Тоҷикӣ | Русский | English  

Мулоқот бо Ҳамоҳангсози доимии СММ дар Тоҷикистон

24 июни соли 2015 Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Ҳамоҳангсози доимии Созмони Милали Муттаҳид ва Намояндаи доимии Барномаи рушди СММ (БРСММ)  дар Тоҷикистон Александр Зуев мулоқот кард.

Зимни мулоқот масъалаҳои ҳамкориҳо миёни Тоҷикистон ва сохторҳои СММ, аз ҷумла татбиқи лоиҳаҳо ва барномаҳои БРСММ дар Тоҷикистон дар соли 2015 ва натиҷаҳои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт», 2005-2015 (Душанбе, 9-11 июни 2015) мавриди баррасӣ қарор гирифтанд.

© 2019 Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон
© 2019 Суроға: Ҷумҳурии Тоҷикистон, 734001, Душанбе, кӯчаи Шероз 33
тел: (992 37) 2210551 (шӯъбаи умумӣ), (992 37) 2211808 (қабулгоҳ)
факс: (992 37) 2210259 E-mail: info@mfa.tj