Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқот бо Вазири давлатии корҳои хориҷии Бангладеш

8 июни соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов Вазири давлатии корҳои хориҷии Ҷумҳурии Халқии Бангладеш Муҳаммад Шаҳриёр Аламро, ки ҷиҳати иштирок дар Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015 дар Душанбе қарор дорад, ба ҳузур пазируфт.

Зимни суҳбат ҷонибҳо ҳолати муносибатҳои Тоҷикистону Бангладешро баррасӣ намуда, бар зарурати таҳкими робитаҳои байни вазоратҳои корҳои хориҷии ду кишвар ва тавсеаи ҳамкориҳои иқтисодию тиҷоратӣ, таъсиси корхонаҳои муштараки истеҳсолӣ таъкид намуданд.

Ҳамзамон дар атрофи ҳамкориҳо дар ҳошияи созмонҳои минтақавию байналмилалӣ табодули назар сурат гирифт.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj