Тоҷикӣ | Русский | English  

Ҷаласаи Кумитаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо

10 июни соли 2015 дар шаҳри Брюссел ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти роҳбарии Муовини якуми Вазири рушди иқтисод ва савдо Саидраҳмон Назриев дар ҷаласаи чоруми Кумитаи ҳамкорӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо иштирок намуд.

Зимни ҷаласаи Кумита ҷонибҳо масъалаҳои татбиқи Стратегияи Иттиҳоди Аврупо дар Осиёи Марказӣ, рушди муносибатҳои дуҷонибаи иқтисодӣ миёни Тоҷикистон ва Иттиҳоди Аврупо, энергетика ва савдо, татбиқи лоиҳа ва барномаҳои ИА дар Тоҷикистонро баррасӣ намуда, инчунин роҷеъ ба фаъолияти ҷумҳурӣ дар доираи СУС ва самтҳои рушди ҳамкории минтақавӣ мубодилаи афкор намуданд.

 

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj