Тоҷикӣ | Русский | English  

“Рӯзи Сафоратҳо” дар шаҳри Сеул

19-21 июни соли 2015 дар яке аз майдонҳои марказии шаҳри Сеул – Квангҳамун бо ибтикори ҷамъияти “World Masters Committee”, ва бо дастгирӣ ва иштироки беш аз 70 намояндагиҳои дипломатии муқими кишвари иқомат “Рӯзи Сафоратҳо” баргузор гардид.

Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон бори нахуст дар ин чорабинӣ иштирок карда, дар гӯшаи худ ба меҳмонони дохиливу хориҷӣ китобҳо доир ба таъриху фарҳанги мардуми тоҷик, намунаҳои либосҳои мардумӣ, асарҳои кулолӣ, заргарӣ, асбобҳои мусиқӣ, маводи таблиғотӣ оид ба имкониятҳои сайёҳии Тоҷикистон, манзур намуда, филми мустанадро дар бораи мавзеъҳои таърихиву сайёҳии кишвар ва дастовардҳои Тоҷикистон дар даврони Истиқлолият пешкаши меҳмонон гардонид. Барои меҳмонон ҳамчунин дастархон бо таомҳо ва шириниҳои миллӣ ороста шуд.  

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj