Тоҷикӣ | Русский | English  

Тартиби бақайдгирии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба онҳо хизматҳои консулӣ расонида мешаванд

Дар Вазорати адлияи
Ҷумҳурии Тоҷикистон  
аз 18 сентябри соли 2015, №794
ба қайд гирифта шудааст
Бо Фармоиши
Вазири корҳои хориҷии
Ҷумҳурии Тоҷикистон
       аз 19 августи соли  2015, № 385
тасдиқ шудааст

1.МУҚАРРАРОТИ УМУМӢ


1. Тартиби бақайдгирии шахсони воқеӣ ва ҳуқуқӣ, ки ба онҳо хизматҳои консулӣ расонида мешавад (минбаъд-Тартиб) қоидаи бақайдгирӣ, азнавбақайдгирӣ, баҳисобгирӣ ва таҳия намудани варақаи бақайдгириро аз ҷониби Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд – Сарраёсати консулӣ) ба танзим дароварда, нигоҳ доштан ва таҳлили  маълумотро дар бораи шахсони бақайдгирифташуда ва азнавбақайдгирифташуда муайян менамояд.

2. Мафҳумҳои асосие, ки дар Тартиби мазкур истифода бурда мешаванд:

- бақайдгирӣ –  сабти шахсони воқеие, ки соҳибкорони инфиродӣ намебошанд, шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиал ва намояндагиҳои шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ва иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалӣ (минбаъд - дархосткунандагон) дар Сарраёсати консулӣ;

- азнавбақайдгирӣ –  анҷом додани бақайдгирии такрории шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиал ва намояндагиҳои шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва иттиҳодяҳои ҷамъиятии байналмилалӣ;

- баҳисобгирӣ – ҷамъ ва таҳлил намудани маълумот дар бораи бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ, инчунин оид ба анҷом додани хизматҳои консулӣ ба дархосткунандагон  дар Сарраёсати консулӣ;  

- варақаи бақайдгирӣ – ҳуҷҷати шаклаш тасдиқшуда (мутобиқи замимаи 1), ки ба муроҷиаткунандагон дода мешавад ва барои  анҷом додани хизматрасонии консулӣ дар Сарраёсати консулӣ асос мебошад.

3. Бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ барои иҷрои хизматрасониҳои зерини консулӣ талаб карда мешавад:

- барасмият даровардани тасдиқи даъват ва раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- таъйиди консулӣ ва гузоштани муҳри апостил дар ҳуҷҷат ва санадҳо;

- гузоштани муҳри  “хизматӣ” барои сафар ба Ҷумҳурии Халқии Хитой

4. Ба Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Дастгоҳи Маҷлиси миллӣ ва Дастгоҳи Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Суди Олии иқтисодии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Прокуратураи генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Шӯрои адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон, вазоратҳо, кумитаҳои давлатӣ, мақомоти назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Бонки миллии Тоҷикистон, мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, намояндагиҳои дипломатӣ, муассисаҳои консулӣ ва ташкилотҳои байналмилалии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияшуда, хизмати консулӣ бидуни бақайдгирӣ ба роҳ монда мешавад.  
5. Барои дархосткунандагоне, ки тибқи Тартиби мазкур аз қайд нагузаштаанд ё аз нав ба қайд гирифта нашудаанд, хизматрасонии консулӣ анҷом дода намешавад.

6. Барои бақайдгирӣ ва азнавбақайдгирӣ дар Сарраёсати консулӣ дар ҳаҷми муайяннамудаи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон хироҷи консулӣ ситонида мешавад.

2. ТАРТИБИ БАҚАЙДГИРӢ ВА МУҲЛАТИ АМАЛИ ОН

7. Барои бақайдгирӣ ҷиҳати таҳияи тасдиқи даъват ва ба расмият даровардани раводиди Ҷумҳурии Тоҷикистон бояд ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда шаванд:

а) Барои шахсони воқеӣ:

- ариза;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи Шаҳодатнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда;

- расид оид ба пардохти хироҷи консулӣ барои бақайдгирӣ.

б) Барои иттиҳодияҳои ҷамъиятии байналмилалӣ:

- дархост  бо муҳр ва имзои роҳбар;

- нусхаи Шаҳодатнома дар бораи бақайдгирӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ваколатнома оид ба таъйини намоянда дар назди Сарраёсати консулӣ;

-  маълумотнома оид ба фаъолияти корӣ;

- нусхаи Шаҳодатнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда;

- расид оид ба пардохти хироҷи консулӣ барои бақайдгирӣ.

в) Барои шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ:

- дархост бо муҳр ва имзои роҳбар;

- нусхаи ҳуҷҷатҳои таъсисии шахси ҳуқуқӣ, ки ба таври нотариалӣ тасдиқ карда шудаанд;

- нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ;

- нусхаи иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатии бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ;

- нусхаи Шаҳодатнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда;

- нусхаи иҷозатнома оид ба фаъолияти бо кор таъмин кардани шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон берун аз Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо кор таъмин кардани шаҳрвандони хориҷӣ дар ҳудуди Ҷумҳурии Тоҷикистон (барои шахсони ҳуқуқӣ);

- нусхаи иҷозатнома, ки тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон барои амалӣ намудани фаъолияти иҷозатномашавандаи мушаххас ба шахси ҳуқуқӣ  ё соҳибкори инфиродӣ дода шудааст;

- нусхаи шиносномаи роҳбари шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ;

- намунаи бланк, муҳр ва имзои роҳбар ё ӯро ивазкунандаи шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ;

- ваколатномаи оид ба таъйини намоянда дар назди Сарраёсати консулӣ;

- маълумотнома аз Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ё воҳидҳои маъмурии он оид ба ҳолати қарздории шахси ҳуқуқӣ ё соҳибкори инфиродӣ;

- нақшаи ҷалби мутахассисони хориҷӣ;

- расид оид ба пардохти хироҷи консулӣ оид ба бақайдгирӣ.

8.  Барои бақайдгирӣ ҷиҳати таъйиди консулӣ ва гузоштани муҳри апостил ба  ҳуҷҷатҳо  ва санадҳо бояд ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда шаванд:

а) Барои шахсони воқеӣ:

- ариза;

- нусхаи шиноснома;

- нусхаи Шаҳодатнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда;

- расид оид ба пардохти хироҷи консулӣ барои бақайдгирӣ.

б) Барои иттиҳодяҳои ҷамъиятии байналмилалӣ

- дархост  бо муҳр ва имзои роҳбар;

- нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- нусхаи Шаҳодатнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда;

- ваколатнома оид ба таъйини намоянда дар назди Сарраёсати консулӣ;

- маълумотнома оид ба фаъолияти корӣ;

- расид оид ба пардохти хироҷи консулӣ барои бақайдгирӣ.

в) Барои шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфиродӣ:

- дархост  бо муҳр ва имзои роҳбар;

- нусхаи шаҳодатнома дар бораи бақайдгирии давлатии шахси ҳуқуқӣ ва соҳибкори инфиродӣ;

- нусхаи иқтибос аз Феҳристи ягонаи давлатии бақайдгирии шахсони ҳуқуқӣ;

- нусхаи Шаҳодатнома дар бораи додани рақами мушаххаси андозсупоранда;

- расид оид ба пардохти хироҷи консулӣ барои бақайдгирӣ.

Эзоҳ: Ба шахсони ҳуқуқии хориҷӣ, намоянда ва ё филиали онҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аз қайди давлатии шахсони ҳуқуқӣ нагузаштаанд, метавонанд бе бақайдгирӣ дар Сарраёсати консулӣ, хизмати консулии дар банди мазкур пешбинигардида расонида шавад.

9. Барои бақайдгирӣ ҷиҳати гузоштани муҳри сирешимии «хизматӣ» барои сафар ба Ҷумҳурии Халқии Хитой шахси ҳуқуқӣ бояд ҳуҷҷатҳои зеринро пешниҳод намояд:

- дархости бо муҳр ва имзои роҳбар;

- ҳуҷҷатҳои дар сархатҳои 2-5, 7, 10-11 ва 14 зербанди “в” банди 7 дар Тартиби мазкур пешбинишуда;

- иҷозатномаи дар бораи фаъолияти сайёҳӣ.

10. Ҳуҷҷатҳои дар бандҳои 7-9 Тартиби мазкур дар шакли электронӣ (дар фиттаҳо) ва қоғазӣ пешниҳод карда мешаванд.

11. Бақайдгирӣ дар муҳлати то 5 рӯзи корӣ, аз санаи пешниҳод намудани ҳуҷҷатҳои дар бандҳои  7-9  Тартиби мазкур пешбинишуда анҷом дода мешавад.

12. Варақаи бақайдгирӣ аз санаи ба расмият даровардан то як сол амал мекунад ва бо имзо ва муҳр тасдиқ карда мешавад.

13. Ҳангоми аз тарафи муроҷиаткунанда гум кардани Варақаи бақайдгирӣ, нусхаи нави Варақаи бақайдгирӣ баъди пешниҳоди дархости хаттӣ на дертар аз 5 рӯзи корӣ бо навиштаҷоти “Нусха”, дода мешавад.

14. Дархост оид ба бақайдгирӣ дар ҳолатҳои зерин рад карда мешавад:

- пурра пешниҳод нагардидани ҳуҷҷатҳои дар бандҳои 7-9 Тартиби мазкур пешбинишуда;

- пешниҳод намудани маълумоти бардурӯғ ё ҳуҷҷатҳои қалбакӣ;

- дар ҳолати ваколатномаи зиёда аз як ширкатро доштани шахси мутасаддӣ;

15. Дар ҳолати барҳам хӯрдан, қатъ гардидани фаъолият ё азнавташкилёби, шахсони ҳуқуқӣ ва соҳибкорони инфироди уҳдадоранд оид ба ҳолати мазкур дар давоми 10 рӯз ба Сарраёсати консулӣ хабар диҳад. Сарраёсати консулӣ Варақаи бақайдгириро боз хонда, рақами бақайдгирии онро аз эътибор соқит менамояд.

3. ТАРТИБИ АЗНАВБАҚАЙДГИРӢ

16. Шахсони ҳуқуқӣ, соҳибкорони инфиродӣ, филиал ва намояндагиҳои шахси ҳуқуқии хориҷӣ дар Ҷумҳурии Тоҷикистон  ва иттиҳодяҳои ҷамъиятии байналмилалӣ соле як  маротиба дар Сарраёсати консулии Вазорати корҳои хориҷӣ аз нав ба қайд гирифта мешаванд.

17. Азнавбақайдгирӣ барои хизматҳои консулӣ, ки дар сархатҳои 1 ва 3 банди 4 Тартиби мазкур пешбинигардида анҷом дода мешавад.

18. Ҳуҷҷатҳо барои азнавбақайдгирӣ бояд як моҳ қабл то санаи ба анҷом расидани  мӯҳлати амали варақаи бақайдгирӣ пешниҳод гарданд.

19. Барои азнавбақайдгирӣ ҳуҷҷатҳои зерин пешниҳод карда мешаванд:

- варақаи бақайдгирӣ;

- ҳисоботи солона оид ба шумораи квотаҳои истифодашудаи ҷалби қувваи кории хориҷӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон;

- ҳуҷҷатҳои дар сархатҳои 1, 6, 7, 9-14 зербанди “в” банди 7 Тартиби мазкур пешбинишуда.

4. БАҲИСОБГИРӢ ВА ТАҲЛИЛИ МАЪЛУМОТ

20. Сарраёсати консулӣ дар асоси ҳуҷҷатҳои пешниҳодшуда, маълумотномаи шаклаш тасдиқшударо  мутобиқи замимаи 2 Тартиби мазкур хонапурӣ  менамояд.

21. Маълумот дар бораи бақайдгирӣ ба Феҳристи электронӣ, мутобиқи замимаи 3 Тартиб, бо рақам ва силсилаи муайян ворид карда мешавад.

22. Феҳристи электронӣ кушода буда, дар сомонаи расмии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷойгир карда мешавад.

23. Сарраёсати консулӣ хизматҳои консулии расонидашударо аз рӯи меъёрҳои зерин: шумораи муроҷиати воридгардида, намуди хизматрасонӣ, шумораи дархостҳои қонеъгардида ва теъдоди дархостҳои радгардида таҳлил менамояд.

24. Муқаррароти банди 23, инчунин нисбат ба мақомоти дар банди 4 Тартиби мазкур пешбинишуда низ татбиқ карда мешавад.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj