Тоҷикӣ | Русский | English  

Роҷеъ ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015

Имрӯз, 9 июни соли 2015 дар шаҳри Душанбе Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015 кори худро оғоз менамояд, ки 10-11 июн идома хоҳад ёфт.

Конфронс бо суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ифтитоҳ мегардад. Дар чаҳорчӯби маросими ифтитоҳии Конфронс ҳамчунин Дабири Кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун, Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, Роҳбари Ҳукумати Иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло, Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Темир Сариев, Сарвазири Ҷумҳурии Габон Даниэл Она Ондо, Муовини аввали сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бахтижон Сагинтаев, Муовини раиси кабинети вазирони Туркманистон Аннагелд Язмуродов, Муовини Дабири Кулл/Мудири барномаи рушди СММ Ҳелен Кларк, Директори дафтари минтақавии СММ – Занҳо доир ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Ингибджорг Гисладоттир, толибаи синфи 8-и мактаби президентии байналмилалӣ (ш.Душанбе) Муҳаббатова Комила баромад хоҳанд кард.

Конфронс аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо сохторҳои СММ ва дигар шарикони рушд тибқи қатъномаи Маҷмаи Умумии СММ A/RES/69/215 аз 19 декабри соли 2014 баргузор мегардад.

Ҳадафи асосии конфронс – арзёбии пешрафти бадастомада ҳангоми татбиқи ҳадафҳои даҳсола ва муайян кардани кӯшишҳои минбаъда доир ба таъмини рушди устувори захираҳои об мебошад.

Конфронс зиёда аз 1500 ширкаткунандагонро бештар аз 100 кишвар ва минтақаҳои гуногуни олам, ки Ҳукумат, ниҳодҳои СММ, созмонҳои байналмилалӣ, ҷомеаи шаҳрвандӣ ва дигар ҷонибҳои манфиатдорро муаррифӣ мекунанд, ҷамъ овардааст.

Дар кори конфронс сарвазирон, муовинони сарвазирон, вазирон, муовинони вазирон ва дигар сатҳҳои баландмақом ширкат хоҳанд варзид.

Дар чаҳорчӯби Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015  6–8 июни соли ҷорӣ чор чорабинии пеш аз конфронсӣ, ба монанди Форуми об вобаста ба кӯдакон, Форуми “Об ва зан”, Форуми оби кишварҳои кӯҳӣ, Форуми оби кишварҳои камтараққикарда ва кишварҳои ҷазиравии рӯ ба инкишоф доир карда шуданд.

Дар чаҳорчӯби конфронс 9-10 июни соли 2015 ду ҷаласаи сатҳи баланд роҷеъ ба татбиқи Даҳсола, шаш мизи мудаввари сатҳи баланд доир ба муҳокимаи амалҳои минбаъда барои азхудкунии устувори захираҳои об, ҳамчунин 9 чорабинии мавзӯӣ, намоиши байналмилалии “Об барои ҳаёт” гузаронида мешаванд.

Барномаи конфронс.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj