Ҳамрушдӣ ва Ҳамшукуфоӣ» эълон намудааст.

Аз ҷиҳати геостратегӣ иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ аз он ҷиҳат муҳим аст, ки аҳамият ва моҳияти он на танҳо дар аъзогии давлатҳои дар маҷмӯъ аз ҷиҳати демографӣ ва марз васеъ, балки шарикии стратегии ду давлати дорои яроқи ҳастаӣ ва аъзоёнии доимии Шӯрои амнияти Созмони Миллали Муттаҳид – Россия ва Хитой таҷҷасум мегардад. Аз тарафи дигар, ин на танҳо таҳкурсии бунёди низоми амният дар Осиёи Марказӣ, ҳамчунин дар минтақаи Осиё ва Уқёнуси Оромро муайян менамояд.

Яке аз самти муҳими СҲШ ин мубориза ба муқобили терроризм, сепаратизм, экстремизм ва ҳама гуна зуҳуроти онҳо мебошад. СМЗТ СҲШ бо мақсади фаъолияти бонизом ва мақсаднок дар ин соҳа таъсис ёфтааст. Дар доираи СҲШ пайваста машқҳои зиддитеррористӣ гузаронида мешаванд. Бояд қайд кард, ки яке аз ин машқҳои фармондеҳӣ-ситодӣ “Норак - зиддитеррор” 17-19 апрели соли 2009 дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Дар доираи ҳамкориҳои ҳарбӣ машқҳои муштараки ҳарбии зидди террористии давлатҳои аъзои СҲШ «Мирная миссия - 2012» 08 - 14 июни соли 2012 дар машқгоҳи «Чорух-Дайрон» вилояти Суғд бо иштироки қисмҳои низомии давлатҳои аъзои СҲШ баргузор гардид. СҲШ нияти ба блоки ҳарбӣ мубаддал гаштанро надошта, мақсади он танҳо мубориза бо зуҳуроти хавфноки замони муосир – терроризм мебошад. Дар соли раисии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар СҲШ ҳамчунин дар қаламрави кишвар баргузории машқҳои зиддитеррористӣ ба назар гирифта шудааст.

Фаъолияти СҲШ натанҳо ба масъалаҳои сиёсӣ, балки ба робитаҳои иқтисодӣ равона шудаанд. Дар доираи Созмон Нақшаи ҳамкориҳои дарозмуддати иқтисодӣ байни давлатҳои аъзо қабул шудааст, ки мақсади он мусоидат намудан ба гардиши озоди мол, хизматрасонӣ ва технологияҳо дар байни шаш давлати аъзо ба ҳисоб меравад. Ҳамкориҳо ҳамчунин дар соҳаи тандурустӣ, фарҳанг, маориф, илм ва техника, кишоварзӣ, гумрук, энергетика, нақлиёт ва коммуникатсия, мубориза ба муқобили ҷиняткорӣ батадриҷ ривоҷ меёбанд.

Фаъолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шӯрои соҳибкорон ва Иттиҳодияи байнибонкии СҲШ низ назаррас буда, пайваста дар он масъалаҳои татбиқи лоиҳаҳои сармоягузорӣ баррасӣ мегарданд.

Яке аз навовариҳо дар доираи СҲШ ин таъсиси Донишгоҳи шабакавии СҲШ мебошад, ки дар худ 53 донишгоҳҳои маъруфи давлатҳои аъзоро дар бар гирифта, аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ба он Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ва Донишгоҳи техникии Тоҷикистон ба номи академик М. Осимӣ шомил мебошанд.

Новобаста аз навтаъсис будан, тибқи ченакҳои байналхалқӣ, СҲШ дар давоми мавҷудияти хеш худро ҳамчун майдончаи босамари мубодилаи афкор, коркарди мавқеъҳои муштарак ва ҳамоҳанг сохтани нуқтаи назари гуногун нишон дода, вобаста ба талаботҳои замони муосир мақсаду вазифаҳои доштаашро такмил хоҳад дод.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj