Тоҷикӣ | Русский | English  

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумхурии Тоҷикистон соли 1996, № 3, мод.55; соли 1997, № 9, мод. 117; соли 1998, №10, мод.119; соли 2001, № 7, мод. 475; соли 2003, № 8, мод. 452; соли 2009, №3, мод.93)

 

I. ҚОИДАҲОИ УМУМӢ

 

Моддаи 1. Шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон шахсоне эътироф мешаванд, ки мансубияти шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон намебощандвахуччате доранд, ки мансубияти онҳоро 6а шаҳрвандии давлати дигар тасдик мекунад.

Мутобики Конституцияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқу озодиҳои дахлдор кафолат дода мешавад.

 

Моддаи 2. Қонунҳо дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон дар бораи вазъиҳуқуқии шаҳрвандонихориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистоназ ҳаминҚонун ва санадҳои дигари қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон иборатанд, ки мутобиқи Конституцияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонвазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян мекунанд.

Вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳамчунин дар асоси шартномаҳои байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон муайян карда мешавад.

 

Моддаи 3. Асосҳои вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Агар дар Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳамин Қонун ва Қонунҳои дигари Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинй нашуда бошад, шаҳрвандони хоричй дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқу озодиҳо ва ӯҳдадориҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон баробар истифода мебаранд.

Шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон новобастааз аслунасаб, вазъи иҷтимоию шароити молиявӣ, мансубияти нажодиву миллӣ, ҷинсият, маълумот, забон, муносибат ба дин, навъу хусусияти машuулияташон ва ҳолатҳои дигар дар назди Қонун баробаранд.

Ҷумҳурии Тоҷикистон нисбати шаҳрвандони давлатҳое, ки дар он ҷо ҳуқуқу озодиҳои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон қасдан маҳдуд карда мешаванд, маҳдудиятҳои мутобиқ муқаррар мекунад.

Аз тарафи шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истифода шудани ҳуқуқу озодиҳо набояд ба манфиатҳои ҷумҳурӣ, ҳуқуқваманфиатҳои қонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони дигар зарар расонад.

 

Моддаи 4. Eҳдадории эҳтироми Конституция (Сарқонун) ва риояи қонунҳои Ҷумҳурии Точикистон

Амалӣ кардани ҳуқуқу озодиҳое, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шаҳрвандони хориҷӣ дода шудааст, аз иҷрои ӯҳдадориашон, ки қонунгузори мукаррар кардааст, ҷудонашаванда аст.

Шаҳрвандони хориҷии муқими Ҷумҳурии Тоҷикистон ӯҳдадоранд, ки Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистонро эҳтиром ва қонунҳои ҷумҳуриро риоя кунанд, расму оини халқҳои сокини қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонро гироми доранд.

 

Моддаи 5. Шаҳрвандони хориҷие, ки ба таври доимӣ ё муваққатӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон истиқомат мекунанд

Истиқоматкунандагони доимӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон он шаҳрвандони хориҷие дониста мешаванд, ки дорои иҷозати бо гувоҳномаи иқомат ба расмият даровардашуда, ки аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дода шудааст, бошанд.

Қоидаҳои ба расмият даровардан, додан ва намунаи варақаи гувоҳномаи иқоматиро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.

Шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар дигар асосҳои қонунӣ қарор доранд, истиқоматкунандагони муваққатӣ ҳисобида мешаванд. Онҳо ўҳдадоранд, ки дар муддати 3 шабонарўз аз рўзи омаданашон бо тартиби муқарраргардида, шиносномаҳои хориҷӣ ё дигар ҳуҷҷатҳои ивазкунандаи онҳоро ба қайд гузоранд ва дар сурати гузаштани мўҳлати муайяни иқомат Ҷумҳурии Тоҷикистонро тарк намоянд.

Қоидаҳои бақайдгирӣ ва намунаи варақаи бақайдгириро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд. (ҚҶТ аз 26.03.09с, №500).

 

Моддаи 6. Паноҳгоҳ додан

Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонад ба он шахрвандони хориҷие, ки мавриди ваӣрон кардани ҳуқуқи инсон қарор гирифтаанд, паноҳгоҳи сиёси дихад.

Панохгохи сиёсиро Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон медиҳад.

 

  1. ҲУҚУҚ, ОЗОДИҲО ВА ЎҲДАДОРИҲОИ АСОСИИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶИ

  2. ДАР ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Моддаи 7. Фаъолияти меҳнатӣ

Шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунати доими доранд, метавонанд мутобиқи асооҳо ва тартибе, ки барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар шудаанд, дар корхонаҳо, муассисаҳо ва ташкилотҳо коргар ё хизматчӣ шуда кор кунанд ё ба фаъолияти дигари меҳнати машгул шаванд.

Шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иқомати муваққати омадаанд,ба фаъолияти муайяни меҳнатӣба шарте машuул шуда метавонанд, ки он ба мақсадҳои ба Ҷумҳурии Тоиҷкистон омаданашон мувофиқ мебошад.

Агар мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ба вазифаи алоҳида таъин ё ба фаъолияти муайяне машuул шудан ба мансубияти шаҳрвандии Ҷумҳурии Тоҷикистон вобаста бошад, шаҳрвандони хориҷӣ ба ин вазифаҳо таъин ва ба ҳамин гуна фаъолият машuул шуда наметавонанд.

Шаҳрвандони хориҷӣ бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои меҳнатӣ ҳуқуқу ӯҳдадориҳои баробар доранд.

Фаъолияти меҳнатии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асоси иҷозате, ки аз ҷониби мақомоти ваколатдори давлатии муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода мешавад, амалӣ мегардад.

Қоидаҳои додани иҷозат барои кор ба шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолияти меҳнатӣ менамоянд ва намунаи варақаи он аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ карда мешаванд. (ҚҶТ аз 26.03.09с, №500).

 

Моддаи 8. Истироҳат

Шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, дар асосҳои умуми бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқи истироҳат кардан доранд.

 

Моддаи 9.Ҳифзи саломатӣ

Шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор доранд, ба ҳифзи саломатӣ ҳуқуқ доранд.

Шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунати доимӣ доранд, баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ёрии тиббӣ истифода мебаранд.

Ба шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иқомати муваққатӣ омадаанд, ерии тиббӣ мувофиқи тартибе расонида мешавад, ки аз тарафи Вазорати тандурустии Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст.

 

Моддаи 10. Ҳифзи иҷтимоӣ

Шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон сукунати доимӣ доранд, барои гирифтани ёрдампулиҳо, нафақа ва навъҳои дигари таъминоти иҷтимоӣ дар асосҳои умумӣ бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.

Шаҳрвандони хориҷие, ки ба Ҷумҳурии Тоҷикистон барои иқомати муваққатӣ омадаанд, барои гирифтани ёрдампулиҳо, ванавъҳоидигари таъминоти иҷтимоӣ дар асос ва ба тартибе ҳуқуқдоранд, ки қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардаанд.

Агар барои таъин кардани, нафақа стажи муайяни кор талаб карда шавад ба шаҳрвандони хориҷӣ дар асос ва ба тартибе, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст, ба ин стаж метавонад кори дар хориҷа кардаи онҳо ҳисоб карда шавад.

Моддаи 11. Додани манзили истиқоматӣ

Шаҳрвандони хориҷие, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ истиқомат мекунанд, дар асос ва ба тартиби барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда дар хонаҳои фонди манзилии давлатӣ ва ҷамъиятӣ кооперативҳои манэилию сохтмонӣ барои ба истифода гирифтани манзили истиқоматӣ ва ба доштани хонаи хусусӣ ё квартира ҳуқуқ доранд.

 

Моддаи 12. Ҳуқуқи амволӣ ва шахсии uайриамволӣ

Шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд амволи хусусӣ дошта бошанд, молу мулкро ба мерос монанд ё гиранд, ҳуқуқи муаллифии кори илмӣ, эҷодиёти бадеӣ ва фарҳангӣ, кашфиёт, ихтироот, намунаҳои саноатӣ, ҳамчунин ҳуқуқи дигари амволию uайриамволиро дошта бошанд, агар қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигарро пешбинӣ накарда бошанд.

 

Моддаи 13. Гирифтани маълумот

Шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мутобиқи тартиби муқарраркардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои гирифтани маълумот ҳуқуқ доранд.

Шаҳрвандони хориҷие, ки ба мактабҳо қабул шудаанд, мутобиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ ва ӯҳдадориҳои талабагон ва донишҷӯёнро доранд, агар дар қонунҳои ҷории ҷумҳурӣ тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

 

Моддаи 14. Истифода аз дастовардҳои фарҳангӣ

Шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои истифода аз дастовардаҳои фарҳангӣ баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳуқуқ доранд.

Шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вазифадоранд, ки нисбати ёдгориҳои таърихӣ ва фарҳангӣ, дигар арзишҳои фарҳангӣ эҳтиёткорона муносибат намоянд.

 

Моддаи 15. Иштирок дар ташкилотҳои ҷамъиятӣ

Шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон доимӣ зиндагӣ мекунанд, ҳуқуқ доранд дар асосҳои умумӣ бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ба иттифоқҳои касаба, ташкилотҳои кооперативӣ, ҷамъиятиҳои илмӣ, фархангӣ, варзиш ва дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ, uайр аз ҳизбҳои сиёсӣ дохил шаванд, агар ин хилофи оинномаҳои (низомномаҳои) ташкилотҳои мазкур ва қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон набошад.

 

Моддаи 16. Озодии виҷдон

Ба шаҳравандони хориҷӣ, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошанд, баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон озодии виҷдон кафолат дода мешавад.

Таҳрики ҳукумат ва бадбинӣ ба иртиботи дину мазҳаб манъ аст.

 

Моддаи 17. Муносибатҳои занушуӣ ва оила

Шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон метавонанд бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони дигар мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шартномаҳои байналмилалӣақди никоҳ намоянд ва онро бекор кунанд.

Шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муносибатҳои занушуӣ ва оилавӣазҳукуқҳоистифода мебаранд ва ба зимма вазифаҳо доранд.

 

Моддаи 18. Дахлнопазирии шахс ва манзил

Мувофиқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои шаҳрвандони хориҷӣ дар ҷумҳурӣ дахлнопазирии шахс ва манзил ва дигар ҳуқуқҳои шахсӣ кафолат дода мешавад.

 

Моддаи 19. Дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як ҷо ба ҷои дигар рафтан ва ҷои зист интихоб намудани шаҳрвандони хориҷӣ

Шаҳрвандони хориҷӣ метавонад дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон мувофиқи тартиби муқарракардаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон аз як ҷо ба ҷои дигар раванд ва ҷои зистро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон интихоб намоянд.

Маҳдудият дар бобати аз як ҷо ба ҷои дигар рафтан ва интихоби ҷои зист вақте роҳ дода мешавад, ки агар он барои таъмини амнияти миллӣ, ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ ва маънавии аҳолӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар шахсон зарур бошад.

 

Моддаи 20. Андоз ва боҷ

 

Шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон дар асосҳои умумӣ бо шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон андозу боҷҳо месупоранд, агар қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон чизи дигарро пешбинӣ накарда бошад.

 

Моддаи 21. Ҳимояи ҳуқуқи шаҳрвандони хориҷӣ

Шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон барои ҳимояи молу мулки шахсӣ, оилавӣ ва uайра ҳуқуқ доранд, ки ба суд ва дигар мақомоти давлатӣ муроҷиат намоянд.

Шаҳрвандони хориҷӣ дар суд баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳуқуқи мурофиавӣ истифода мебаранд.

 

Моддаи 22. Муносибат ба ҳуқуқи интихоботӣ

Шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистонба мақомоти қонунгузорӣ ва иҷроияи ҳокимият интихоб карда, интихоб шуда ва таьин шуда, инчунин дар раъйпурсии умумихалқӣ иштирок карда наметавонанд.

 

Моддаи 23. Муносибат ба хизмати ҳарбӣ

Шаҳрвандонихориҷӣбахизматиҳарбӣ дарсафҳоиқувваҳоиМусаллаҳиҶумҳурииТоҷикистонӯҳдадор намебошанд.

 

III. БА ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН ОМАДАН ВА АЗ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН РАФТАНИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ

 

Моддаи 24. Омадан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шаҳрвандони хориҷӣ бо шиносномаҳои хориҷӣ ё дигар ҳуҷҷатҳои ивазкунандаи онҳо, дар сурати мавҷуд будани раводиди воридшавӣ, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон, намояндагиҳои дипломатӣ ё муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа дода шудаанд, метавонанд вориди Ҷумҳурии Тоҷикистон шаванд, агар тибқи шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад. (ҚҶТ аз 26.03.09с, №500).

Ба шаҳрвандони хориҷӣ барои ба ҶумҳурииТоҷикистон омадан мумкин аст дар ҳолатҳои зерин иҷозат дода нашавад:

1)ба манфиати таъмини амнияти миллӣ ё ҳифзитартиботи ҷамьиятӣ;

2) агар ин барои ҳимояи ҳуқуқ ва манфиатҳои қонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони дигар зарур бошад;

3) агар дар вақти пештар ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадани ин шахс фактҳои аз ҷониби вай вайрон кардани қонунгузории оиди мавқеи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунгузор оиди гумрук, асъор ё дигар қонунгузории ҷумхурӣ муқаррар карда шуда бошад;

4) агар дар вақти пешниҳод кардани дархост барои омадан вай дар бораи худ маълумоти бардуруu дода ё ҳуҷҷатҳои заруриро пешниҳод накарда бошад;

5) бо асосҳои дигаре, ки қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар кардааст.

 

Моддаи 25. Рафтан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шаҳрвандони хориҷӣ Ҷумҳурии Тоҷикистонро бо шиносномаҳои хориҷӣ ё дигар ҳуҷҷатҳои ивазкунандаи онҳо, дар сурати мавҷуд будани раводиди рафтан, ки аз ҷониби Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, тарк менамоянд, агар тибқи шартномаи байналмилалии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиби дигар пешбинӣ нагардида бошад.

Дар сурати аз Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтани шахсони бешаҳрванд ҳуҷҷати ивазкунандаи шиносномаи хориҷӣ шаҳодатномаи шахси бешаҳрванд мебошад, ки аз ҷониби мақомоти корҳои дохилӣ дода мешавад. Қоидаҳои ба расмият даровардан, додан ва намунаи варақаи шаҳодатномаи шахси бешаҳрвандро Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ менамояд.(ҚҶТ аз 26.03.09с, №500).

Ба шаҳрвандони хориҷӣ дар чунин ҳолатҳо барои рафтан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон иҷозат дода намешавад:

1) агар бароиба ҷавобгарии ҷиноятӣ кашидани вай асос бошад, то хатми кораз рӯи парванда;

2) агар вай барои содир намудани ҷиноят маҳкум шуда бошад, - то адои ҷазо ё озодшавӣ аз ҷазо;

3) агар рафтани вай хилофи манфиатҳои таъмини амнияти миллӣ бошад, — то ҳалли амали ҳолатҳое, ки ба рафтан монеъ мешаванд;

4) агар асосҳои дигари муқарраркардаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон вуҷуд дошта бошад, ки ба рафтан монеъ мешаванд.

Аз Ҷумҳурии Тоҷикистон рафтани шаҳрвандони хориҷӣ, кибаъземанфиатҳои муҳими Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шахсони ташкилотҳои дигари ҷамъиятӣ, кооперативӣ ё дигар ташкилотҳои ҷамъиятӣ бо вай алоқаманд мебошанд, то аз тарафи вай адо намудани ӯҳдадориҳои амволиаш мавқуф шуда метавонад.

 

Моддаи 26. Гузашта рафтани транзитӣ

Шаҳрвандони хориҷӣ, ки аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистонбатарики транзитӣ гузашта мераванд, қоидаҳои гузашта рафтани транзитиро дар нуқтаи сарҳадии Ҷумҳурии Тоҷикистоназ рӯи хатти ҳаракати муқарраршуда риоя мекунанд ва метавонанд дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар сурати доштани визаи транзитӣ, киаз тарафи Вазорати корҳоии хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст,таваққуф намоянд.

 

Моддаи 27. Муқаррар намудани қоидаҳои дохил шудан ба Ҷумҳурии Тоҷикистон, баромада рафтан аз Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузашта рафтани транзитй аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Қоидаҳои дохил шудан, баромада рафтани шаҳрвандони хориҷӣазҶумҳурии Тоҷикистон ва гузашта рафтани транзитии онҳо аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон тавассути ин Қонун ва аз тарафи Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда мешаванд.

 

  1. МАСЪУЛИЯТИ ШАҲРВАНДОНИ ХОРИҶӢ, КАМ КАРДАНИ МEҲЛАТИ БУДУ БОШ, РОНДА ШУДАН

 

Моддаи 28. Асосҳои масъулият барои қонуншиканӣ

Шаҳрвандони хориҷӣ, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиноят, қонуншикании маъмурй, ё қонуншикании дигар содир кардаанд, дар асосҳои умумӣ баробари шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон мавриди масъулият қарор мегиранд.

 

Моддаи 29.Масъулият барои вайрон кардани қоидахои буду бош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва гузашта рафтани транзитӣ аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон

Нисбати шаҳрвандони хориҷӣ, ки қоидаҳои будубошро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон вайрон менамояд, яъне бе ҳуҷҷати ҳуқуқӣ истиқомат ё бо ҳуҷҷатҳои қалбакӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон зиндагй мекунанд, тартиби муқарраршудаи бақайдгирй ё сабти маҳалли истиқоматй, ё аз як ҷо ба ҷои дигар рафтан ва интихоби ҷои истиқоматро риоя намекунанд, баъди хатми мӯҳлати таъиншудаи буду боши худ аз баромада рафтан саркашӣ менамоянд, инчунин қоидаҳои гузашта рафтанро аз қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон риоя наменамоянд, чораҳои дорои хусусияти маъмурӣ ва ҷиноятӣ татбиқ шуда метавонад.

 

Моддаи 30. Кам кардани мӯҳлати буду бош дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

Барои шаҳрвандони хориҷӣ, ки қонуни оид ба вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистонро вайрон мекунанд, мӯҳлати муайяни буду боши вай дар Ҷумҳурии Тоҷикистон кам карда шуда метавонад.

Мӯҳлати буду боши шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон инчунин дар ҳолатҳое, ки асос барои буду боши минбаъдаи вай аз байн рафта бошад, кам карда мешавад.

Қарор дар бораи кам кардани мӯҳлати буду боши шаҳрвандони хориҷӣ аз тарафи мақомоти корҳои дохилӣ қабул карда мешавад.

 

Моддаи 31. Ронда шудан аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон

Шаҳрванди хориҷӣ дар чунин мавридҳоаз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон ронда шуда метавонад:

1) агар амалу рафтори вай хилофи манфиатҳои таъмини амнияти миллӣ ё ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ бошад;

2) агар ин барои ҳифзи саломатӣ ва ахлоқи аҳолӣ, ҳимояи ҳуқуқ ва манфитҳои қонунии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон зарур бошад;

3) агар вай қонуни оид ба вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷиро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои гумрук, асъор ё дигар қонуни ҷумҳуриро вайрон карда бошад.

Қарор дар бораи ронда шудани шаҳрвандони хориҷӣ аз тарафи Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо розигии Прокурори генералииҷумҳурӣқабул карда мешавад ва агар рондашаванда дар мӯҳлати як ҳафтаи баъди қабули он дар бораи ронда шуданаш ба суд оиди қонунӣ будани қарори мазкур муроҷиат накунад, қарор иҷро карда мешавад. Ҳалномаи суд аз руи тартиби барои шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон муқарраршуда қабул карда мешавад. (ҚҶТ аз 26.03.09с, №500).

Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон на дертар аз ду моҳи то ба охир расидани мӯҳлати ҷазои шаҳрванди хориҷии маҳкумшуда, ки бояд аз ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон бароварда шавад, ба мақомоти минтақавӣ оид ба муҳоҷират, корҳои дохилӣ ва амнияти ҷои ҷойгиршавии муассиса ё мақоме, ки иҷрои ҷазои ҷиноятиро амалӣ менамояд, дар бораи озодшавии он хабар медиҳад.

 

V. ҚОИДАҲОИ ХОТИМАВӢ

 

Моддаи 32. Амали қонун нисбати шахсони бешаҳрвандӣ

Нуқтаҳои ин Қонун нисбати шахсони бешаҳрвандӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон татбиқ мешаванд, агар аз қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон таври дигар барнаояд.

 

Моддаи 33. Имтиёзот ва масъулияти роҳбарон ва кормандони намояндагиҳои давлатҳои хориҷӣ ва шахсони дигар

Нуқтаи ин Қонун ба имтиёзот ва масъулияти роҳбарон ва кормандони намояндагиҳои дипломатӣ, консулӣ ва шаҳрвандони хориҷии ба онҳо баробаркардашуда, ки бо қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон муқаррар карда шудааст, дахл намекунад.

 

Моддаи 34. Танзими буду боши кормандони намояндагиҳои хориҷӣ

Буду боши намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷӣ, инчунин аъзоёни оилаҳои онҳо тавассути шартномаҳои байналмилалӣ ва дигар санадҳои ҳуқуқи байналмилалӣ танзим карда мешавад.

 

 

Президенти

Ҷумҳурии Тоҷикистон Э. РАҲМОНОВ

ш. Душанбе 1 февраля соля 1996

№230

 

ҚАРОРИ МАҶЛИСИ ОЛИИ

ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН

 

Дар хусуси тартиби ҷорӣ намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон

«Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон»

 

(Ахбори Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 1996, №3, мод.56)

 

Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор мекунад:

1. Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи вазъи ҳуқуқии шаҳрвандони хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» аз лаҳзаи ба табъ расиданаш ҷорӣ карда шавад.

2. Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар мӯҳлати як моҳ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси бо Қонуни мазкур мутобиқ гардидани қонунгузории ҷорӣ таклифҳо пешниҳод намояд.

3. Ба Вазорати корҳои хориҷӣ супорида шавад, ки дар хусуси қабули Қонуни мазкур ба Созмони Миллали Муттаҳид маълумот диҳад.

 

 

Раиси Маҷлиси Олии

Ҷумҳурии Тоҷикистон С. РАҶАБОВ

ш. Душанбе 1 февраля соли 1996
№231

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj