Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Тоҷикистон бо Муовини Котиби давлатии ИМА

17 июни соли 2015 дар Котиботи давлатии Иёлоти Муттаҳидаи Амрико мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Муовини Котиби давлатии ИМА Энтони Блинкен доир гардид.

Дар ҷараёни мулоқот ҷонибҳо масъалаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ-тиҷоратӣ, энергетикӣ, ҳуқуқи инсон, амнияти минтақавӣ ва талошҳои дуҷонибаро дар ин самтҳо муҳокима намуданд.

Зимни мулоқот инчунин натиҷаи 5-умин Машваратҳои дуҷонибаи солона миёни кишварҳо муҳокима гардид.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj