Тоҷикӣ | Русский | English  

Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) дар Тоҷикистон

Кумитаи Байналмилалии Салиби Сурх (КБСС) намояндагии худро дар шаҳри Душанбе дар моҳи январи соли 1993 ифтитоҳ кард. 14 июли соли 2003 тавофуқнома миёни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва КБСС “Дар бораи мақоми ҳайати КБСС” ба имзо расид.

Дар оғози ҳузури худ дар Тоҷикистон, КБСС фаъолиятҳои худро рӯйи мушкилоти башардӯстонаи марбут ба даргириҳои дохилӣ мутамарказ кард ва ба зиёда аз 200 000 қурбонии ҷанг кумакҳо ироа кард.

Дар ҳоли ҳозир КБСС барномаҳои худро дар ҳамаи манотиқи кишвар мутобиқ бо салоҳияти худ ва авлавиятҳои аслии башардӯстона анҷом медиҳад: ҳалли мушкилоти башардӯстонаи бозмонда аз қабл (минаҳо ва афроди гумшуда), омодагӣ ва вокуниш ба шароити изтирорӣ ва ҳамчунин тарвиҷи Ҳуқуқи Байналмилалии Башардӯстона ва ҳанҷорҳои (нормаҳои) дигари башардӯстона.

Дафтари Намояндагии КБСС дар шаҳри Душанбе воқеъ аст. Се корманди КБСС дар Суғд, Бадахшон ва водии Рашт мустақар дар шуъбаҳои маҳаллии ҶҲАТ фаъолият мекунанд.

Моҳи сентябри соли 2013 бо ризояти мақомоти Тоҷикистон Дафтари КБСС барои пуштибонӣ аз Афғонистон дар шаҳри Душанбе ҷиҳати пуштибонӣ аз фаъолиятҳои башардӯстона дар Афғонистон ифтитоҳ гардид.

КБСС ба Маркази миллии Тоҷикистон оид ба масъалаи минаҳо ҳамкорӣ мекунад. Ҷиҳати кумак ба қурбониёни минаҳо дар Тоҷикистон КБСС дар соли 2012 барномае барои ироаи кумакҳои пойдор ба қурбониёни минаҳо роҳандозӣ кард. Ин барнома ба хонаводаҳои мавриди назар фурсат медиҳад, ки даромаде пойдор ва муназзам дошта бошанд ва битавонанд хароҷоти аслии рӯзонаашонро таъмин кунанд.

Аз соли 2010 КБСС барои афзоиши зарфияти сохторҳои беҳдоштӣ дар водии Рашт ҷиҳати вокуниш ба шароити изтирорӣ кумак мерасонад. Аз оғози барнома 29 муассисаи беҳдоштӣ (дармонгоҳҳо, бемористонҳои ноҳияӣ, Бемористони марказии вилояти Бадахшон) дорувор ва таҷҳизоти пизишкӣ дарёфт карданд; барои 12 муассисаи беҳдоштӣ таъмири пушти бом, фозилоб, бозсозии сохтмон ва таъмини об ироа гардид.

Аз соли 2011 КБСС барои ҷарроҳо аз Вазорати тандурустӣ, Вазорати адлия ва Вазорати дифоъ ва ҳамчунин пизишкони ниҳодҳои интизомиву Кумитаи ҳолатҳои изтирорӣ семинарҳое тахассусӣ ва барои пизишкҳо давраи омӯзишии расидагӣ ба осебҳо дар утоқи фавриятиро ироа кард.

КБСС ҳамчунин ба афроди дорои масъулият кумак мерасонад, то ба зиндагии одӣ баргарданд. КБСС дар байни солҳои 1998-2009 мустақиман ба Маркази ортопедии шаҳри Душанбе кумак мекард. Ҳоло Сандуқи вижаи маълулони КБСС кумакҳои фаннӣ, мушовира ва пуштибонии молӣ аз омӯзиши кормандони ин ниҳод ва ҳамчунин ироаи дастгоҳҳо ва таҷҳизот барои шуъбаи Маркази ортопедӣ дар Хуҷандро бар уҳда дорад.

КБСС дар умури афроди гумшуда дар саросари ҷаҳон, аз ҷумла Тоҷикистон, кор мекунад. Бисёре аз хонаводаҳо нигарон аз набуди хабар дар мавриди пайвандонашон ҳастанд, ки ҳангоми ҷанги дохилӣ (1992-1997) ва пас аз муҳоҷират гум шудаанд. КБСС аз Маркази миллии қонунгузории Тоҷикистон ҷиҳати баргузории пажӯҳиши муқоисаи қавонини миллӣ бо ҳанҷорҳои қавонини байналмилал дар мавриди ҳуқуқи афроди гумшуда ва хонаводаҳояшон пуштибонӣ кард.

Бозпайванди боздоштиён ва хонаводаҳояшон яке аз фаъолиятҳои суннатии КБСС дар саросари ҷаҳон аст. КБСС дар Тоҷикистон ба гурӯҳҳои осебпазири боздоштиён барои ҳифзи иртиботи хонаводагӣ дар чорчӯби барномае кор мекунад, то хароҷоти ҳамлу нақли аъзои хонавода ба маҳалли боздошт ва хазинаи як бастаи маводди ғизоиро фароҳам намояд.

04/01/2016

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj