Тоҷикӣ | Русский | English  

Тоҷикистон ва Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо

Ҷумҳурии Тоҷикистон Санади ниҳоии Ҳелсинкиро моҳи феврали 1992 имзо намудааст. Истифодаи таҷриба, нуфуз ва нерӯи Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) дар ҷараёни демократикунонии ҷомеа, таҳкими амнияти миллӣ, минтақавӣ ва байналхалқӣ, эҷод намудани унсурҳои муҳими ҷомеаи шаҳрвандӣ ва танзими масъалаҳои ақаллиятҳои миллӣ воридшавии Тоҷикистонро ба ин созмон воҷиб гардонида буд.

Тақвияти муносибатҳои густарда дар инкишофи ҳамкорӣ бо сохторҳои гуногуни байналмилалии амниятӣ, аз он ҷумла, САҲА ба мақсад ва принсипҳои сиёсати берунаи Тоҷикистон  мусоидат менамояд. Он ба манфиати таҳкими истиқлолияти давлатӣ ва амнияти миллӣ дар самти Аврупо мусоидат мекунад.

Намояндагии САҲА дар Тоҷикистон 17 феврали соли 1994 ифтитоҳ гардид. Асоси ҳуқуқӣ барои таъсиси намояндагии САҲА муқаррароти механизм барои машварат ва ҳамкорӣ дар мавриди ҳолатҳои фавқулодда гардиданд, ки дар чаҳорчӯбаи якумин мулоқоти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии САҲА дар Берлин, ки июни 1991 баргузор шуд, таҳия шуда буданд. Қарор оид ба таъсиси намояндагии САҲА дар ҶТ ҳанӯз 1 декабри соли 1993 зимни вохӯрии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии САҲА дар Рим қабул гардида буд. Азбаски фаъолияти САҲА дар замони ҷанги шаҳрвандӣ дар кишвар шурӯъ шуда буд, Намояндагӣ дар назди худ вазифа гузошт, то барои беҳтар гардидани вазъи кишвар, фароҳам овардани шароити мусоид ва рушд додани равандҳои демократӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон мусоидат намояд.

Пас аз истиқрори сулҳ дар кишвар, қисми зиёди вазифаҳое, ки дар назди Намояндагӣ дар давраи баъд аз низоъ гузошта шуда буданд, аҳамияти худро гум карданд. Он рӯзҳо аксар масъалаҳои муҳиме, ки ниёз ба ҳал доштанд,  асосан ба вазъи иҷтимоию иқтисодӣ вобаста буданд. Аз ин рӯ, бо қарори Шӯрои доимии САҲА аз 31 октябри соли 2002 таҳти рақами № 500 мандати нави Миссияи САҲА дар Тоҷикистон муайян шуд ва номи он  ба Маркази САҲА тағйир ёфт. Мандати нав аз Марказ тақозо мекард, то таваҷҷӯҳи махсус ба ченакҳои иқтисодиву экологӣ дода шаванд.

Айни ҳол САҲА дар Тоҷикистон панҷ офиси саҳроӣ дорад, ки онҳо дар шаҳрҳои Хуҷанд, Кӯлоб, Қурғонтеппа, Ғарм ва Шаҳритус ҷойгир шудаанд. Ҳамчунин, САҲА соли 2009 Коллеҷи худро барои таълими кормандони идораҳои марзбонӣ ташкил намудааст, ки ҳамаи 57 кишвари иштирокчии САҲА ва 11 шарики он метавонанд мутахассисони самти марзбонии хешро барои омӯзиш фиристанд. Роҳбари кунунии Дафтар сафир Маркус Мюллер мебошад.

 Дафтари САҲА дар Тоҷикистон дар асоси се ченаки муайяншуда: ҳарбӣ-сиёсӣ, иқтисодиву экологӣ ва инсонӣ лоиҳаҳои гуногун амалӣ мекунад. Дафтар барои татбиқи лоиҳаҳо барои ҳавасмандгардонии муколамаҳои босамар миёни ҳукумат, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва ҳизбҳои сиёсӣ мусоидат карда истодааст.

Дар ченаки ҳарбӣ-сиёсӣ САҲА ба мақомоти қудратӣ барои мубориза бо терроризм, ҷиноятҳои муташаккилона, ислоҳоти милитсия, поксозии минаҳо, ҳамчунин ҳифзи  сарҳад  ба Ҳукумати ҶТ мусоидат менамояд. Таваҷҷӯҳи махсус ба таҳкими сарҳад ва ҳифзи он, тақвият додани малакаи сарҳадбонон дода мешавад, ки дар ин самт лоиҳаҳои зиёд амалӣ карда мешаванд аз ҷумла дастгирии техникиву молиявӣ. Дар ин росто нақши Коллеҷи мудирияти сарҳадҳои САҲА назаррас аст. Курсҳои омӯзишии Коллеҷ асосан ба самти бехатарии сарҳад, модели мудирият,  унсурҳои назорати сарҳад ва ҳамкорӣ, амнияти ченаки инсонӣ, идоракунӣ ва роҳбарият равона гардидаанд. Курсҳо бо фаъолиятҳои амалӣ тақвият бахшида мешаванд.

Ҳамкорӣ миёни Тоҷикистону САҲА дар ченаки иқтисодиву экологӣ ҳамчун ченаки дуюм раванди тозаро касб кардаст. САҲА дар ин самт лоиҳаҳои гуногун барои  беҳсозии фазои сармоягузорӣ ва тиҷорат, тавсеаи тиҷорати минтақавӣ ва маҳаллӣ,  баланд бардоштани сатҳи огоҳии мардум роҷеъ ба оғози фаъолияти соҳибкорӣ ва меъёрҳои ҳуқуқии соҳа, бахши обу энергетика: идораи самараноки захираҳои об, рушди нерӯгоҳҳои хурди обӣ барқӣ, мукаммал гардонидани қонунгузорӣ дар самти экологӣ дар кишвар, дастрасии иттилооти экологӣ ва баланд бардоштани маърифати экологии шаҳрвандон ҷиҳати пешгирии мушкилоти экологӣ, пешбурди иқтисоди сабз, пешгирӣ ва бартараф намудани омилҳои коррупсионӣ амалӣ намуда истодааст.

Ҷумҳурии Тоҷикистон ва САҲА ба самти ченаки инсонӣ таваҷҷӯҳи махсус медиҳад, ки он барои рушди демократия тавассути пешбурди масъалаҳои ҳуқуқи инсон, интихоботҳои озоду шаффоф, озодии васоити ахбори омма ва иштироки сиёсии занон мусоидат менамояд. Ҳамчунин дар доираи он лоиҳаҳои гуногун барои ислоҳоти Комиссияи марказии интихоботӣ, татбиқи барномаҳои омӯзиши ҳуқуқи инсон ва ҳимояи ҳуқуқи инсон, низоми адолати судии ҷиноӣ, баланд бардоштани маърифатнокии ҷавонон мусоидат ба васоити ахбори оммаи озод, баланд бардоштани мақоми зан дар ҷомеа, пешгирии зӯроварии хонаводагӣ  амалӣ карда мешаванд. Ҳамчунин, шурӯъ аз соли 2000 нозирони Дафтар барои институтҳои демократӣ ва ҳуқуқи инсон (ODIHR) пайваста барои назорати интихоботҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон даъват мешаванд. Дар доираи ин барнома намояндагони Ҷумҳурии Тоҷикистон низ ҳамчун нозири дарозмуддат ва кӯтоҳмуддат дар интихоботҳои парлумонӣ ва маҳаллии давлатҳои иштирокчии САҲА ширкат меварзанд.

Дар чаҳорчӯби ченаки мазкур як лоиҳае муҳим дар мавзӯи “пешгирии ифротгароии хушунатомез ва тундгароии ба терроризмбаранда (VERLT)” амалӣ карда мешавад. Дар ҳоли ҳозир гурӯҳи корӣ иборат аз коршиносони ватанӣ ҷиҳати баррасӣ ва қабули Стратегияи миллӣ кору фаъолият мебаранд.  

Ҳамасола дар доираи фаъолияташ САҲА нишасти Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои иштироккунандаи САҲА-ро баргузор менамояд, ки дар он Тоҷикистонро Вазири корҳои хориҷӣ намояндагӣ мекунад. Дар ҳошияи ин маъракаи сиёсӣ масъалаҳои мубрам ба монанди пойдории сулҳу субот, бехатарӣ, пешбурди демократия, ҳуқуқи инсон ва дигар самтҳои авзалиятнок баррасӣ мегарданд. Дар яке аз ҷаласаҳои навбатии Шӯрои доимии САҲА (3 апрели соли 2003) бо ташаббуси Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Э.Раҳмон қарори № 537 дар бораи ба Афғонистон додани мақоми Шарик дар ҳамкорӣ бо САҲА-ро қабул намудааст.

Мувофиқи ҳуҷҷатҳои Вена оид ба тадбирҳои эътимод ва амният Тоҷикистон ҳар сол ахбори ҳарбиро ба тамоми кишварҳои САҲА таҳвил менамояд.

Ҳамкории Тоҷикистону САҲА дар ҳоли ҳозир дар сатҳи баланд қарор дорад. Тоҷикистон дар солҳои минбаъда низ дар татбиқ ва пешбурди ҳадафҳои рушди устувор, сулҳу субот ва бехатарӣ саҳмгузор мегардад. 

04/01/2016

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj