Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқот бо Вазири корҳои хориҷии Чин

4 июни соли 2015 дар Москва дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии кишварҳои узви СҲШ вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Мардумии Чин Ван И баргузор гардид.

Зимни суҳбат самтҳои асосии ҳамкориҳои Тоҷикистону Чин ва рафти татбиқи санадҳое, ки ба таҳкиму тавсеаи муносибатҳои стратегии ду кишвар дар арсаҳои мухталиф равона шудаанд, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҷонибҳо оид ба масъалаҳои мубрами минтақавию ҷаҳонӣ табодули назар карданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj