Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқоти Вазири корҳои хориҷӣ бо вакилони Асамблеяи парлумонии СААШ

22 июни соли 2015 мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо вакилони Ассамблеяи парлумонии Созмони Аҳдномаи Атлантикаи Шимолӣ (СААШ) таҳти роҳбарии Раиси Кумитаи ҷанбаи шаҳрвандии амниятии Ассамблеяи мазкур Виталино Канас баргузор шуд.

Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъи кунунӣ ва дурнамои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо миёни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва кишварҳои аъзои СААШ-ро мавриди муҳокима қарор доданд.

Дар рафти мулоқот тарафҳо инчунин, доир ба масъалаҳои мубрами рӯз дар сатҳи минтақавӣ ва байналмилалӣ, аз ҷумла мубориза бар зидди терроризм, ифротгароӣ, қочоқи ғайриқонунии маводи мухаддир, вазъият дар Афғонистон ва таҳкими сулҳу субот дар он кишвар табодули назар намуданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj