Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо Мудири Раёсати СММ оид ба ҳамоҳангии масъалаҳои гуманитарӣ

10 июни соли 2015 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Мудири  Раёсати СММ оид ба ҳамоҳангии масъалаҳои гуманитарӣ (ОСНА) дар Женева Рашид Халиков баргузор гардид.

Зимни мулоқот масъалаҳои муносибатҳои дуҷонибаи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва ОСНА дар соҳаи масъалаҳои башардӯстона мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

Ҳамзамон, ҷонибҳо оид ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд оид ба натиҷагирӣ аз татбиқи Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», ки айни замон  дар ш.Душанбе баргузор гардида истодааст, мубодилаи афкор намуданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj