Тоҷикӣ | Русский | English  

Дастурамал дар бораи тартиби таъйиди консулӣ

 

Дар Феҳристи ягонаи давлатии санадҳои меъёрии ҳуқуқии Вазорати адлияи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 27 ноябри соли 2008, таҳти №464 ба қайд гирифта шудааст

 

 

 

Бо Фармоиши Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 19 ноябри соли 2008, таҳти №428 тасдиқ карда шудааст

 

 

 

ДАСТУРАМАЛ

дар бораи тартиби таъйиди консулӣ

 

Боби 1

Муқаррароти умумӣ

 

  1. Дастурамали мазкур дар бораи тартиби таъйиди консулӣ (минбаъд - Дастурамал) дар асоси моддаи 53-уми Оинномаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки бо Ќарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 30-уми июли соли 1998, таҳти №275 тасдиқ гардидааст, таҳия гардида, тарзи таъйиди консулиро муайян мекунад.

  2. Таъйиди консулӣ аз муайян намудан ва тасдиқи мувофиқати ҳуҷҷатҳо ва санадҳо ба қонунгузории давлате, ки онҳоро таҳия намудааст иборат буда, шаҳодати қонунӣ будани имзои шахси масъул ва мўҳри идораи салоҳиятдори он давлат дар ҳуҷҷатҳо ва санадҳо ҷиҳати истифодабарии онҳо дар давлати дигар мебошад.

  3. Таъйиди консулӣ амали қонунии ҳуҷҷат ва санадҳоро дар муомилаи байналмиллалӣ тасдиқ менамояд.

  4. Таъйиди консулӣ тибқи Дастурамали мазкур, Оинномаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон, қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон, шартномаҳои байналмилалие, ки аз ҷониби Тоҷикистон эътироф гардидаанд, ба амал бароварда мешавад.

  5. Вазифаҳои таъйиди консулиро иҷро менамоянд:

а) дар Ҷумҳурии Тоҷикистон – Раёсати консулии Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон (минбаъд Раёсати консулӣ);

б) дар хориҷа – муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон.

  1. Мақомотҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ҳуҷҷатҳо ва санадҳоеро, ки аз ҷониби ҳокимияти давлати хориҷӣ ва ё бо иштироки онҳо таҳия гардидаанд, танҳо бо мавҷудияти таъйиди консулӣ барои баррасӣ қабул мекунанд, агар тибқи қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ё шартномаи байналмиллалие, ки Ҷумҳурии Тоҷикистон ва давлате, ки аз ташкилоту идораҳои он ҳуҷҷат ва санадҳо бармеоянд, иштирокчии он мебошанд, тартиби дигаре пешбинӣ нашуда бошад.

  2. Ҳуҷҷат ва санадҳое, ки ба қонунгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон мухолиф буда, мўҳтавои он ба манфиатҳои миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон зарар меоваранд ва шарафи шаҳрвандонро поймол (доғдор) менамоянд, таъйид карда намешаванд.

 

Боби II

Таъйиди ҳуҷҷат ва санадҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон

 

  1. Раёсати консулӣ ҳуҷҷат ва санадҳоеро, ки барои истифода дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби намояндагиҳои дипломатӣ ва ё муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷии дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсияшуда таҳия гардидаанд, таъйид менамояд.

  2. Раёсати консулӣ инчунин ҳуҷҷат ва санадҳоеро, ки барои истифода дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳокимияти давлати хориҷӣ ва ё бо иштироки онҳо таҳия гардидааст, дар сурати таъйиди пешакии онҳо дар намояндагии дипломатӣ ё муассисаи консулии давлати таҳиякунандаи ҳуҷҷат ва санадҳо, ки дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккретитатсия шудааст, таъйид менамояд.

  3. Дар ҳолати дар Ҷумҳурии Тоҷикистон мавҷуд набудани намояндагии дипломатӣ ва ё муассисаи консулии давлати хориҷӣ, ки ҳуҷҷат ё санадро таҳия намудааст, Раёсати консулӣ оид ба муайян намудани ҳақиқӣ будани имзо ва мўҳр дар ҳуҷҷат ё санадҳо ба мақомоти сиёсати хориҷии он давлат дархост ирсол менамояд.

  4. Раёсати консулӣ бояд намунаи имзо ва мўҳрҳои шахсони масъули намояндагиҳои дипломатӣ ва муассисаҳои консулии давлатҳои хориҷиро, ки салоҳияти таъйиди ҳуҷҷат ва санадҳоро доранд ва дар Ҷумҳурии Тоҷикистон аккредитатсия шудаанд, дошта бошад.

  5. Раёсати консулӣ инчунин ҳуҷҷат ва санадҳоеро, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби мақомоти давлатӣ ва ё бо иштироки онҳо ҷиҳати пешниҳод дар хориҷа таҳия шудаанд, таъйид менамояд.

  6. Раёсати консулӣ метавонад ҳақиқӣ будани имзо ва мўҳрҳои шахсони масъули муассисаҳои давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки салоҳияти анҷом додани амалиётҳои вобаста ба тасдиқи қонунӣ будан ва таҳияи ҳуҷҷат ва санадҳои барои таъйид пешниҳодгардидаро доранд, дархост намояд.

Раёсати консулӣ дар доираи салоҳияти худ ҷиҳати ба даст овардани намунаҳои имзо ва мўҳрҳои дар боби мазкур зикршуда чораҳои зарурӣ меандешад.

 

Боби III

Таъйиди ҳуҷҷат ва санадҳо дар муассисаҳои консулии

Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа

 

  1. Муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа ҳуҷҷат ва санадҳоеро, ки барои истифода дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҷониби ҳокимияти минтақаи консулӣ ва ё бо иштироки онҳо таҳия гардидааст, таъйид менамояд. Ҳуҷҷат ва санадҳои барои таъйид пешниҳодшаванда, бояд қаблан дар Вазорати корҳои хориҷӣ ва ё дигар мақомоти салоҳиятдори расмии давлати иқомат таъйид шуда бошанд.

  2. Муассисаҳои консулӣ метавонанд ҳақиқӣ будани имзо ва мўҳрҳои шахсони масъули ҳокимияти минтақаи консулӣ, ки салоҳияти таъйиди ҳуҷҷат ва санадҳоро доранд, ё бо иштироки онҳо тартиб дода шудаанд, дархост намоянд.

  3. Дар баъзе мавридҳо, Консул метавонад ҳуҷҷат ва санадҳои кишвари сеюмро барои истифода дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, дар сурати набудани муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар қаламрави он давлат ва бо шарти доштани намунаи имзо ва мўҳрҳои шахсони масъул, ки салоҳияти таъйиди ҳуҷҷат ва санадҳоро, ки аз ҷониби ҳокимияти давлати сеюм ва ё бо иштироки онҳо дар қаламрави он давлат доранд, таъйид намояд.

  4. Дар сурате, ки Консул ба мувофиқати ҳуҷҷат ва санадҳои барои таъйид пешниҳодшуда бо қонунҳои давлати иқомат шубҳа пайдо намояд, ў ҳуқуқ дорад, ки барои тафсири расмӣ ба ҳокимияти давлати иқомат муроҷиат намояд.

  5. Дар сурати аз ҷониби шахсони алоҳида ва ташкилоту муассисаҳо барои тиъйид ҳуҷҷат ва санадҳое пешниҳод шаванд, ки дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳия гардида, дар Раёсати консулӣ таъйид нашудаанд, Консул вазифадор аст, ки ин гуна ҳуҷҷат ва санадҳоро барои муайян намудани қонунӣ будани онҳо ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон фиристад. Пас аз гирифтани ҷавоби мусбӣ, Консул чунин ҳуҷҷат ва санадҳоро мувофиқи тартиби умумии дар Дастурамали мазкур пешбинишуда, таъйид менамояд.

  6. Консул дархостҳои шаҳрвандон оид ба талаб карда гирифтани ҳуҷҷат ва санадҳоро ба Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон мефиристад ва бо тартиби муқарраргардидаи Дастурамали мазкур, онҳоро таъйид менамояд.

 

Боби IV. Ҳуҷҷат ва санадҳои ғайри қобили таъйид

 

  1. Нусхаи аслии ҳуҷҷат ва санадҳои зерин ғайри қобили таъйид мебошанд: шиноснома, шаҳодатномаи шахсӣ, шаҳодатномаи узвияти иттифоқи касаба, шаҳодатномаи ҳарбӣ, дафтарчаи меҳнатӣ, ҳуҷҷатҳое, ки мансубиятро ба табақа ё мазҳаб шаҳодат медиҳанд, шаҳодатномаи ронандагӣ, инчунин шаҳодатномаи техникӣ дар бораи бақайдгирии воситаҳои нақлиёт.

  2. Ҳуҷҷат ва санадҳое, ки дар хориҷи кишвар таҳия гардида, бе таъйиди консулии давлати судурнамудаи ҳуҷҷат ва санад ба қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон ворид карда шудаанд, дар Раёсати консулӣ таъйид карда намешаванд.

  3. Ҳуҷҷат ва санадҳое, ки бо вайрон намудани қоидаҳои дар Дастурамали мазкур пешбинигардида таҳия шудаанд, ғайри қобили таъйид буда, барои таҳияи дуруст, расман бозпас фиристода мешаванд.

  4. Шахсони мансабдори Раёсати консулӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа оид ба қонунӣ ва дуруст будани судури диплом ва нусха аз дафтарчаи имтиҳонот назорат бурда, инчунин ҳангоми таъйид, ҳуқуқи муқоиса кардани ҳуҷҷатҳое, ки ба шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон ва шаҳрвандони хориҷӣ аз ҷониби муассисаҳои таълимии миёнаи махсус ва олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дода шудааст, доранд.

  5. Дар ҳолати муроҷиати такрорӣ барои таъйиди ҳуҷҷат ё санадҳо (дар ҳолати гум шудани ҳуҷҷати таъйидшуда, бекоршавии механики он ва дигар ҳолатҳо), ҳуҷҷат такроран бо навиштаҷоти таъйидӣ ва рақами реестрии пештара бо нишони «такрорӣ» таъйид карда мешавад. Дар мавриди таъйиди такрорӣ, санаи судури такрории ҳуҷҷат монда мешавад. Барои таъйиди такрории ҳуҷҷат ва санадҳо, мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон боҷи консулӣ ситонида мешавад.

 

Боби V. Талабот нисбати ҳуҷҷат ва санадҳои таъйидшаванда. Навиштаҷоти таъйидӣ

 

  1. Ҷиҳати таъйид, ҳуҷҷат ва санадҳо чӣ дар шакли нусхаи аслӣ ва инчунин нусхаҳои аз ҷониби нотариус тасдиқгардида қабул карда мешаванд.

  2. Ҳуҷҷатҳои таъсиснамоии шахси юридикӣ дар шакли нусхаи дар нотариат тасдиқгардида дар ҳолате таъйид карда мешаванд, ки ин ҳуҷҷатҳо дар мақомоти салоҳиятдор ба қайд гирифта шуда, нишон ва мўҳри муқарраргардида дар бораи аз қайди давлатӣ гузаштани он, инчунин шаҳодатнома дар хусуси аз қайди давлатӣ гузаштани он вуҷуд дошта бошад.

  3. Агар таъйиди ҳуҷҷат ё санад доштани тарҷумаи онро аз забони давлатӣ ё русӣ ба забони хориҷӣ ва баръакс тақозо намояд, он гоҳ ҳуҷҷат ва санадҳои аз ҷониби нотариат тасдиқшуда метавонад бо тарҷумаи он таъйид карда шавад. Тарҷума метавонад дар як саҳифаи дутақсимшуда аз ҷониби рости матн, ё ин ки дар як саҳифаи алоҳида ҷой дода шавад. Дар ин маврид, тарҷума ба ҳуҷҷат ё санад бо тартиби нотариалӣ дўхта мешавад. Имзои тарҷумон бояд аз ҷониби нотариус ва ё корманди консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа тасдиқ карда шавад.

  4. Тасдиқи нотариалии тарҷумаи ҳуҷҷат ё санад ба забони давлатӣ ё русӣ дар муассисаи консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа, таъйиди онро иваз карда наметавонад.

  5. Ҳуҷҷат ва санадҳои барои таъйид пешниҳодшуда бояд возеҳ ва фаҳмо навишта шуда бошанд. Имзои шахсони масъул ва мўҳри онҳо бояд рўшан ва хоно бошанд.

  6. Пас аз эътимод ба мувофиқати талаботи Дастурамали мазкур, ҳуҷҷат ё санад таъйид гардида, дар саҳифаи охирин навиштаҷоти муқарраргардида сабт карда мешавад.

  7. Навиштаҷоти таъйидӣ бо қалами рангӣ бо даст, мошини чопӣ ва ё дар шакли мўҳргузорӣ бо шарти баъдан пур намудани сутунҳои дахлдор дар ҳуҷҷат ё санад таҳия мегардад. Он ҳамчунин дар варақи алоҳида тариқи чоп кардани матн мувофиқи намунаи мўҳр таҳия гаштанаш имконпазир аст. Дар ин ҳолат, варақ ба ҳуҷҷат ё санад пайваст карда шуда, бо мўҳр ва имзои шахси таъйидкунанда тасдиқ карда мешавад.

  8. Навиштаҷоти таъйидӣ дар ҳуҷҷат ё санадҳо дар Раёсати консулӣ бо забони давлатӣ ва англисӣ ва дар муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа бо забони давлатӣ ва забони давлати иқомат таҳия карда мешавад.

  9. Тағйироту иловаҳо бояд пеш аз имзои шахсони ба санад имзогузоранда баён гардида, дар навиштаҷоти таъйидӣ такроран сабт карда шаванд. Ин тағйироту иловаҳо тарзе бояд анҷом дода шаванд, ки имконияти хондани тамоми матни хатонавишташуда ва сипас ислоҳкардашуда дар шакли аввала мавҷуд бошад. Агар тағйироту иловаҳо дар рўи навиштаҷоти таъйидӣ ворид шуда бошанд, пас тарзи дурусти навиштаҷоти таъйидӣ танҳо бо имзо ва мўҳри шахси таъйидкунанда тасдиқ карда мешавад.

  10. Ҳуҷҷат ва санадҳои барои таъйид пешниҳодгардида аз ҷониби корманди масъули консулӣ дар муддати 3-5 рўзи корӣ баррасӣ карда мешаванд. Дар ҳолатҳои зарурӣ ин мўҳлат метавонад то 10 рўзи корӣ тамдид карда шавад.

  11. Дар баъзе мавридҳо, шахсони масъули консулӣ барои анҷом додани таъйид, ҳуқуқи аз муроҷиаткунандагон талаб кардани ҳуҷҷатҳои иловагӣ ва маълумоти барои таъйид заруриро доранд. Дар ин ҳолат, мўҳлати баррасӣ аз рўзи ба таври пурра пешниҳод кардани ҳуҷҷатҳо ҳисоб карда мешавад.

  12. Раёсати консулӣ ва муассисаҳои консулии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хориҷа реестри (дафтари қайди) таъйиди ҳуҷҷат ва санадҳоро мебаранд.

  13. Барои анҷом додани таъйиди консулӣ, аз шахсони манфиатдор мутобиқи санадҳои меъёрии ҳуқуқии Ҷумҳурии Тоҷикистон боҷи консулӣ ситонида мешавад.

  14. Рад кардани таъйиди ҳуҷҷат ё санадҳо ба муроҷиаткунандагон ба таври хаттӣ ба расмият дароварда мешавад.

© 2017 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2017 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj