Тоҷикӣ | Русский | English  

Тоҷикистон ва Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО)

Созмони Ҳамкории Иқтисодӣ (ЭКО) 12 марти соли 1977 аз ҷониби Ҷумҳурии Исломии Эрон, Ҷумҳурии Туркия ва Ҷумҳурии Исломии Покистон пас аз бастани Паймони Измир таъсис ёфтааст. Аз соли 1964 то 1979 ЭКО таҳти унвони «Ҳамкории минтақавӣ бо мақсади тараққиёт» вуҷуд доштааст. Бо поён ёфтани «ҷанги сард» воқеиятҳои нав буруз намуданд, ки васеъшавии ҷуғрофиро аз ҳисоби ба созмон дохил шудани кишварҳои Осиёи Марказӣ, Озарбойҷон ва Афғонистон имконпазир гардониданд. Таъғйироти мазкур ЭКО-ро ба ташкилоти минтақавии дорои аҳамияти хоссаи геостратегӣ ва имкониятҳои бузурги иқтисодӣ табдил дод. Созмон ба масобаи ҳалқаи ягонаи се минтақаи Осиё – Миёна, Ғарбӣ ва Ҷанубӣ ва сарпул байни Аврупо ва Осиё мебошад.

Бо дохил шудани давлатҳои нави аъзо ба Созмон (28 ноябри соли 1992), намояндагони Афғонистон, Озарбойҷон, Қирғизистон, Қазоқистон, Тоҷикистон, Туркманистон ва Ӯзбекистон дар Исломобод Афзунаи Паймони Измирро имзо намуданд (он Рӯзи ЭКО эълон шудааст).

14 сентябри соли 1996 дар шаҳри Измир маросими имзои Паймони нави Измир – Ойинномаи ЭКО ва Созишнома оид ба мақоми ҳуқуқии он баргузор шуд.

21 майи соли 1998 Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Паймони нави Измирро тасдиқ намуда, дохил шудани Тоҷикистонро ба ЭКО ба расмият даровард.

Дар чаҳорчӯби Созмон аз ҷониби ҶТ як қатор ҳуҷҷатҳо ба имзо расида, тасдиқ гардидаанд: Паймони Измир, Созишнома оид ба тиҷорати транзитӣ дар минтақаи ЭКО, Созишномаи сиғавии ЭКО оид ба ҳамлу нақли транзитӣ, Созишномаи тиҷоратии ЭКО, Ойинномаи Донишкадаи фарҳангии ЭКО, Ойинномаи Бунёди илмии ЭКО ва Ойинномаи Донишкадаи маорифи ЭКО.

ЭКО аз 28 сентябри 1993 дорои мақоми нозир дар СММ ва Созмони ҳамкории исломӣ мебошад.

Мақсаду вазифаҳои дар асноди асосии Созмони баёншуда – Паймони Измир (Ойинномаи ЭКО), Барномаи алматогии рушди бахши нақлиёт, Эъломияи ашқободии вохӯрии ғайринавбатии сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои узви ЭКО дар бораи рушди зербинои нақлиёту коммуникатсия ва шабакаи хатҳои қубури фаромиллӣ дар минтақаи ЭКО ва Стратегияи ҳамкории иқтисодӣ дар минтақаи ЭКО рушди ҳамаҷонибаи иқтисоди бозоргонии давлатҳои узви ЭКО ва ҳамгироии босуръати онҳоро ба низоми хоҷагидории ҷаҳонӣ пешбинӣ мекунад. Мақсади зикршуда пурра бо раванди интихобнамудаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, яъне бо ислоҳоти иқтисодии кишвар мувофиқат мекунад. Инчунин ба амалӣ намудани Барномаи ислоҳоти иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба рушди босуръати иқтидори содиротӣ, танзими сохтори воридот, баландбардории сифати маҳсулоти корхонаҳо, рушди шаклҳои гуногуни соҳибкории муштарак ва ғайра равона карда шудааст, мусоидат мекунад.

Масъалаҳои ташкили системаи ҳамлу нақли бехатар, осон намудани қоидаҳои тиҷорат, ҳавасмандкунонии тиҷорати наздисарҳадӣ, истифодаи самараноки захираҳои обию-энергетикӣ, ташкили системаи ягонаи энергетикӣ, ҳаракати озоди қувваи корӣ ва молҳо, инчунин ташкил намудани ҳудуди ягонаи иқтисодӣ сиёсати имрӯзаи ЭКО-ро нишон медиҳад.

Ҳамагӣ дар чаҳорчӯби Созмон 12 мулоқот дар сатҳи олӣ гузаронида шудааст: мулоқоти аввал – дар Теҳрон 16-17 феврали 1992, дувум – дар Стамбул 5-7 июли 1993, сеюм – дар Исломобод 13-15 марти 1995, чаҳорум – дар Ашқобод 13-14 майи 1996, панҷум – дар Алмато 10-11 майи 1998, шашум – дар Теҳрон 10 июни 2000, мулоқоти якуми ғайринавбатии ЭКО – дар Ашқобод 14 майи 1997, ҳафтум – дар Стамбул 14 октябри 2009, мулоқоти ҳаштуми Сарони давлатҳо – дар Душанбе 14 сентябри соли 2004, нуҳум – дар Боку соли 2006, даҳум –  дар Теҳрон моҳи марти 2009 ва ёздаҳум дар Истамбул 22-23 декабри 2011. Саммити 12-уми Сарони кишварҳои узв 16 октябри соли 2012 дар шаҳри Боку баргузор гардид.

Дар мулоқоти ҳаштуми сарони давлатҳои ЭКО (14 сентябри 2004, Душанбе) роҳбарони ҳайъатҳо аҳамияти ҳамкории устувори кишварҳои узви ЭКО-ро дар тамоми соҳаҳои авлавиятноки иқтисодиёт таъкид намуда, дастгирии худро ба рушди бештари ҳамкорӣ ҷиҳати расидан ба шукуфоии минтақа ва ҳамгироии бомуваффақияти он ба низоми ҷаҳонии хоҷагӣ изҳор карданд. Дар натиҷаи кори мулоқоти 8-уми ЭКО Эъломияи Душанбе қабул гардид.

Рӯзҳои 22–юм ва 23–юми декабри соли 2010 дар шаҳри Истамбули Ҷумҳурии Туркия нишасти 11–уми сарони давлатҳо ва ҳукуматҳои кишварҳои аъзои ЭКО баргузор гардид. Дар он нишаст ҳайати расмии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон ширкат варзид. Масоили ҳамкории иқтисодӣ-тиҷоратӣ, нақлиётию коммуникатсионӣ ва энергетикӣ мавзӯъҳои меҳварии он ҳамоиш буданд.

Дар охири ҳамоиш Эъломияи Истамбул ва як зумра қарорҳои муҳим оид ба таъмини фаъолияти самарабахши ЭКО, густариши минбаъдаи ҳамкории минтақавӣ ва баланд бардоштани он то сатҳи сифатан нав қабул шуданд. Пешниҳодҳои ҷониби Тоҷикистон дар бораи пайвастани роҳҳои нақлиётии Чин, Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон ва Туркия ва ҳамчунин зарурати пурра истифода намудани потенсиали гидроэнергетикии минтақа ва ҳар чӣ зудтар татбиқ намудани лоиҳаи «CASA 1000» барои ба ҳам пайвастани шабакаҳои энергетикии Қирғизистон, Тоҷикистон, Афғонистон ва Покистон дар матни Эъломия инъикос ёфтанд.

Дарҷ гардидани пешниҳодҳои Тоҷикистон дар матни Эъломияи Истамбул далели рӯшани афзоиши эътибору манзалати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар арсаи байналмилалӣ, эътирофи сиёсати созандаи дохиливу хориҷии Давлату Ҳукумати Тоҷикистон бо роҳбарии Президенти мӯҳтарами кишвар Ҷанобӣ Олӣ Эмомалӣ Раҳмон аз ҷониби кишварҳои узви ЭКО мебошад. Дар фароварди ҳамоиш ҳамчунин маросими тантанавии супурдани ҷоизаҳои ЭКО баргузор шуд ва зимни он ҷоиза дар соҳаи фарҳанг барои дастовардҳои намоёни илмию тадқиқотӣ ба олими санъатшиноси тоҷик Фароғат Азизӣ тақдим карда шуд.

Ҳамкорӣ дар соҳаи тиҷорат. Аз рӯзҳои аввали истиқлолияташ Ҷумҳурии Тоҷикистон сиёсатеро пеш гирифт, ки он ба самти рушди устувори иқтисодиёт, инчунин таъмини рушду тавсеаи иқтисодӣ дар сатҳи муосир ва мубаддалгардонии он ба қисми асосии сохтори иқтисодии ҷаҳонӣ равона шуда буд.

Созишнома оид ба савдои транзитии ЭКО ва Созишномаи Сиғавӣ оид ба ҳамлу нақл дар минтақаи ЭКО ва Созишномаи савдои ЭКО, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон имзо ва тасдиқ кардааст, барои рушди тиҷорат – ҳамчун ҷузъи асосии ҳамкории минтақавӣ, нақши муҳим мебозанд.

Созишномаи тиҷоратии ЭКО аз ҷониби Тоҷикистон дар рафти ҷаласаи 2-юми вазирони савдои кишварҳои аъзои ЭКО, ки 15-17 июли соли 2003 дар Исломобод баргузор гардида буд, ба имзо расид ва бо қарори Маҷлиси Намояндагон ва Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 1163 аз 23 июни соли 2004 ба тасвиб расид.

Созишномаи тиҷоратии ЭКО (ЭКОТА) бояд дар мӯҳлати қобили қабул рафъи ботадриҷи монеъаҳои ғайриторифавӣ ва инчунин марҳила ба марҳила паст кардани торифҳоро таъмин кунад. Бо мақсади ҳамоҳанг сохтани масъалаҳои гуногуни мутааллиқ ба Созишномаи ЭКОТА, намояндаи Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳайси ҳамоҳангсоз таъйн шудааст.

Тибқи муқарароти созишнома, Шӯро оид ба ҳамкорӣ барои мониторинг ва назорати иҷроиши созишнома таъсис дода мешавад. Ҳар як кишвари аъзо метавонад кумитаи ҳамоҳангсози миллӣ аз ҳисоби вазорату идораҳои дахлдор таъсиси диҳанд, ки бо ЭКОТА кор мебаранд.

Созишномаи Сиғавӣ оид ба ҳамлу нақл ҳамчун стратегияи босамар ҷиҳат тавсеаи тиҷорат тавассути рушди ҳамкориҳои минтақавӣ дар соҳаи ҳамлу нақл арзёбӣ карда мешавад.

Дар шароити кунунӣ ва дар ояндаи наздик муайян кардани ҷанбаҳои авлавиятноки иқтисодиёт, ки ба рушди соҳаҳои гуногуни хоҷагидорӣ мусоидат карда метавонанд, зарур мебошад. Омӯзиши ҳамгироии кишвар дар чаҳорчӯби созмони мазкур нишон медиҳад, ки дар ояндаи наздик равобит миёни кишварҳои узв боз ҳам амиқтар хоҳад шуд.

Яке аз роҳҳои татбиқи босамари барномаҳо таъсис додани минтақаҳои озоди иқтисодӣ шуда метавонад. Минтақаҳои мазкур барои рушди иқтисодӣ омили асосӣ хоҳанд шуд. Аксари кишварҳои ЭКО дар ин самт таҷрибаи ғанӣ доранд.

Бояд зикр кард, ки танҳо бо роҳи эҷоди фазои ягонаи иқтисодӣ ва ҳамгироии амиқи минтақавӣ кишварҳои узв метавонанд амнияту рушди устуворро таъмин намоянд. Дар баробари ин масъалаи таҳияи асосҳои ҳуқуқии сиёсати тарофавӣ ва тиҷоратӣ дар минтақа зарурият пайдо кардааст.

Ҳамкорӣ дар соҳаи нақлиёт. Рушди иҷтимоӣ ва иқтисодии ҳар як минтақа аз бисёр ҷиҳат ба ҳолати зерсохтори нақлиётии он, ки дар таъмини ҳамкориҳо миёни кишварҳои минтақа нақши муҳим мебозад, вобаста аст.

Аз ин лиҳоз, Нақшаи асосии рушди соҳаи нақлиёт дар минтақаи ЭКО ва Изҳороти ашқободии Мулоқоти ғайринавбатӣ дар сатҳи олӣ оид ба рушди зерсохтори нақлиётӣ ва коммуникатсионӣ ва хатҳои об дар минтақаи ЭКО, ки дар чаҳорчӯби Созмон қабул шудаанд, барои ҳамаи кишварҳои минтақа, аз ҷумла Тоҷикистон, ки дастрасӣ ба баҳр надорад, аҳамияти хоса доранд. Дар арафаи Саммити 4-уми сарони кишварҳои ЭКО (13 майи соли 1996) Роҳи оҳани Сарахс-Теҷен-Машҳад ифтитоҳ гардид, ки Аврупо ва Осиёро бо роҳи кӯтоҳтарин ба ҳам пайваста, имкониятҳои Созмонро дар арсаи байналмилалӣ афзун кард. Роҳи оҳани мазкур як шохаи Шоҳроҳи оҳани трансосиёии Нақшаи асосии рушди соҳаи нақлиёт мебошад. Интиқоли бор бо коридорҳои имрӯзаи нақлиётӣ, лағви саддҳои ғайритарофавӣ ва коҳиши мунтазами тарофаҳо дар мӯҳлатҳои  мувофиқашуда имкон медиҳад, ки тиҷорати транзитӣ дар тамоми минтақаи  ЭКО рушд дода шавад, ба тиҷорати наздисарҳадӣ мусоидат карда шавад, инчунин хароҷоти интиқоли бор кам карда шавад. Кишварҳои узв имкон доранд, зерсохтори ягонаи нақлиётии пайваст ба баҳрро таъсис диҳанд. Ин иқдом дар шароити тавсеаи равобити байналмилалии иқтисодӣ хеле муҳим мебошад. Дар ҳолати набуди имкониятҳои кишварҳои Осиёи Марказӣ барои баромадан ба портҳои баҳрӣ, эҷоди коридори умумӣ такони бузурге барои таҳкими аҳамияти геополитикӣ ва тиҷоратӣ-иқтисодӣ хоҳад шуд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон бо баъзе кишварҳои узви ЭКО дар масъалаи таҳияи тарҳҳои роҳҳои автомобилгард ва роҳи оҳан, ки  дар доираи Созишнома барои беҳтар гардонидани робитаҳои нақлиётӣ нигаронида шудааст, ҳамкории зич дорад. Чунин тадбирҳо бо аҳдофи Даҳсолаи нақлиёт ва коммуникатсия (солҳои 2007-2015) низ пурра тавъам  мебошанд.

Дар баробари ин Ҷумҳурии Тоҷикистон талошҳои худро барои бунёд намудани роҳи оҳан, ки Тоҷикистонро бо роҳи оҳани Афғонистону Эрон аз як тараф ва Киргизистону Хитой  аз тарафи дигар мепайвандад, кушиш ба харҷ медиҳад.

Ҳамкорӣ дар соҳаи энергетика. Ҳалли масъалаҳои мубрам ва босамари истифодаи захираҳои обӣ ва энергетикӣ яке аз соҳаҳои асосии ҳамкории минтақавӣ мебошад.

Ҳамзамон, татбиқи фаъолияти муштарак дар соҳаи захираи барқ, истифодаи алтернативии манбаъҳои энергетикӣ аҳамияти бузург дошта метавонад. Яке аз манбаҳои асосии алтернативӣ ин қувваи офтоб мебошад. Тоҷикистон, ки дар минтақаи офтобрӯя ҷойгир аст, иқтидори калони истеҳсоли нерӯи офтобиро дорост. Нерӯи офтобро дар тараққии хоҷагии қишлоқ ва саноати минтақа истифода бурдан мумкин аст.

Ҳамкорӣ дар соҳаи мубориза бар зидди гардиши ғайриқонунии маводи мухаддир. Дар Котиботи ЭКО мақоми ҳамоҳангсоз оид ба назорати маводи мухаддир ташкил ёфтааст. Дар чаҳорчӯби ҳамкории ЭКО бо дигар созмонҳои байналмиллалӣ, ҳамкории Созмон бо Раёсати СММ оид ба пешгирии ҷиноятҳо ва назорати маводи мухаддир хеле босамар арзёбӣ мегарадад.

Ҳамкорӣ дар соҳаи хоҷагии қишлоқ. Тараққиёти хоҷагии қишлоқ барои пешравии иқтисодиёт ва коҳиш додани сатҳи камбизоатӣ нақши муҳим мебозад.  Бо ин мақсад якчанд машварати вазирони хоҷагии қишлоқи давлатҳои узви ЭКО баргузор гардидаанд. Зимни онҳо ду санади муҳим –  эъломияҳои Исломобод ва Анталия, ки дар онҳо чаҳорчӯби умумӣ ва самтҳои авлавиятноки ҳамкорӣ дар соҳаи кишоварзӣ муайян карда шудаанд, қабул шудаанд. Мавзӯҳои асосии мулоқотҳои вазирон хушксолӣ, шароити номусоиди  тиҷоратӣ дар соҳаи кишоварзӣ, сатҳи пасти маҳсулотнокӣ ва таъмини ҳифзи навъҳои тухмиҳои маҳсулотҳои кишоварзӣ будаанд.  

Дар чаҳорчӯби ЭКО Ассотсиатсияи тухмипарварони ЭКО ташкил карда шудааст, ки ба он корхонаву идораҳои ба соҳа сарукор дошта шомил мебошанд. Бо мақсади таҳияи нақшаи фарогиру дарозмуддат оид ба ҳамкорӣ дар соҳаи хоҷагии қишлоқ, Котиботи ЭКО бо дастгирии техникӣ ва молияви Созмони СММ оид ба озуқаворӣ ва хоҷагии қишлоқ (ФАО) ба тарҳрезии Стратегияи минтақавии ЭКО оид  ба рушди хоҷагии қишлоқ ва амнияти озуқаворӣ машғул мебошад.

Ҳамкорӣ дар соҳаи саноат. Тоҷикистон барои тавсеа ва рушди ҳамкорӣ бо давлатҳои узви ЭКО дар соҳаи саноат манфиатдор мебошад. Нақшаи амалиёти ЭКО оид  ба ҳамкорӣ дар соҳаи саноат қабул шудааст, ки соҳаҳои зеринро дар бар мегирад: беҳсозии фазои сармоягузорӣ, стандартизатсия,  беҳсозии сифати маҳсулот, маҳви монеаҳои техникӣ, мусоидат ба тиҷорат, рушди сектори хусусӣ, таъсиси корхонаҳои саноатии хурду миёна, интиқоли таҷҳизот ва ғайра.

Ҳамкорӣ дар соҳаи телекоммуникатсия. Тоҷикистон дар рушди ҳамкорӣ бо давлатҳои  узв дар соҳаи телекоммуникатсия ҳавасманд аст. Нақшаи рушди алоқаи телекоммуникатсионӣ  ва почта дар минтақа самтҳои асосии фаъолияти муштаракро ҷиҳати бароҳандозии алоқаи телекоммуникатсионии муосир муайян кардааст.

Дар чаҳорчӯби Созмон Нақшаи рушди алоқаи телекоммуникатсионӣ  ва почта дар минтақа таҳия ва қабул шудааст. Санади мазкур самтҳои фаъолияти муштаракро ҷиҳати таъмини алоқаи телекоммуникатсионии ҳозирзамон, таълими мутахассисони ботаҷриба, таъсиси корхонаҳои муштарак ва истеҳсоли таҷҳизоти телекомуникатсионӣ дар бар мегирад, ки ба ҳалли мушкилоти мубрами мавҷуда дар соҳаи телекомуникатсия дар Тоҷикистон мусоидат хоҳад кард.

Ҳамкорӣ дар соҳаи фарҳанг ва маориф. Тоҷикистон бо ҳамаи давлатҳои узви ЭКО алоқаҳои умумии фарҳангӣ ва таърихӣ дорад. Тавсеа ва таҳкими алоқаҳои фарҳангӣ бо давлатҳои узви ЭКО дар мадди назари роҳбарияти Ҳукумати Тоҷикистон қарор дорад. Тоҷикистон яке аз аввалин давлатҳои узви ЭКО мебошад, ки Ойинномаи ниҳоди фарҳангии ЭКО ва фонди илми ЭКО-ро имзо ва тасдиқ намудааст. Ниҳодҳои мазкури минтақавии ЭКО бо мақсади таҳкими ҳамкориҳои фарҳангӣ ва илмӣ таъсис шудаанд.

Дар ин росто, Ҷаласаи панҷуми коршиносони сатҳи баланд ва Ҷаласаи шашуми Шӯрои сарпарастони Муассисаи фарҳангии ЭКО 19-23 марти соли равон дар шаҳрҳои Хуҷанд ва Қайроқуми Вилояти Суғд баргузор гардиданд. Дар чорабиниҳои мазкур роҳбарияти вазоратҳои фарҳанги ҷумҳуриҳои исломии Афғонистон, Эрон, Покистон, Тоҷикистон ва Муассисаи фарҳангии ЭКО ширкат намуданд. Меҳмонон инчунин дар таҷлили ҷашни байналмилалии Наврӯз, ки бо иштироки Президенти кишвар дар шаҳри Хуҷанд баргузор гардид, ширкат намуданд.

04/01/2016

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj