Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯриҳои Муовини вазири корҳои хориҷӣ

8 июни соли 2015 вохӯриҳои Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо роҳбарони ҳайатҳои Словакия ва Олмон - Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Словакия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иқоматгоҳ дар Тошканд Павол Иван ва Ваколатдор оид ба ҷаҳонишавӣ, сиёсати энергетикӣ ва иқлимӣ дар Вазорати федералии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Федеративии Олмон Эрнст Питер Фишер, ки ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015 ба Тоҷикистон ташриф овардаанд, баргузор гардиданд.

Дар рафти вохӯриҳо аҳамияти Конфронси мазкур барои ҳалли масъалаҳои умдаи ҷаҳони имрӯз таъкид гардида, cамтҳои ҳамкориҳо ва дурнамои густариши робитаҳо дар соҳаҳои мухталиф дар сатҳи дуҷониба, инчунин дар чаҳорчӯби Иттиҳоди Аврупоро барраcӣ шудаанд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj