Тоҷикӣ | Русский | English  

Изҳори сипос ба хабарнигорон ва роҳбарони ВАО

Раёсати иттилоот, матбуот, таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷӣ ба ҳамаи ҳамкасбон - хабарнигорон ва роҳбарони ВАО, ки дар маъракаи ҷараёни баргузорӣ ва инъикоси Конфронси сатҳи баланд вобаста ба натиҷаи татбиқи  Даҳсолаи  байналмилалии амалиёти “Об барои ҳаёт“ 2005-2015, ки 9-11 июни соли ҷорӣ дар шаҳри Душанбе баргузор гардид, саҳми арзанда гузоштанд, изҳори сипос менамояд.

Боиси зикр аст, ки маҳз бо гузоришҳои саривақтӣ ва воқеъбинонаи шумо ба тавфиқи кори конфронс мусоидат намуда, мавқеи созандаи Тоҷикистони азизамонро дар ҳаллӣ масъалаҳои об дар арсаи ҷаҳонӣ собит намуданд.

Ба умеди ҳамкориҳои минбаъда дар ҷодаи баланд бардоштани обрӯю нуфузи кишварамон дар арсаи байналмилалӣ ба шумо муваффақиятҳои нав ба нави эҷодӣ орзумандем! 


Раёсати иттилоот, матбуот,таҳлил ва тарҳрезии сиёсати хориҷии Вазорати корҳои хориҷӣ

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj