Тоҷикӣ | Русский | English  

Тоҷикистон ва Созмони Ҳамкориҳои Исломӣ

Созмони ҳамкории исломӣ (қаблан Созмони конфронси исломӣ) соли 1969 ташкил шуда, он аз 57 давлати мусулмоннишини Осиё, Африқо ва ҳамчунин Созмони озодихоҳи Фаластин иборат мебошад. Дар 38-умин иҷлосияи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ, ки 28-уми июни соли 2011 дар Қазоқистон баргузор шуд, Созмони конфронси исломӣ ба Созмони ҳамкориҳои исломӣ тағйири ном кард. СҲИ шурӯъ аз соли 1975 дар назди СММ мақоми нозирро доро мебошад. Бошишгоҳи Котиботи генералии СҲИ дар шаҳри Ҷиддаи Арабистони Саудӣ ҷойгир аст.

Ҳадафҳои СҲИ чунинанд: таҳкими ҳамбастагии исломӣ ва ҳамкории кишварҳои узв; мусоидат ва рафъи тамоми шаклҳои нажодпарастӣ ва мустамликадорӣ; татбиқи чораҳои зарурӣ бо мақсади посдории сулҳ ва амнияти байналмилалӣ; ҳамоҳангсозии амалиёт ҷиҳати озод кардан ва ҳифзи ҷойҳои муқаддас; дастгирии муборизаи мардуми Фаластин, кӯмак барои барқарор кардани ҳуқуқҳо ва озод намудани сарзамини онҳо; дастгирии муборизаи мардуми мусулмон барои муҳофизати шаъну шарафи хеш; истиқлолият ва хуқуқи миллӣ; фароҳам овардани шароити зарурӣ баҳри таҳкими ҳамкорӣ ва тафоҳум миёни кишварҳои узв ва дигар давлатҳо.

Ин созмон ба раванди ҳамгироии кишварҳои исломӣ ва ҳамкорӣ миёни онҳо нақши намоён дорад. Аз ин рӯ, бо дар назардошти нуфузи ин Созмон Ҷумҳурии Тоҷикистон пас аз ба даст овардани истиқлолият 1 декабри соли 1992 узви он гардид. Тоҷикистон мехоҳад, ки ин Созмон барои ҳалли мушкилоти минтақавӣ ва байналмилалӣ нақши устувор дошта бошад ва ба ин хотир омода аст, то бо  кишварҳои узви СҲИ ҳамкории зич дошта бошад. Парлумони Тоҷикистон 8 апрели соли 2009 Низомномаи нави СҲИ-ро тасдиқ намуд, соли 2007 бошад, Тоҷикистон узви Иттиҳоди парлумонии СҲИ гардид ва ҳамин тавр ҳамкории густардаи хешро бо сохторҳое чун Бонки Рушди Исломӣ, Палатаи иқтисоду савдо ва дигар ниҳодҳо пеш бурда истодааст.

Бояд гуфт, ки  дар ҷараёни 21-умин ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲИ, ки 25 апрели соли 1993 дар Исломобод баргузор гардид, Тоҷикистон низомномаи Созмони исломии илм, фарҳанг ва маориф (ИСЕСКО)-ро имзо карда, ҳамин тариқ фаъолияти худро дар ин Созмон шурӯъ кард.

Созмони исломии маориф, илм ва фарҳанг яке аз сохторҳои СҲИ мебошад, ки бо он Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамкорӣ менамояд.  Дар ҷаласаи 17-уми Кумитаи иҷроияи ИСЕСКО (моҳи декабри соли 1996) намояндаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аъзои Иҷроияи ИСЕСКО  интихоб шуд. Натиҷаи ҳамкориҳои зичи Тоҷикистон бо ИСЕСКО пойтахти  фарҳанги исломӣ дар қитъаи Осиё эълон гардидани  шаҳри Душанбе дар соли 2010 мебошад, ки қарор дар ин маврид соли 2004 дар Конфронси 4-уми вазирони фарҳанги СКИ (Алҷазоир, 15-16 декабри соли 2004) қабул шуд. Маросими Пойтахти фарҳанги исломӣ эълон намудани шаҳри Душанбе бо иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон сурат гирифт. Дар он маросим Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ва Дабири кулли Созмони исломӣ оид ба маориф, илм ва фарҳанг Абдулазиз Усмон Алтуайҷирӣ суханронӣ намуданд. Сипас ду фармони ба тозагӣ имзошудаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон қироат гардид ва Сарвари давлати Тоҷикистон шахсан ба Дабири кулли Созмони Ҳамкории Исломӣ Акмалиддин Эҳсоноғлӯ ва Дабири кулли Созмони исломӣ оид ба маориф, илм ва фарҳанг Абдулазиз Усмон Алтуайҷирӣ ордени “Исмоили Сомонӣ”-и дараҷаи 1 қадрдонӣ намуд.

Дар ин робита бо ин чорабинии хотирмон бо ибтикори Ҳукумати Тоҷикистон як қатор чорабиниҳои дигар низ барпо карда шуданд, аз ҷумла:

дар сатҳи умумимиллӣ баргузоршавии ҷашнвораҳои абармардони фарҳангу рисолати исломӣ Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ, Носири Хусрав, Абўҳомид Муҳаммади Ғазолӣ, Имом Бухорӣ;

эҳёи ёдгориҳои таърихии Ҳулбук, Кўлобу Истаравшан, Панҷакенту Ҳисор, Рӯшону Мӯминобод;

тарҷума ва нашри Қуръони маҷид ба забони тоҷикӣ ҳамчун ҳадя ба ҳар хонадон, нашри осори бузургони ҷаҳони ислом;

соли бузургдошти Имоми Аъзам эълон намудани соли 2009;

ба таъминоти давлатӣ гузаронидани Донишкадаи исломии Тоҷикистон ва таъсиси Маркази исломшиносии назди Президенти Тоҷикистон;

оғози корҳо оид ба бунёди калонтарин масҷиди ҷомеъ дар шаҳри Душанбе ва тадбирҳои дигар барои ҳимоя ва густариши арзишҳои волои исломӣ ва ҳифзи сарватҳои маънавии ниёгон дар кишвар.

Тоҷикистон дар сохтори дигар СҲИ – Кумитаи доимӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ (КОМСЕК), ки таҳти раёсати Туркия фаъолият мекунад, фаъолона кор мебарад. Ҳайати Тоҷикистон дар ҷаласаҳои Конфронси ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ фаъолона иштирок мекунад. Дар ҳошияи он ҷаласаҳо масъалаҳои тағйирёбии иқтисоди ҷаҳон, омодагӣ ба гуфтушунидҳо дар соҳаи савдо, ҷараёни пайвастани кишварҳои аъзо ба Созмони умуммиҷаҳонии савдо ва истифодаи тиҷорати электронӣ ва фанновариҳои иттилоотӣ дар рушди савдои байни кишварҳои узв мавриди баррасӣ қарор мегиранд. Дар ҷаласаҳои 14 - 24-уми Конфронси ҳамкории иқтисодӣ ва тиҷоратӣ лоиҳаи қатъномаҳои КОМСЕК доир ба кӯмаки иқтисодӣ ба Тоҷикистон қабул гардида буданд.     

Бори нахуст дар таърихи Тоҷикистон аз 18 то 20-уми майи соли 2010 37-умин ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲИ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид. Дар ҷараёни ин ҷаласа роҳбарии СҲИ ба ӯҳдаи Тоҷикистон ба муддати як сол вогузор шуд. Қайд кардан бамаврид аст, ки дар ҷаласаи машваратии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲИ зиёда аз 100 ҳайъатҳои гуногун – 57 ҳайъат аз давлатҳои узв ва 5 кишварҳои нозир, ҳамчунин созмонҳои гуногуни минтақавию байналмилалӣ ширкат варзиданд. Дар раванди ҷаласаи мазкур масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, ҳуқуқӣ, гуманитарӣ, илмиву технологӣ, фарҳангиву иттилоотӣ баррасӣ шуданд ва барои масъалаҳои мубрам хулосаҳои зарурӣ пешниҳод карда шуд. Аз ҷониби Ҷумҳурии Тоҷикистон ва албатта бо розигии кишварҳои узв се қатънома барои баррасӣ пешниҳод гардиданд:

1. Истифодаи захира ва имкониятҳои нақлиётии ҳамсоякишварҳои узви СҲИ бо мақсади эҳё намудани иқтисодиёти Афғонистон;

2. Истифодаи оқилонаи захираҳои обӣ дар ҷаҳони ислом. Табодули таҷриба ва иттилоот, устувор гардонидани ҳамкории минтақавию исломӣ дар ин самт;

3. Осиёи Марказӣ ва ҷаҳони Ислом: назари умумии стратегӣ;

Эъломияи Душанбе, ки дар фарҷоми Иҷлоси 37-уми Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои СҲИ қабул гардид, бо дархости ҳайати Тоҷикистон ҳамчун санади Маҷмаи Умумӣ ва Шӯрои Амният ба шаш забони расмии СММ содир ва паҳн карда шуд.

Сентябри 2010 дар қароргоҳи СММ дар Ню-Йорк таҳти раёсати Тоҷикистон Иҷлоси солонаи ҳамоҳангсозии Вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Конфронси исломӣбаргузор шуд. Дар иҷлос ду санад - Баёнияи поёнӣва Эъломияи мубориза бо исломситезӣқабул гардиданд. Эъломияи мубориза бо исломситезӣ ва Баёнияи поёнии Иҷлоси солонаи ҳамоҳангсозии вазирони корҳои хориҷии кишварҳои аъзои Созмони Конфронси исломӣ мувофиқи тартиби муқарраргардида ва бино ба дархости ҳайати Тоҷикистон ба сифати раиси Гурӯҳи СҲИ дар Ню-Йорк ҳамчун санади Маҷмаи Умумӣ ва Шӯрои Амният ба шаш забони расмии СММ содир ва паҳн гардиданд.

Дар давоми роҳбарии Тоҷикистон дар Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲИ кишвар вазифаҳои пурмасъулро бо сарбаландӣ иҷро намуд, ки он обрӯи Тоҷикистонро дар ҷаҳони Ислом боло бурд. Тоҷикистон замони роҳбарӣ дар ҳамоҳанӣ бо Котиботи СҲИ ба рушди худи Созмон таваҷҷӯҳи махсус медод. Дар он замон Тоҷикистон ӯҳдадор буд, то ба ташаббусҳои байналмилалии марбут ба СҲИ ва кишварҳои узви он фавран вокуниш намояд. Ҳамчунин дар ташкил ва ҳамоҳангсозии чорабиниҳои муҳим дар доираи Созмон, ки қабл аз роҳбарии Тоҷикистон ба нақша гирифта шуда буданд, фаъол бошад. Аз ин рӯ, Ҷумҳурии Тоҷикистонро зарур меомад барои баланд бардоштани обрӯи хеш ва ҳифзи манфиатҳои миллӣ тамоми чораҳои заруриро андешад ва давоми роҳбарӣ намуна бошад.

Дар арафаи Иҷлосияи Шӯрои вазирони корҳои хориҷӣ бошад, Форуми соҳибкорони кишварҳои исломӣ бо иштироки Тоҷикистон баргузор шуд. Ҳамчунин бо иштироки Ҷумҳурии Тоҷикистон Барномаи амалиёт оид ба рушд додани ҳамкории СҲИ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ қабул гардид.  

28-29 октябри соли 2014 дар Душанбе нахустин Анҷумани сармоягузории Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ) баргузор гардид. Анҷумани мазкур дар чорчӯби Барномаи амали СҲИ ҷиҳати таҳкими ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ бо мақсади ҷалби сармоя ба ин кишварҳо ва инчунин таҳкиму тавсеаи муносибатҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ (ОМ) бо кишварҳои дигари узви СҲИ ташкил гардида, дар кори он зиёда аз 500 нафар ширкаткунандаго, аз ҷумлаи намояндагони воломақоми ҳукуматӣ, институтҳои молиявию иқтисодӣ, ширкатҳои бонуфузи бахши давлатӣ ва хусусии кишварҳои узви СҲИ ва намояндагони вазорату идораҳо ва доираи соҳибкорони маҳаллӣ ширкат варзиданд.

Чорабинӣ аз ҷониби Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ мӯҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ гардида, дар рафти он Иёд Амин Мадани, Дабири кулли СҲИ, Аҳмад  Муҳаммад Алӣ, Президенти Бонки исломии рушд, Атиқуллоҳ Атифмал, Муовини Вазири корҳои хориҷии Афғонистон, Абдулло Ғаббаш, Вазир давлатии Амороти муттаҳида Араб, Туркӣ ибни Сауд ал-Кабир ширкат варзиданд.

Анҷуман аз чор ҷаласаи мубрами иқтисодӣ: 1) Рушди долони нақлиётӣ ва инфрасохтори энергетикӣ дар Осиёи Марказӣ; 2) Тавсеаи тиҷорат ва сармоягузорӣ дар Осиёи Марказӣ дар чаҳорчӯби СҲИ; 3) Таҳкими иқтидор ва пешбурди содирот дар соҳаи коркарди маҳсулоти кишоварзӣ ва озуқаворӣ; 4) Рушди нақши соҳибкории хурд ва миёна дар соҳаи сайёҳат иборат буда, вобаста ба маърӯзаҳои он мубодилаи афкор байни ширкаткунандагон сурат гирифт.  

Дар фарҷоми Анҷуман аз ҷониби кишварҳои аъзо санади ниҳоӣ таҳти унвони “ Гузориши Анҷумани нахустини сармоягузорӣ оид ба нақшаи амал оид ба ҳамкорӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ” қабул гардид ва бо назардошти баррасии масъалаҳо ва фикру мулоҳизаҳо дар Анҷуман овоздор карда шуда,  тавсияҳои  зерин пешниҳод гардиданд:

Аз кишварҳои аъзои СҲИ ҷиҳати зиёд намудани маблағҳои Фонди ҳамбастагии исломӣ оид ба рушд (ISFD) барои дастгирии барномаҳои хурди молиявии мубориза бо фақр (камбизоатӣ) ва рушди корхонаҳои хурду миёна ва зербахши ҳунарҳои дастӣ;

Барномаи амали нави даҳсолаи СҲИ (2016-2025) бояд авлавиятҳои кишварҳои Осиёи Марказиро, ки дар Нақшаи амал барои Осиёи Марказӣ инъикос ёфтаанд, ба назар гирад;

Ба Палатаи савдо ва саноати исломӣ зарур аст, ки бахши хусусии кишварҳои аъзои СҲИ-ро барои дастгирии орзуву ормонҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ сафарбар намояд;

Зарурати даъват намудани Анҷумани сармоягузорӣ оид ба Осиёи Марказӣ дар ду сол як бор дар ҳар панҷ кишвари Осиёи Марказӣ бо баргузор намудани намоишгоҳҳои тиҷоратӣ дар ҳошияи он;

Аз кишварҳои аъзои СҲИ даъват карда шавад, ки лоиҳаҳои дар рафти Анҷуман муайян гардидаро дастгирӣ намоянд;

Зарурати сафарбар кардани шарокати бахши давлатӣ ва хусусӣ ва “Build-Operate-Transfer modality” (сохтмон, ба роҳ мондани фаъолият ва таъмир ва нигоҳубин то давраи муайян) барои амалӣ кардани лоиҳаҳо;

Кишварҳои Осиёи Марказӣ ҷиҳати ҳамроҳшавӣ ба созишномаҳои мухталифи бисёрҷониба оид ба ҳамкории тиҷоратӣ ва иқтисодӣ ташвиқ карда мешаванд, аз ҷумла: Созишномаҳои умумӣ оид ба ҳамкории иқтисодӣ, техникӣ ва тиҷоратӣ миёни кишварҳои аъзои СҲИ; Созишнома оид ба пешбурд, ҳимоя ва кафолати сармоягузорӣ миёни кишварҳои аъзои СҲИ; Созишномаҳо оид ба системаи тиҷорати имтиёзноки СҲИ (TPS-OIC); Оинномаи муассисаи стандартизатсия ва метрология барои кишварҳои СҲИ (SMIIC); ва Оинномаи созмони исломӣ оид ба амнияти озуқаворӣ (IOFS). Кишварҳои Осиёи Марказӣ ҳамчунин ҷиҳати фароҳам овардани чаҳорчуби ҳуқуқӣ барои мусоидат ба ҷалби сармоягузории мустақими хориҷӣ аз кишварҳои аъзои СҲИ ташвиқ карда мешаванд;

Аз Бонки исломии рушд (IDB) даъват оварда мешавад, ки лоиҳаҳои муштарак ва умумиро бо мақсади маблағгузорӣ ё тавассути маблағгузории муштарак аз ҷониби бонкҳои рушди бисёрҷонибаи дигар муайян намояд;

Дастгирии пудратчиёни кишварҳои аъзои СҲИ тавассути таъмини саривақтии онҳо бо маълумот оид ба лоиҳаҳои аз ҷониби Бонки исломии рушд (IDB) маблағгузоришаванда.

Аз Корпоратсияи исломӣ оид ба суғуртаи сармоягузорӣ ва кредитҳои содиротӣ (ICIEC) дархост карда мешавад, ки имкониятҳои сармоягузориро барои сармуягузорони имконпазир дар кишварҳои аъзои СҲИ тавассути таъсиси бонки маълумот дар ин росто, аз ҷумла дар бахши лоиҳаҳо, муайян ва пешниҳод (муаррифӣ) намояд.

Аз Корпоратсияи байналмилалии исломӣ оид ба маблағгузории тиҷорат дархост карда мешавад, ки маблағгузории имтиёзноки воридоти молу колоро аз кишварҳои исломӣ, аз ҷумла пешниҳоди нархи иловагии паст ба муассисаҳои воридкунанда ва муҳлати нисбатан дарози пардохт, таъмин намояд.

Дастгирии кредити хурд.

Ҳамаи ин аз он дарак медиҳад, ки дастовардҳои Тоҷикистон дар самти иқтисодӣ, илмӣ, фарҳангӣ, пойдорсозии сулҳ эътироф гаштааст ва кишвари мо дар ғанигардонии фарҳанги исломӣ саҳми намоён гузоштааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон иштироки фаъол дар ин Созмонро яке аз ҷанбаҳои муҳими сиёсати хориҷии худ муқаррар  кардааст. Дар ин замина Тоҷикистон дар  таҳкими нақши он дар ҳаллу фасли масъалаҳои мубрами минтақавию байналмилалӣ манфиатдор монда, cаъю талошҳои созандаро, ки ба  ҳамкориҳои беш аз пеш густарда миёни кишварҳои аъзои нигаронда шудаанд, дастгирӣ  менамояд.

04/01/2016

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj