Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқот бо Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии СММ

10 июни соли 2015 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Котиби иҷроияи Комиссияи иқтисодии Созмони Милали Муттахид (СММ) барои Аврупо (UNECE) Кристиан Фрис Бах баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва UNECE, аз ҷумла, дар  чаҳорчӯби Барномаи махсуси СММ барои иқтисодиёти кишварҳои Осиёи Марказӣ (СПЕКА) мавриди муҳокима қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, ҷонибҳо оид ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷагирӣ аз татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», ки айни замон  дар ш. Душанбе баргузор гардида истодааст, мубодилаи афкор намуданд.

 

 

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj