Тоҷикӣ | Русский | English  

Тоҷикистон ва ЮНЕСКО

Дар сиёсати хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон муносибатҳои дуҷониба ва ҳамкориҳои бисёрҷониба бо созмонҳову ҳамоишҳои минтақавию байналмилалӣ мавқеи махсус дорад. Зарурати иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон дар фаъолияти ин созмонҳо аз он бармеояд, ки кишвар дар таҳкими амнияту суботи байналмилалӣ пайваста талош меварзад. Яке аз самтҳои ин сиёсат ин ҳамкорӣ бо Созмони Милали Муттаҳид оид ба масъалаҳои маориф, илм ва фарҳанг (ЮНЕСКО) мебошад.

Ҷумҳурии Тоҷикистон 6 апрели соли 1993 ба узвияти созмони мазкур пазируфта шуда, худи ҳамон сол дар Вазорати корҳои хориҷӣ Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО таъсис дода шуд.

Яке аз воқеаҳои муҳим дар таърихи муносибатҳои дуҷониба, ин ташриф овардани Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба қароргоҳи ЮНЕСКО дар Париж, дар давраи баргузоршавии  33-юмин Конфронси Генералии  ЮНЕСКО 10 октябри соли 2005 мебошад, ки дар ҷараёни он Рӯзи фарҳанги Тоҷикистон дар ЮНЕСКО бо иштироки васеи намояндагони санъати тоҷик баргузор гардид.

Дар ҷараёни кори Ҷаласаи 34-уми Конфронси Генералии ЮНЕСКО, ки октябри соли 2007 дар шаҳри Париж баргузор гардид, дар натиҷаи овоздиҳии пинҳонӣ Ҷумҳурии Тоҷикистон аввалин маротиба узви Кумитаи байниҳукуматии ЮНЕСКО оид ба иттилоот ва коммуникатсия интихоб гардид.

Боз як натиҷаи мусбии ҳамкориҳои мутақобила дохил кардани 1150-солагии Абуабдулло Рудакӣ ба Феҳристи ҷашнвораҳои ЮНЕСКО мебошад. Пешниҳоди дигари Тоҷикистон дар хусуси ҷашнгирии 100-солагии зодрӯзи Мирзо Турсунзода моҳи марти соли 2009 аз ҷониби Котиботи Созмон мусбӣ пазируфта шуд.

Пешрафт дар ҳамкорӣ дар соҳаи илм тавассути бунёди Кумита оид ба биоэтика дар назди Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба даст омад. Биоэтика яке аз самтҳои афзалиятноке мебошад, ки аз ҷониби ЮНЕСКО дар тамоми ҷаҳон дастгирӣ меёбад. Созмон таъсиси Кумитаи мазкурро маъқул дониста, дар омӯзиши мутахассисон ва мустаҳкам гардонидани иқтидори муассисаи навташкил кӯмаки ҳамаҷониба мерасонад.

17 сентябри соли 2008 дар қароргоҳи ЮНЕСКО дар шаҳри Париж маросими супоридани унвони фахрии ҳунарманди сулҳи ЮНЕСКО ба шаҳрванди Ҷумҳурии Тоҷикистон Амриддин Аминов баргузор гардид.

Қобили қайд аст, ки Тоҷикистон дар шахсияти ҳайкалтароши шинохтаи ҷаҳонӣ А.Аминов дар минтақаи Осиёи Марказӣ нахустин ва ягона кишварест, ки намояндаи он сазовори чунин унвони баланди байналхалқӣ гардид.

Мусиқии классикии “Шашмақом”  11 ноябри соли 2003 шоҳкории мероси шифоҳӣ ва ғайримоддии инсоният эътироф гардид. Дар Тоҷикистон 12 май ҳамчун Рӯзи Шашмақом ҷашн гирифта мешавад.

Пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон шаҳри Душанбе бо ҷоизаи ЮНЕСКО “Шаҳри сулҳ” барои солҳои   2002-2003 сарфароз гардид.

Дар доираи барномаи ЮНЕСКО оид ба муколамаи байнифарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ моҳи июни соли 2003 дар Душанбе Конфронси байналмиллалии ЮНЕСКО “Нақши зан дар муколамаи байнифарҳангӣ дар Осиёи Марказӣ” баргузор гардид.

Ифтитоҳи кафедраи ЮНЕСКО “Муколамаи байнифарҳангӣ дар ҷаҳони муосир” дар Донишгоҳи Славянии Тоҷикистон ва Россия ва Маркази фарҳангии иттилоотӣ-маърифатии назди Консерваторияи миллии Тоҷикистон идомаи конфронси мазкур гардид.

Ҳамкорӣ бо ин ташкилоти байналхалқӣ ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки мероси бойи фарҳангӣ, таърихӣ ва маънавии халқи тоҷикро, ки сарфи назар аз равандҳои ҷаҳонишавӣ пойбанди ғояҳои ЮНЕСКО оид ба сулҳдӯстӣ ва эҳтироми ҷонибайн аст, ҳифз ва пешкаши наслҳои оянда, манзури ҷомеаи ҷаҳонӣ гардонад.

Вобаста ба ин, яке аз масъалаҳои муҳими ҳамкории дуҷониба дар ҳоли ҳозир дохил намудани ёдгориҳои фарҳангӣ ва таърихии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Рӯйхати мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО (РМУ) мебошад. Дар рафти кори Ҷаласаи 34-уми Кумитаи мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО 31 июли соли 2010 аввалин ёдгории таърихии Тоҷикистон “Саразм”  бо қарори ЮНЕСКО ба Рӯйхати  муҷассамаҳои Мероси фарҳангии умумиҷаҳонӣ ворид карда шуд.

Дар доираи барномаи ташкилот оид ба нигоҳдории мероси фарҳангӣ, таърихӣ, археологӣ ва табиии инсоният, ҷиҳати дохил намудан ба рӯйхати мероси  умумиҷаҳонӣ, аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон 17 ёдгории арзишманд пешниҳод гардиданд, миёни онҳо воҳидҳои зерин мебошанд:

9 воҳиди Роҳи Абрешим-Кофирқалъаи қадим (Ҳелаверд), мадрасаи Ҳоҷа Машҳад, Панҷакенти қадима, шаҳраки Ҳулбук, Дайри буддоии Аҷинатеппа, шаҳраки Тахти Сангин, қалъаи Ҳисор, шаҳраки Бунҷикат, қалъаҳо ва силсилаи қалъаҳо ва ибодатгоҳҳои Вахон (Помир).

Боғи Миллии Тоҷикистон номзад ба Маркази Мероси Умумиҷаҳонӣ соли 2007 пешниҳод гардида буд. Дар рафти Сессияи 37-уми Раёсати Мероси умумиҷаҳонии ЮНЕСКО, ки аз 16 июн то 26 июни соли 2013 дар шаҳри Пномпени Шоҳигарии Камбоҷа баргузор гардид, номинатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон «Боғи миллии Тоҷикистон» ба феҳристи Мероси умумиҷаҳонӣ ворид гардид.

Ҷойгоҳи асосӣ ва басо муҳимро дар масоили ҳамкории мутақобилан судманди байни Тоҷикистону ЮНЕСКО Барномаи Ширкати ЮНЕСКО ишғол мекунад. Мақсади барномаи мазкур мустаҳкамсозии иқтидори давлатҳои иштирокчӣ тавассути маблағгузории лоиҳаҳои пешинҳодшуда доир ба самтҳои авлавиятноки фаъолияти ЮНЕСКО мебошад. Комиссияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба корҳои ЮНЕСКО дар доираи Барномаи Ширкати солҳои 1993 то 2015 барои дастгирии молиявии соҳаҳои нисбатан муҳими маориф, илм, фарҳанг беш аз 100 лоиҳа пешниҳод намуд.

Конвенсияи байналхалқӣ “Оид ба мероси ғайримоддии фарҳангӣ” 16 июни соли 2010 аз ҷониби Маҷлиси Намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ратификатсия карда шуд. Ҳамроҳшавӣ ба Конвенсияи мазкур барои мероси бойи Ҷумҳурии Тоҷикистон аҳамияти муҳим дорад. Чунки бе ратификатсияи Конвенсияи мазкур мутахассисони мо наметавонанд дар амалигардонии лоиҳаҳо ва барномаҳои мероси ғайримоддӣ ширкат варзанд.

Дигар воқеаи муҳими муносибатҳои дуҷониба ин ташрифи  Дабири кулли ЮНЕСКО хонум Ирина Бокова ба Ҷумҳурии Тоҷикистон 20-22 августи соли 2013 ҷиҳати иштирок дар  Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи об, ки 20-21 августи соли ҷорӣ дар ш.Душанбе баргузор гардид,  ба шумор меравад. Дар рафти сафари худ хонум Бокова бо Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, вазири корҳои хориҷӣ ва вазири фарҳанг мулоқотҳои дуҷониба гузаронид. Зимни мулоқот хонум И. Бокова  барои хизматҳои арзанда дар ташаккули сулҳи пойдор ва пешбурди рушди устувор, Ҷаноби Олӣ, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо медали ҷашнии “60-солагии ЮНЕСКО” мукофотонид.

Яке аз муҳимтарин чорабиниҳо ин ҷаласаи 38-уми Конфронси Генералии ЮНЕСКО мебошад. Ин навбат ҷаласа аз 3 то 18 ноябри соли 2015 дар қароргоҳи ЮНЕСКО шаҳри Париж барпо гардид, ки дар кори он дар баробари дигар давлатҳо намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон ширкат варзиданд.

Дар рафти ҷаласа масъалаҳои муҳими самтҳои афзалиятноки соҳаи маориф, илм ва фарҳанг; муҳокимаи масъалаҳои сиёсати умумӣ; масъалаи ҳуқуқи овоздиҳии Тоҷикистон дар интихоботи Конференсияи генералӣ бинобар қарзаш дар назди ЮНЕСКО; тасдиқи лоиҳаи буҷет барои солҳои 2016-2017 ва лоиҳаи барномаҳо ва буҷет барои солҳои 2018-2021; масъалаи усулҳои нави кори ташкилот; масъалаҳои маъмурӣ ва молиявӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Дар натиҷа бо қарори 38-ми Конфронси Генералии ЮНЕСКО 3 номинатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ба рӯйхати ҷашнвораҳои шахсони маъруф ва санаҳои таърихие, ки бо ЮНЕСКО солҳои 2016-2017 ҷашн гирифта мешаванд, дохил гардиданд:

Номинатсияи 1250 солагии олими тоҷик Ҳаким Тирмизӣ;

Номинатсияи 100 - солагии асосгузори хореографияи тоҷик, коргардону басаҳнагузорандаи операҳо, коргардони филмҳо ва рақсҳои миллии халқи тоҷик Ғаффор Валаматзода;

Номинатсияи муштараки Тоҷикистону Эрон доир ба 1150 солагии Закариёи Розӣ.

Ду номинатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон 550 - солагии Наҷмиддин Кавкабӣ ва 400 - солагии Миробид Сайидо Насафӣ барои ворид гардидан ба рӯйхати ҷашнвораҳои ЮНЕСКО барои солҳои 2018-2019 пешниҳод гардиданд.

1 декабри соли 2016 дар ҷаласаи ёздаҳуми Кумитаи байниҳукуматӣ оид ба ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО (МҒФ), ки дар шаҳри Адис Абеба, Ҳабашистон баргузор гардид, номинатсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон “Оши палов” аз рӯи 5 шарту талаботи дар Конвенсия оид ба ҳифзи мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО қайдгардида, пазируфта шуд ва ба Феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО ворид гардид.

Ҳамзамон моҳи марти соли 2015 Ҷумҳурии Тоҷикистон дар баробари 11 кишвари ҳавзаи Наврӯз (Ҷумҳурии Исломии Афғонистон, Ҷумҳурии Озайрбойҷон, Ҷумҳурии Ҳиндустон, Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Ироқ, Ҷумҳурии Қазоқистон, Ҷумҳурии Қирғизистон, Ҷумҳурии Исломии Покистон, Ҷумҳурии Туркия, Туркманистон ва Ҷумҳурии Узбекистон) пешниҳоди муштаракро ҷиҳати дохил намудани ҷашнвораи Наврӯз ба Феҳристи мероси фарҳанги ғайримоддии ЮНЕСКО манзур намуда буд, ки он ҳам дар рафти ҷаласаи болозикр  дар бораи ворид гардидан ба Феҳристи мероси ғайримоддии фарҳангии ЮНЕСКО эълом гардид.

Номинатсияи “Панҷакенти қадима” аз лоиҳаи Шоҳроҳи бузурги Абрешим ҷиҳати ворид гардидан ба феҳристи Мероси фарҳангии ЮНЕСКО соли 2017-2018 дар баррасии Созмон қарор дорад.

Меъёрҳои ҳуқуқии танзимкунанда Комиссияи Миллӣ дар рафти фаъолияти худ қонунгузории миллии Ҷумҳурии Тоҷикистонро роҳбарӣ намуда Низомномаи СММ, ЮНЕСКО ва Низомномаи Комиссияи Миллӣ оид ба корҳои ЮНЕСКО-ро ҳамчун дастурамал истифода менамояд. Дар самти ҳамкорӣ бо ЮНЕСКО, Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон созишнома ва конвенсияҳои байналмилалии зеринро ба тасвиб расондааст.

1.Созишнома оид ба ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ дар натиҷаи задухурдҳои муссалаҳона, тибқи меъёрҳои Созишномаи Гаага аз соли 1954 – дар соли 1992 ба тасвиб расидааст;

2.Созишнома оиди чораҳои манъкунанда ва бартарафкунандаи воридот ва содироти ғайриқонунии моликияти арзишҳои фарҳангӣ аз соли 1970 – дар соли 1992 ба тасвиб расидааст;

3.Созишнома оиди ҳифзи мероси ҷаҳонии фарҳангӣ ва табиӣ аз соли 1970 - дар соли 1992 ба тасвиб расидааст;

4.Созишнома бар зидди маҳдудкунии ҳуқуқ дар соҳаи маориф аз соли 1960 – дар соли 1992 ба тасвиб расидааст;

5.Созишнома оиди эътирофи курсҳои таълимӣ, диплом ва дараҷаи соҳаи маълумоти олӣ дар кишварҳои ба минтақаи Европа дохил шуда аз соли 1979 – дар соли 1992 ба тасвиб расидааст;

6.Созишнома оиди эътирофи курсҳои таълимӣ, диплом ва дараҷаи соҳаи маълумоти олӣ дар кишварҳои Осиё ва минтақаи Уқёнуси Ором аз соли 1965 – дар соли 1993 ба тасвиб расидааст;

7.Конвенсия оид ба ҳуқуқҳои муаллифӣ аз соли 1952 – дар соли 1992 батасвиб расидааст;

8.Протоколи якуми Конвенсияи Гаага оид ба ҳифзи арзишҳои фарҳангӣ дар ҳолати задухурдҳои муссалаҳона, аз соли 1954 - дар соли 1992 ба тасвиб расидааст;

9.Конвенсия оид ба ҳифзи мероси фарҳангии ғайримоддӣ аз соли 2003–соли 2010 ба тасвиб расидааст.

10.Конвенсияи байналмилали оид ба мубориза бо допинг дар варзиш 1965 – соли 2012 ба тасвиб расидааст.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj