Тоҷикӣ | Русский | English  

Тоҷикистон ва Иттиҳоди давлатҳои мустақил

Иттиҳоди давлатҳои мустақил декабри соли 1991 бо мақсади мусоидат ба раванди ҳалли масъалаҳои муҳимтарин дар марҳилаи ташаккули давлатҳои мустақил ва ҳифзи робитаҳои таърихии онҳо таъсис дода шуд. Иттиҳод (ИДМ) дар марҳилаи кунунӣ ба сифати фазои мусоид ҷиҳати таҳкими муколамаҳо байни кишварҳои узв, роҷеъ ба муҳокимаю баррасии масоили сиёсӣ, иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва гуманитарӣ фаъолият мекунад.

8 декабри 1991 дар Вискул, иқоматгоҳи ҳукумати Беларус дар «Беловежская Пуща» роҳбарони давлатҳои Беларус, Русия ва Украина Созишнома дар бораи таъсиси Иттиҳоди давлатҳои мустақилро ба имзо расониданд.

21 декабри 1991 дар Алмато (Қазоқистон) ба ғайр аз Гурҷистон ва кишварҳои соҳили Балтик, роҳбарони 11 давлати соҳибистиқлол Протоколи Созишномаи мазкурро ба имзо расониданд, ки дар он таъкид гардидааст: Ҷумҳурии Озарбойҷон, Ҷумҳурии Арманистон, Ҷумҳурии Беларус, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Молдова, Федератсияи Русия, Ҷумҳурии Тоҷикистон, Туркманистон, Ҷумҳурии Узбакистон ва Украина «бар мабнои баробарҳуқуқӣ ва ҳамчун Тарафҳои Мувофиқ Иттиҳоди давлатҳои мустақилро таъсис медиҳанд». Дар он марҳила ҳамчунин Эъломияи Алмато қабул гардид.

ИДМ дар асоси Оинномаи аз ҷониби Шӯрои сарони давлатҳо 22 январи соли 1993 қабул гардида, амал менамояд.

24 марти соли 1994 тибқи қатъномаи 48/237 Ассамблеяи генералии СММ Иттиҳоди давлатҳои мустақил ба ҳайси нозир пазируфта шуда, 3 августи соли 1994 мувофиқи моддаи 102 Оинномаи СММ, Оинномаи ИДМ ҳамчун созишномаи байналмилаии бисёрҷониба дар Котиботи СММ ба қайд гирифта шуд. Иттиҳоди давлатҳои мустақил ҳамчун созмони минтақавии байналмилалӣ эътироф гардида, дар ҳамоишҳои бузурги сатҳи байналмилалӣ иштироки фаъол дорад.

Ҳамкорӣ дар доираи Иттиҳод тавассути мақомоти оинномавии он, аз ҷумла, мақомоти олии Шӯрои сарони давлатҳо, Шӯрои сарони ҳукуматҳо ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ ба роҳ монда шудааст. Қароргоҳи Кумитаи иҷроияи ИДМ дар ш.Минск ва шӯъбааш дар ш.Москва ҷойгир шудаанд.

Дар қатори мақомоти дар боло зикргардида, дар ИДМ зиёда аз 70 сохтори соҳавӣ вуҷуд доранд, ки робитаҳои муштараки давлатҳои узвро дар соҳаҳои муҳими фаъолияти ИДМ ҳамоҳанг менамоянд.

Мувофиқи Оинномаи ИДМ ҷаласаҳои мақомоти олии Иттиҳод - шӯроҳои сарони давлатҳо, сарони ҳукуматҳо ва шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ мунтазам на камтар аз ду маротиба дар як сол баргузор мегарданд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз марҳилаи аввали таъсисёбии Иттиҳоди давлатҳои мустақил, узви комилҳуқуқи он буда, усул ва санадҳои появии онро эътироф менамояд ва мушорики фаъоли равандҳои ҳамгироӣ мебошад.

Дар сиёсати хориҷии хеш, Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рушди устувори муносибатҳои дуҷониба ва бисёрҷониба бо давлатҳои узви ИДМ аҳамияти вижа медиҳад. Аз замони таъсиси Иттиҳод, давлатҳои узв пояи устувори ҳуқуқӣ ташкил додаанд, ки имкони дар фосилаи кӯтоҳ аз бӯҳрони системавӣ баромадан ва сабаби рушди иқтисод ва тавсеаи савдои мутақобиларо фароҳам намуд.

Дар доираи ИДМ Тоҷикистон тақрибан 2 ҳазор санади қабулшударо ба имзо расонидааст, ки шумораи умумии он то имрӯз қариб 3 ҳазорро ташкил медиҳад. Аз он санадҳо қарорҳои Шӯрои сарони давлатҳо - 400, Шӯрои сарони ҳукуматҳо - зиёда аз 1000 ва Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ - 200 ададро ташкил медиҳад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон аз рӯзи таъсисёбии (20 июни с.2000) Шӯрои намояндагони доимии давлатҳои узви ИДМ, дар кори он иштироки фаъол менамояд. Аз ноябри соли 2009 Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шӯрои мазкур, Сафири Фавқулодда ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Беларус Қ.Қоимдодов мебошад.

Дар Комиссия оид ба масалаҳои иқтисодии назди Шӯрои иқтисодии ИДМ (ш.Маскав), намояндаи Тоҷикистон Ф.Холбобоев мебошад. Тибқи тақсими ҷойҳои бурсиявӣҶумҳурии Тоҷикистонро дар вазифаи директори Раёсати Кумитаи иҷроияи ИДМ аз январи соли 2012 А.С.Эшонқулов намояндагӣ мекунад.

Нақши муҳимро дар ҳамшарикии гуногунҷанбаи давлатҳои ИДМ, ҳамкорӣ дар соҳаи гуманитарӣ мебозад. Тоҷикистон яке аз иштирокдорони фаъол дар соҳаи ҳамкории гуманитарии давлатҳои узви ИДМ мебошад. Дар ин самт Тоҷикистон аз 88 санади мавҷуда, 53 адади онро ба имзо расонидааст. Моҳи майи соли 2006 дар Душанбе зимни нишасти Сарони ҳукуматҳо фонди байнидавлатии ҳамкорихои гуманитарӣ бунёд карда шуд.

Бо ташаббуси Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2008 изҳороти Сарони кишварҳои узви Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил оид ба фаъол кардани ҳамкорӣ дар мубориза бо гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир, маводи психотропӣ ва прекурсорҳои он қабул гардид.

Тоҷикистон фаъолияти Шӯро оид ба ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои узви ИДМ (ШҲГ) ва Раёсати фонди байнидавлатии ҳамкориҳои гуманитарии давлатҳои ИДМ-ро (ФБҲГ) ҷонибдорӣ менамояд. Шаҳри Душанбе мизбони ду нишасти муштараки Шӯрои гуманитарии ҳамкорӣ ва Раёсати Фонди байнидавлатии гуманитарии ҳамкорӣ буд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ташаббусгари пешниҳод ҷиҳати эълон намудани соли 2008 ҳамчун Соли хониш ва адабиёт дар ИДМ мебошад.

Бо дастгирии ФБҲГ дар доираи ҷашнвораи 1150-солагии асосгузори адабиёти тоҷик Абуабдуллоҳи Рудакӣ, асарҳои безаволи ӯ бо се забон нашр ва дар китобхонаҳои давлатҳои ИДМ тақсим гардид. Ғайр аз ин, китобҳои дарсии забони русӣ барои мактаббачагони давлатҳои ИДМ, аз ҷумла Тоҷикистон, ба табъ расид. ФБҲГ аз силсилаи “Адабёти классики ИДМ” (Классика литератур СНГ), ду ҷилди онро дар бораи Ҷумҳурии Тоҷикистон чоп кард.

Дар шаҳри Душанбе мунтазам ҷаласаҳои мақомоти олии низомномавии давлатҳои ИДМ доир мегардад, аз ҷумла, 5 октябри соли 2007 нишасти навбатии Шӯрои Сарони давлатҳои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил баргузор шуд. Маҳз дар ҷаласаи Душанбе санадҳои муҳими Консепсияи рушди ояндаи Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Нақшаи чорабиниҳои асосӣ ва амалисозии он, Созишнома оид ба таъсиси Шӯрои роҳбарони мақомоти муҳоҷират, Шартнома оид ба мухолифат ба қонунӣ гардонидани даромадҳои ҷиноятӣ ва маблағгузории терроризм қабул гардид.

Бо қабули ин санадҳо, кишварҳои Иттиҳод ҷиҳати такмили минбаъдаи равобити байнидавлатӣ дар самтҳои муҳими ҳамкорӣ, механизми фаъолияти ИДМ ва мукаммалсозии ташкилии он ҳидояти мушаххас гирифтанд.

Консепсияи рушди минбаъдаи ИДМ, санади асосӣҷиҳати ислоҳоти шурӯъгардидаи Иттиҳод мебошад. Ислоҳот на ба сифати иқдоми муваққатӣ, балки раванди идомаёбанда ҷиҳати дарёфти ҳамсозӣ ва мувофиқоти созанда дида мешавад, ки тавони ба Иттиҳод такони иловагӣ додан баҳри рушдро дошта бошад.

Соли 2011 барои Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил фаромушнашаванда буд, зеро 20 сол аз таъсисёбии Иттиҳод қайд гардид. Боиси рамзи фараҳмандист, ки дар он сол раисии ИДМ ба Тоҷикистон гузашт.

Тоҷикистон ба сифати раисикунанда дар ИДМ, Консепсияи раисии худро матраҳ намуд, ки татбиқи амалии мақсадҳои консептуалӣ ва стратегии рушди ИДМ-ро, ки дар санадҳои қабулшуда дарҷ гардидаанд, ба инобат гирифта буд.

Дар Консепсияи раисӣ чунин меъёрҳои муҳим, чун мубориза бар зидди ғояҳои ифротгароӣ, терроризм ва таҳаммулнопазирӣ ва андешидани чораҳои муштарак барои бартарфсозии оқибатҳои буҳрони молиявию иқтисодии ҷаҳонӣҷой дода шуд. Дар маҷмуъ Консепсияи раисии Тоҷикистон бо тавозунии мавқеъҳо ва рафтори пайгирона зимни ҳалли масъалаҳои мавҷуда аз дигар консепсияҳо фарқ мекард.

Дар ҷаласаи Шӯрои сарони ҳукуматҳо (19 майи с.2011, Минск), ки онро Сарвазири Тоҷикистон раисӣ мекард, нақшаи чорабиниҳо ҷиҳати гузаронидани Соли амнияти саноатӣ тасдиқ гардида, тарҳи пешакии Барномаи байнидавлатии ҳамкориҳои иноватсионии давлатҳои узви ИДМ барои соли 2020 маъқул дониста шуда, қадами муҳим ҷиҳати баимзорасонии Аҳднома дар бораи минтақаи савдои озод гузошта шуд.

Сентябри соли 2011 дар Душанбе ҷаласаи навбатии Сарони давлатҳои ИДМ таҳти раисии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон баргузор шуд. Зимни он ҷаласа ба муносибати 20-солагии таъсисёбии ИДМ изҳороти Сарони давлатҳо қабул гардида, маърӯзаи таҳлилии “Ҷамъбасти фаъолияти ИДМ дар 20 сол ва вазифаҳо барои оянда” ва нақшаи байнидавлатии “Пойтахти фарҳангии Иттиҳод” муҳокима карда шуд.

Тоҷикистон ҳамчунин дар соли 2012, соли раисии Туркманистон, ба сифати ҳамраис дар Иттиҳод фаъолона амал кардааст. Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҷаласаҳои Сарони давлатҳо (3 декабр), сарони ҳукуматҳо (30 май) ва вазирони корҳои хориҷии давлатҳои ИДМ (4 декабр), ки дар Ашқобод баргузор шуд, фаъолона ширкат варзид.

Тоҷикистон дар доираи созмони минтақавии ИДМ, ба таҳкими муносибатҳои ҳамҷаворӣ байни давлатҳои узв, ки дар заминаи усулҳои эҳтиром ва татбиқи самтҳои асосии ҳамкории иқтисодӣ бунёд шудааст, аҳамияти муҳим медиҳад.

Дар марҳилаи кунунӣ Иттиҳоди давлатҳои мустақил бо фаъолияти воқеии худ, аҳамиятнокӣ ва устувориашро собит менамояд. Пояи ҳуқуқию меъёрии пурмазмун таҳия гардида, механизми ҳамкориҳо ва низоми равобити муштарак дар иқтисод, соҳаи фарҳанг ва таҳкими суботу амният роҳандозӣ шудааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иштироки худ дар фаъолияти созмони минтақавии ИДМ аҳамияти хоса медиҳад.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj