Тоҷикӣ | Русский | English  

Комиссияи байниҳукуматии Тоҷикистон ва Ӯзбекистон

23 июни соли 2015 дар шаҳри Тошканд ҷаласаи сеюми Комиссияи байниҳукуматии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Ӯзбекистон оид ба ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ бо роҳбарии ҳамраисони он Комиссия муовини якуми Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Давлаталӣ Саид, ва муовини якуми Сарвазир, Вазири молияи Ҷумҳурии Ӯзбекистон Рустам Азимов баргузор гардид.

Намояндагони вазорату идораҳои Тоҷикистону Ӯзбекистон, масъули соҳаҳои сиёсати хориҷӣ, рушди иқтисод ва савдо, саноат, нақлиёт ва ғайра дар кори ҷаласа иштирок намуданд.

Ҷонибҳо масъалаҳои муҳимми муносибатҳои дуҷониба, аз он ҷумла ҳолат ва дурнамои ҳамкориҳои тиҷоратию иқтисодӣ, тавсеаи минбаъдаи пояи ҳуқуқию шартномавӣ, рушди ҳамкориҳо дар соҳаи нақлиёту коммуникатсия ва робитаҳо миёни хадамоти гумрукиро мавриди баррасӣ қарор доданд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj