Тоҷикӣ | Русский | English  

Тоҷикистон ташаббускори масъалаҳои обӣ

16 июни соли 2015 дар Кумитаи иҷроияи ИДМ дар ш. Минск ҷаласаи навбатии Шӯрои намояндагони доимӣ ва ваколатдори кишварҳои аъзои ИДМ баргузор гардид.

Дар ҷаласаи мазкур, ки дар он намояндагони ваколатдори ҳамаи кишварҳои аъзои ИДМ иштирок намуданд, як қатор масъалаҳо баррасӣ гаштанд, аз ҷумла, натиҷаи Ҷаласаи шӯрои раисони ҳукуматҳои кишварҳои узви ИДМ ва вазифаҳои Шӯрои намояндагони доимӣ ва ваколатдор ва Кумитаи иҷроияи ИДМ оид ба иҷроиши ҳуҷҷатҳои қабулгардида, маълумотномаи Ректори муассисаи таълимии “Донишкадаи ҷумҳуриявии маълумоти олӣ”-и Ҷумҳурии Беларус – ташкилоти базавии кишварҳои иштирокчии ИДМ оид ба такмили ихтисоси кадрҳо дар сохтори тахассусӣ-техникӣ ва миёнаи махсус шунида шуд.

Дар рафти чорабинии мазкур Намояндаи доимӣ ва ваколатдори Ҷумҳурии Тоҷикистон  дар ИДМ ва дигар сохторҳои он Қозидавлат Қоимдодов ба ҳамтоёни худ оид ба Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба ҷамъбасти раванди татбиқи амалии Даҳсолаи байналмилалии амалиёти «Об барои ҳаёт», 2005-2015, ки аз 9 то 11 июни соли ҷорӣ дар ш. Душанбе баргузор шуда буд, маълумот дод.

Дар баромади худ Қ. Қоимдодов таъкид намуд, ки ташаббуси нави Президенти Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар бораи эълон намудани даҳсолаи нави байналмилалӣ “Об барои рушди устувор”, ки аз ҷониби иштирокчиёни форуми Душанбе дастгирӣ ёфт, такони нав барои иҷрои масъалаҳои ҳаётан муҳим медиҳад.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj