Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Вазири нерӯи Эрон

3 июни соли 2015 Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Исломии Эрон Неъматулло Эмомзода бо Вазири нерӯи Ҷумҳурии Исломии Эрон Ҳамид Читчиён, ҳамзамон Ҳамраиси Комиссияи муштараки ҳамкориҳои тиҷоратӣ, иқтисодӣ, техникӣ ва фарҳангии Тоҷикистон  ва Эрон мулоқот намуд.

Н.Эмомзода дар мавриди баргузории Конфронси байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 ва талошҳои минбаъда ҷиҳати ноил гардидан ба рушди устувори захираҳои об, ҳамкориҳои дуҷониба дар татбиқи лоиҳаҳои муштарак ва роҷеъ ба баъзе масъалаҳои вобаста ба Комиссияи муштарак ва баргузории ҷаласаи Кумитаи пайгирӣ дар Теҳрон суҳбат намуд.

Вазири нерӯи Эрон изҳор дошт, ки ташаббуси пешқадами Тоҷикистон дар баргузории Конфронси об иқдоми шоиста аст ва Эрон саъй кардааст аз ин иқдоми Тоҷикистон дастгирӣ намояд. Ҳамид Читчиён ҳамчунин аз сафари дарпешистодаи худ ба Тоҷикистон (аз 7 то 11 июни соли ҷорӣ) изҳори хушнудӣ намуда, қайд кард, ки ин сафар барои баррасӣ ва пайгирии масоили дуҷониба фурсати хубе мебошад.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj