Тоҷикӣ | Русский | English  

Эълони баргузории брифинг

5 июни соли 2015 соати 14:00 дар бинои Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон брифинг барои намояндагони ВАО доир ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» 2005-2015, ки 9-11 июли соли 2015 дар ш. Душанбе барпо хоҳад гашт, доир мегардад.

Ба брифинг намояндагони воситаҳои ахбори оммаи дохилӣ ва хориҷӣ, ки барои инъикоси иттилоотии Конфронси мазкур аккредитатсия шудаанд, даъват карда мешаванд.

Зимни брифинг инчунин маводҳо роҷеъ ба Конфронси мазкур ва бейджҳо тақсим карда мешаванд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj