Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Муовини Дабири кулли СММ, Котиби иҷроияи ЭСКАТО

8 июни соли 2015 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Муовини Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид, Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодию иҷтимоии СММ барои кишварҳои Осиё ва Уқёнуси Ором (ЭСКАТО) хонум Шамшод Ахтар баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ЭСКАТО, аз ҷумла, дар  чаҳорчӯби Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ (СПЕКА) мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ҳамзамон ҷонибҳо оид ба омодагӣ ҷиҳати баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷагирӣ аз татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», ки 9 июни соли 2015  дар ш. Душанбе оғоз меёбад, мубодилаи афкор намуданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj