Тоҷикӣ | Русский | English  

Вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷӣ бо Намояндаи махсуси САҲА

9 июни соли 2015 вохӯрии Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Парвиз Давлатзода бо Намояндаи махсус ва ҳамоҳангсози Созмони амният ва ҳамкорӣ дар Аврупо (САҲА) оид ба масъалаҳои мубориза бо муқобили хариду фурӯши одамон Сафир Мадина Ҷарбусинова, ки ба Тоҷикистон бо мақсади гузаронидани вохӯриҳо бо намояндагони сохторҳои давлатӣ, ҷамъиятӣ ва созмонҳои байналмилалие, ки дар соҳаи мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолият менамоянд, баргузор гардид.

Дар рафти вохӯрӣ масъалаҳои муайян намудани таҷрибаи мусбии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар  мубориза ба муқобили хариду фурӯши одамон, ҷараёни татбиқи Нақшаи амали САҲА оид ба хариду фурӯши одамон мавриди барраcӣ қарор гирифтанд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj