Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Дабири кулли Созмони Ҳамкории Исломӣ

17 июни соли 2015 дар шаҳри Ҷидда мулоқоти Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Шоҳигарии Арабистони Саудӣ Азамшо Шарифӣ бо Дабири кулли Созмони Ҳамкории Исломӣ (СҲИ) Иёд Амин Маданӣ доир гардид.

Дар рафти мулоқот А. Шарифӣ нусхаи асли эътимодномаҳои худро ба ҳайси Намояндаи доимии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар назди Созмони Ҳамкории Исломӣ ба Дабири кулли Созмон супурда, бо қадрдонӣ аз ҷойгоҳи афзоишёбандаи СҲИ дар ҷодаи ҳифзи сулҳу субот дар минтақаи фарохи ҷаҳони ислом, ҳамчунин тавсеаи ҳамкориҳои гуногунҷанбаи иқтисодию иҷтимоӣ ва гуманитариву фарҳангӣ миёни кишварҳои аъзои он ширкати фаъоли ҷониби Тоҷикистонро дар умури он ба ҳайси яке аз самтҳои муҳими сиёсати хориҷии кишвар арзёбӣ кард.

Дабири кулли СҲИ дар навбати худ дастгирии доимии Ҷумҳурии Тоҷикистонро аз барномаҳо ва фаъолияти гуногунҷанбаи Созмон қадрдонӣ намуда, омодагии онро ҷиҳати рушди ҳамкорӣ бо Тоҷикистон дар ҳаллу фасли масъалаҳои мавриди таваҷҷӯҳи тарафайн таъкид кард.

Дар фарҷоми сӯҳбат ҷонибҳо ҷиҳати идомаи амалҳои муштарак ва доир намудани машваратҳои доимӣ бо мақсади таҳкими минбаъдаи ҳамёрии ҷонибҳо дар соҳаҳои мухталифи ҳамкориҳо ба мувофиқа расиданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj