Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Вазири корҳои хориҷӣ бо Сафири Британияи Кабир

5 июни соли 2015 вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Сафири Британияи Кабир дар Душанбе Ҳю Филпотт баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Тоҷикистону Британияи Кабир, аз ҷумла дар соҳаи иқтисодӣ ва фарҳангӣ муҳокима гардиданд.

Ҳамзамон ҷонибҳо оид ба омодагӣ ҷиҳати баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷагирӣ аз татбиқи даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» мубодилаи афкор намуданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj