Тоҷикӣ | Русский | English  

Ифтитоҳи Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», 2005-2015

Субҳи имрӯз, 9 июни соли 2015 дар Кохи Сомони бустонсарои шаҳрии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар солҳои 2005-2015 ба кор худ оғоз намуд.

Хотиррасон бояд намуд, ки барои иштирок дар ин конфронс беш аз 1500 нафар зиёда аз 100 кишвари ҷаҳон ва даҳҳо созмонҳои байналмилалию минтақавӣ, аз ҷумла ба Тоҷикистон ташриф овардаанд.

Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт» дар солҳои 2005-2015 таҳти раёсати Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов ва бо суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон оғоз ёфт.

Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон натиҷаҳои ҷараёни иҷрои нишондодҳои даҳсолаи байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт”-ро баррасӣ намуда, ҳамзамон пешниҳод намуд, ки барои 10 соли оянда даҳсолаи нави байналмилалӣ таҳти шиори “Об барои рушди устувор” эълон карда шавад.

Дар навбати дуюм дар конфронс Дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид Пан Ги Мун сухан ронда, аз ҷумла ба ташаббусҳои Тоҷикистон ва пешсафии он дар баррасии глобалии масоили вобаста ба об баҳои баланд дод ва пешниҳоди навбатии Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмонро барои эълони даҳсолаи нави байналмилалӣ таҳти шиори “Об барои рушди устувор” дастгирӣ намуд.

Дар маросими ифтитоҳии Конфронс ҳамчунин Сарвазири Ҷумҳурии Исломии Покистон Муҳаммад Навоз Шариф, Сарвазири Ҷумҳурии Қирғизистон Темир Сариев, Роҳбари Ҳукумати Иҷроияи Ҷумҳурии Исломии Афғонистон доктор Абдулло Абдулло, Сарвазири Ҷумҳурии Габон Даниэл Она Ондо, Муовини аввали сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Бахтижон Сагинтаев, Муовини раиси кабинети вазирони Туркманистон Аннагелди Язмуродов, Муовини Дабири Кулл/Мудири барномаи рушди СММ Ҳелен Кларк, Вазири энергетикаи Ҷумҳурии Демократии Конго Матади Ненга, Директори дафтари минтақавии СММ – Занҳо доир ба Аврупо ва Осиёи Марказӣ Ингибджорг Гисладоттир, хонандаи синфи 8-и мактаби президентии байналмилалӣ (ш.Душанбе) Комила Муҳаббатова сухан ронданд.

Зимни суханрониҳои иштирокдорони воломақоми конфронс ташаббусҳои арзишманди Тоҷикистон, аз ҷумла пешниҳоди навбатии Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон доир ба эълони даҳсолаи нави байналмилалӣ таҳти шиори “Об барои рушди устувор” мавриди пуштибонӣ қарор гирифт.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj