Тоҷикӣ | Русский | English  

Тоҷикистон ва Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ

Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) ташкилоти байналмилалии минтақавӣ мебошад ва дар заминаи Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ аз 15 майи соли 1992 бо мақсади ба шароити муосири геополитикӣ мутобиқ кардани ин Аҳднома ва имкониятҳои воқеии истифодаи нерӯҳо ва воситаҳои дифои дастаҷамъӣ таъсис дода шудааст. 14 майи соли 2002 Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ ба Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ табдил дода шуд. Оинномаи СААД-ро Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ 7 октябри соли 2002 дар ш.Кишинев ба имзо расонд ва ин ҳуҷҷат 18 сентябри соли 2003 қувваи эътибор пайдо кард.

Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Федератсияи Россия ва Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои СААД мебошанд. Ҷумҳурии ӯзбекистон аъзогии худро дубора 16 августи соли 2006 барқарор кард, вале соли 2012 маротибаи дуюм фаъолияти худро дар Созмони мазкур боздошт.

СААД созмони ҳарбию сиёсӣ буда, хусусияти мудофиавӣ дорад ва барои ҳамроҳ шудани аъзои нав, ки пайрави ҳадафҳо ва принсипҳои он мебошанд, кушодааст. Созмон дар асоси эҳтироми ҳатмии истиқлолият, иштироки ихтиёрӣ, баробарҳуқуқӣ ва ӯҳдадориҳои кишварҳоиаъзо, дахолат накардан ба корҳои дохилие, ки ба салоҳияти қонунгузории миллии кишварҳои аъзо вобаста аст, фаъолияти худро ба роҳ мондааст.

Таҳкими сулҳ, амният, суботи байналмилалӣ ва минтақавӣ, ҳимояи истиқлолият, тамомияти арзӣ ва соҳибихтиёрии кишварҳои аъзо дар асоси дастаҷамъӣ, ҳадафҳо ва принсипҳои асосии Созмонэ ътироф карда шудаанд ва ҷиҳати дастёбӣ ба онҳо, кишварҳои аъзо ба истифодаи воситаҳои сиёсӣ афзалият медиҳанд. Кишварҳои аъзои СААД мавқеи сиёсати хориҷии худро нисбати мушкилоти амнияти байналмилалию минтақавӣ мувофиқа ва ҳамоҳанг мекунандв а пеш аз ҳама аз абзорҳои машваратӣ истифода мебаранд ва саъю кӯшишҳои худро дар мубориза бар зидди терроризми байналмилалӣ, экстремизми динӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва психотропӣ, аслиҳа, ҷинояти муташаккилонаи фаромарзӣ, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва дигар таҳдидҳои амнияти давлатҳои аъзо муттаҳид месозанд.

Тибқи Оинномаи СААД сохтори ин созмон иборатаст аз:

-Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ (ШАД) - органи олии ҳамоҳангсозӣ ва таъминкунандаи фаъолияти муштараки давлатҳои аъзо ҷиҳати татбиқи ҳадафҳои оинномавӣ. Ба Шӯро сарони давлатҳои аъзо дохил мешаванд. Дар давраи байни ҷаласаҳои ШАД масъалаҳои ҳамоҳангсозии ҳамкории давлатҳои аъзоро барои татбиқи қарорҳои мақомоти СААД Шӯрои доимӣ иборат аз намояндагони комилҳуқуқи давлатҳои аъзо пайгирӣ мекунад.

Мувофиқи муқаррароти Оинномаи СААД, раёсати даврӣ дар Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ ва ҳамчунин дар Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, Шӯрои вазирони мудофиа ва Ситоди муттаҳидаи СААД аз тарафи кишваре амалӣ карда мешавад, ки ҷаласаи навбатии ШАД дар қаламрави он баргузор мегардад. Ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои худро раиси даврӣ то замони баргузоршавии ҷаласаи навбатии Шӯрои амнияти дастаҷамъӣ нигаҳ медорад.

- Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣмақомоти машваратӣ ва иҷроияи СААД оид ба масъалаҳои ҳамоҳангсозии ҳамкории давлатҳои аъзо дар соҳаи сиёсати хориҷӣ мебошад;

- Шӯрои вазирони мудофиа мақомоти машваратӣ ва иҷроияи СААД оид ба масъалаҳои ҳамоҳангсозии ҳамкории давлатҳои аъзо дар соҳаи сиёсати ҳарбӣ, рушди иқтидори ҳарбӣ ва ҳамкориҳои ҳарбию техникӣ мебошад.

- Кумитаи котибони шӯрои амният мақомоти машваратӣ ва иҷроияи СААД оид ба масъалаҳои ҳамоҳангсозии ҳамкории давлатҳои аъзо дар соҳаи таъмини амнияти миллии онҳо мебошад.

- Котиби генералии СААД шахси вазифадору олимақоми маъмурияти Созмон буда, Котиботи СААД-ро роҳбарӣ мекунад.

- Котиботи СААД мақомоти корию доимиамалкунандаи Созмон буда, бо мақсади таъмини фаъолияти ташкилотӣ, иттилоотӣ, таҳлилӣ ва машваратии сохторҳои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ таъсис дода шудааст.

- Ситоди муттаҳидаи СААД – сохтори доимамалкунандаи кории Созмон ва Шӯрои вазирони мудофиаи СААД буда, барои омода намудани пешниҳодот ва татбиқи қарорҳои СААД оид ба ҳамкории ҳарбӣҷавобгӯ мебошад.

2 декабри соли 2004 Ассамблеяи Генералии СММ қатънома дар бораи ба СААД додани мақоми нозир дар Ассамлеяи Генералии СММ қабул намуд.

18 марти соли 2010 Эъломияи муштарак оид ба ҳамкорӣ байни Котиботи СММ ва Котиботи СААД ба имзо расид.

Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ метавонад бо кишварҳое, ки аъзои ин созмон нестанд, ҳамкориро ба роҳ монад ва бо созмонҳои байналмилалии байниҳукуматӣ дар соҳаи амният робитаҳоро барқарор кунад. Созмон ҳамчунин салоҳият дорад, ки аҳдномаҳои байналмилалиро марбут ба барқарорсозӣ ва рушди ҳамкориҳо дар соҳа иамният ба имзо расонад. Имрӯз дар доираи СААД ҷиҳати ба роҳ мондани ҳамкориҳо бо Кумитаи зиддитеррористии Шӯрои амнияти СММ, Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо, Созмони ҳамкории Шанхай, Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Иттиҳодии қтисодии Авруосиё ва Созмони ҳамкории исломӣ тадбирҳои фаъол андешида мешаванд. Имкониятҳои ба роҳ мондани муҳовара бо Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (НАТО) низ мавриди баррасӣқарор дорад.

Асоси фаъолияти ҳарбии низоми амнияти дастаҷамъиро гурӯҳу дастаҳои (нерӯҳои) эътилофӣ (муттаҳида) дар минтақаҳо ташкил медиҳанд. Ин гурӯҳҳо бо мақсади боздоштан ва ё пешгирӣ кардани ҳуҷуми ҳарбиро бар зидди кишварҳои аъзо ва инчунин гузаронидани дигар амалиёт таъсис дода шудаанд.

Бо мақсади муттаҳид ва ҳамоҳанг намудани кӯшишҳои давлатҳои аъзои Созмон дар таҳким ва такмили ҳамкории бисёртарафа, рушди ҳамгироӣ ва ҳалли яклухти масъалаҳои самтиҳарбӣ-иқтисодӣ ва ҳарбӣ-техникӣ дар доираи СААД, моҳи июни соли 2005 Комиссияи байнидавлатӣ оид ба ҳамкории ҳарбию иқтисодии СААД таъсис дода шуд.

Моҳи ноябри соли 2006 Ассамблеяи Парлумонии СААД ташкил карда шуд. Дар иҷлосияи умумӣ, ҷаласаҳои Шӯрои Ассамблея ва Комиссияҳои доимии он, ки дар як сол ду маротиба баргузор мегарданд, масъалаҳои фаъолияти Созмон, вазъият дар минтақаи масъулияти Созмон, рафти иҷрои қарорҳои ҷаласаи Шӯрои амнияти дастаҷамъии Созмон ва вазифаҳо оид ба таъминоти ҳуқуқии онҳо муҳокима мегарданд. Дар қатори баррасии масъалаҳои иҷрои Барномаи таъминоти ҳуқуқии фаъолияти Созмон, инчунин таҷрибаи корӣо ид ба эътироф намудани созишномаҳои байналмилалӣ, ки дар доираи СААД ба имзо расидаанд, инчунин масъалаҳои дигари дахлдор муҳокима мегарданд.

Дар вазъи имрӯзаи байналмилалӣ мавҷудияти СААД омили муҳими суббот ва амнияти сарҳадоти давлатҳои аъзо мебошад. Фаъолияти доимӣ дар чаҳорчубаи СААД имкон медиҳад, ки робитаҳои байнидавлатии ҳарбию сиёсӣҷиҳати ташаккули низоми воқеан самараноки амнияти дастаҷамъӣ ба сатҳи сифатан нав бардошта шавад. Зеро, мавқеи ягонаи кишварҳои аъзо нисбати вазъи ҷаҳони муосир, ибрози нигарониҳои умумӣ аз таҳдидҳои амнияти ҷаҳонӣ ва минтақавӣ пояи сиёсии СААД-ро ташкил медиҳанд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба масъалаҳои иштироки худ дар фаъолияти СААД аҳамияти афзалиятнок медиҳад. Ҳамкорӣ дар доираи ин Созмон ҷавобгӯи манфиатҳои миллии Тоҷикистон аст ва он имкон медиҳад, ки бар зидди терроризми байналмилалӣ, ифротгароӣ, гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир ва аслиҳа, муҳоҷирати ғайриқонунӣ ва умуман ба хотири таъмини амният ва суббот дар тамоми минтақаи Аврупо ва Осиё ва инчунин ҳимояи тамомияти арзӣ ва истиқлолияти давлатҳои аъзо фаъолона тадбирҳои зарурӣ андешида шаванд. Тоҷикистон манфиатдори он аст, ки СААД дар амал ба омили мӯҳими таъмини амнияти ҷаҳонию минтақавӣ мубаддал гардад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои фаъол намудани раванди ҳамгароии ҳарбию сиёсии давлатҳои аъзо ва ҳамоҳангсозии иқтидори онҳо, такмили соҳаи сиёсати ҳарбӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳои ҳарбию техникии давлатҳои аъзоро вазифаҳои наздиктарин ва мӯҳимтарини Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ меҳисобад.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj