Тоҷикӣ | Русский | English  

Машваратҳои дуҷониба миёни Иёлоти Муттаҳидаи Амрико ва Ҷумҳурии Тоҷикистон

16 июни соли ҷорӣ дар Департаменти давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико дар Вашингтон 5-умин Машваратҳои дуҷонибаи солона миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Иёлоти Муттаҳидаи Амрико доир гардиданд. Ҳайати Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар машваратҳо Вазири корҳои хориҷии кишвар Сироҷидин Аслов роҳбарӣ намуд.

Ба ҳайати кишвари мо дар машваратҳои мазкур инчунин Муовини якуми вазири рушди иқтисод ва савдо Саидраҳмон Назриев, Раиси Кумита оид ба масъалаҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Сулаймон Давлатзода ва дигар намояндагони воломақоми ҷумҳурӣ шомил гаштанд.

Ҳайати Иёлоти Муттаҳидаи Амрикоро дар чорабинӣ Ёвари котиби давлатии ИМА хонум Ниша Десай Бисвал роҳбарӣ намуд. Ҷониби ИМА инчунин аз намояндагони Шӯрои амнияти миллӣ,  Департаменти тиҷорат, Департаменти меҳнат, Агентии ИМА оид ба рушди байналмилалӣ ва дигар мақомотҳои расмӣ иборат буд.

Зимни машваратҳо ҷонибҳо доираи васеи масъалаҳои марбут ба ҳамкории ду кишвар дар соҳаҳои сиёсат, иқтисодиёт, энергетика ва сармоягузориро муҳокима намуданд. Инчунин табодули назар оид ба ҳамкории кишварҳо дар масъалаҳои амниятӣ, озодии дин ва ВАО ва ҳуқуқи инсон сурат гирифт.

17-уми июни соли ҷорӣ мулоқотҳои алоҳидаи ҳайати кишвар бо намояндагони воломақоми ИМА дар назар аст.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj