Тоҷикӣ | Русский | English  

Иштироки Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон дар Форуми “Зан ва об”

8 июни соли 2015 дар Китобхонаи миллии Тоҷикистон дар арафаи баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои даҳсолаи байналмиламӣ амал “Об барои ҳаёт”, 2005-2015 Форуми “Зан ва об” доир гардид.

Дар рафти Форуми мазкур Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Озода Раҳмон Эмомалӣ иштирок ва суханронӣ намуд.

Чорабинии мазкур аз ҷониби Кумитаи занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо дастгирии иттиҳоди шарикон - Бонки аврупоии таҷдид ва рушд, ОКСФАМ, СММ - Занон (UN Women), Мушоракати ҷаҳонӣ дар соҳаи об (Global Water Partntrship), Занҳо-ҷонибдори мушоракати ҷаҳонӣ (Women for Warter Partntrship) гузаронида шуд.

Мақсади асосии баргузории чорабинии мазкур идомаи муколама роҷеъ ба саҳми зан дар идоракунии захираҳои обӣ, ки моҳи августи соли 2013 дар ш. Душанбе дар доираи Конфронси байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013 оғоз гардида буд, мебошад.

Дар форум намояндагони мақомоти давлатӣ, созмонҳои сарпараст, иттиҳоди истифодабарандогони об, обтаъминкунӣ ва беҳдошт аз Африка, Урдун, Ҷопон, кишварҳои Осиёи Марказӣ, Аврупо ва намояндагони ВАО ширкат варзиданд.

Матни суханронии Муовини якуми Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj