Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Эрон

3 июни соли 2015 дар ҳошия иштирок дар кори ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ дар Москва Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Муҳаммад Ҷавод Ҷавод Зариф мулоқот намуд.

Раҳбарони идораҳои сиёсати хориҷии ду кишвар маҷмӯи васеи ҳамкориҳои дуҷонибаро дар партави мувофиқаҳое, ки миёни президентҳои Тоҷикистону Эрон ҳосил шуда буданд, мавриди баррасӣ қарор доданд.

С. Аслов ва Ҷавод Зариф ҳамчунин роҷеъ ба масоили мубрами минтақавӣ табодули афкор намуданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj