Тоҷикӣ | Русский | English  

Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон (AKDN)

Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон фаъолияти худро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз соли 1992 оғоз намуда, дорои таҷрибаи ғании кор дар манотиқи кӯҳистон мебошад. Он дар тамоми вилояту ноҳияҳои мамлакат намояндагиҳои худро дошта, ҳоло тавассути фаъолият ва маблағғузории хеш қариб 3500 нафарро бо кор таъмин мекунад.

Баҳри мусоидат ба ҳамкории минтақавӣ ва  амалӣ сохтани як қатор барномаҳои байнисарҳадӣ кӯшиш мекунад, ки мақсади онҳо беҳтар намудани васоити мавҷудияти аҳолии беҳад ниёзманди тамоми минтақа мебошад. Дар ин самт Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар сохтмони чор пули қад-қади сарҳади Тоҷикистону Афғонистон кӯмак расонд, то ки дар қатори ташаббусҳои байнисарҳадии соҳаи тандурустию маориф тиҷорати тарафайни байнисарҳадиро ҳавасманд гардонад. Яке аз иқдомоти охирини Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон лоиҳаҳои сершумори соҳаи маориф, аз ҷумла таъсиси Мактаби маълумоти касбӣ ва давомдори Донишгоҳи Осиёи Марказӣ ва лоиҳаҳои оид ба рушди синни томактабии кўдак, инчунин ташаббусҳо дар соҳаи тандурустӣ, аз ҷумла Маркази минтақавии ташхис дар Беморхонаи марказии Хоруғ, боз маблағгузориҳои сершумори соҳаи энергетика, молияи хурд, телекоммуникатсия, туризм ва фарҳанг ба шумор мераванд.

Ҳоло Ташкилоти Оғохон оид ба рушд дар Тоҷикистон  дорои зиёда аз 3,500 корманд ва мушовирони пуртаҷриба буда, тавассути ҳашт сохтор ва оҷонсиҳои фаръии худ, аз ҷумла ширкати Помир Энерҷи, Т-cell, ФОКУС  Ёрии башардӯстона фаъолият дорад.

04/01/2016

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj