Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Муовини Вазири корҳои хориҷӣ бо Ноиби Президенти Бонки Аврупоии сармоягузорӣ

11 июни соли 2015 мулоқоти Муовини вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Низомиддин Зоҳидӣ бо Ноиби Президенти Бонки сармоягузории Аврупо Вилҳелм Молтерер баргузор гардид.

Дар ҷараёни мулоқот масъалаҳои вобаста ба сатҳи кунунӣ ва рушди минбаъдаи ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки аврупоии сармоягузорӣ дар татбиқи тарҳҳои сармоягузорӣ дар соҳаҳои энергетика, кишоварзӣ, истифодаи самараноки захираҳои обӣ ва бахусус иҷрои тарҳҳои минтақавӣ мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj