Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштироки Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии СҲШ

3 июни соли 2015 дар Москва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов дар ҷаласаи навбатии Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви Созмони Ҳамкории Шанхай ширкат варзид.

Пеш аз оғози ҷаласаи Шӯро С.Аслов дар якҷоягӣ бо вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ аз ҷониби Президенти Федератсияи Россия Владимир Путин ба ҳузур пазируфта шуд.

Зимни баромади худ дар ҷаласаи Шӯро С.Аслов мавқеи Тоҷикистонро оид ба масалаҳои калидии ҳамкории кишвари мо дар ҳошияи СҲШ изхор намуд. Роҳбарони ҳайатҳо инчунин лоиҳаи қарорҳое, ки ба баррасии ҷаласаи Шӯрои роҳбарони кишварҳои узви СҲШ июли соли ҷорӣ пешниҳод мегарданд, баррасӣ намуданд.

 

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj