Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқот бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея

8 июни соли 2015 вохӯрии Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Корея Ли Тэхо, ки ҳайати ин кишварро дар Конфронси сатҳи баланд оид ба натиҷагирии Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 раҳбарӣ мекунад, баргузор гардид.

Роҳҳои татбиқи тавофуқоти дуҷониба, ки зимни сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Ҷумҳурии Корея моҳи апрели соли ҷорӣ ҳосил шуда буд ва инчунин масъалаҳои ҳамкории ду кишвар дар чорчӯби созмонҳои минтақавию байналмилалӣ, ба хусус СММ, мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj